Маноқиби Имоми Аъзам(р)
Муаррифии китоб
Мавҷудияти кутуби бисёре, ки дар сифот ва корномаи зиндагии аиммаи мазоҳиб, аҳли тасаввуф ва ғайра далели он аст, ки мардуми мусалмон дар баробари ошноӣ бо ин шахсиятҳои хориқулода ва ақоиди эшон таълимоти онҳоро нардбоне ба сӯи Худованд ва суннати Расули гиромӣ медонистанд.
Имоми Аъзам ҳам аз зумраи он нухбагонеанд, ки дар бораашон маноқиби зиёде навишта шудааст.
Ин китоб аз асарҳои илмии ҷиддӣ дар шинохти шахсият ва мазҳаби Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит мебошад, ки фаъолияти гуногунҷанбаи эшонро бо равиши илмӣ пайгирӣ намудааст.
Китоб барои муҳаққиқон ва тамоми дӯстдорони илму фарҳанги исломӣ ва доираи васеи хонандагон тақдим мегардад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн