Мардуми Яман дар аҳдофи худ устувортар шудаанд

Таҳлили хабарӣ

Мардуми Яман дар аҳдофи худ устувортар шудаанд

Инак, тамоми манофеи Омрико ва Англис ба аҳдофи машрӯъ табдил шудааст

Farsnews

Ёддошти Ҳусейни Шариатмадорӣ

“Бархе аз таҳлилгарони ғарбӣ мӯътақиданд, ки ҳамалоти Омрико ва Ангилис ба Яман, бо ҳадафи таҳтушшуо қарор додани натиҷаи Додгоҳи Лоҳа (Гаага) сурат пазируфтааст. Бо ин тавзеҳ, ки санадҳои ҳикояткунанда аз ҷиноёти ҷангии Исроил ба ин додгоҳи байналмилалӣ, ки аз сӯйи кишвари Офриқои Ҷанубӣ ироа шудааст ба андозае гӯёст, ки маҳкумияти режими саҳюнистӣ дар он қатъӣ хоҳад буд…”

Ёддошти бисёр хонданӣ аз Ҳусайни Шариатмадорӣ, сардабири рӯзномаи Кайҳони Эрон:

“1) Дирӯз Бен Роудс, муовини собиқи амнияти миллии давлати Убомо, дар вокуниш ба ҳамлаи низомии Омрико ва Англис ба Яман, хитоб ба ин ду кишвар гуфт: “Вақте бо эътилофи чандинсола натавонистед Яманро шикаст бидиҳед, бо ин ҳамалоти ҳавоӣ дунболи чӣ ҳастед ва чӣ коре аз шумо сохтааст?!” Ишораи ӯ ба эътилофи пешини 17 кишвар алайҳи Яман аст, ки ба иддаои артиши Арабистон (дар оғози даргирӣ) қарор буд зарфи 3 рӯз ва ё ҳаддиаксар як ҳафта, муқовамати Яманро дарҳам шиканд. Вале он ҷанги тамомаёр беш аз 8 сол ба дарозо кашид ва эътилофи ёдшуда, ки Арабистон ва Аморот ду узви аслии он буданд, маҷбур ба ақибнишинӣ шуда ва ба оташбас рӯй оварданд.

Гуфтанист, ки дар эътилофи шикастхӯрдаи қаблӣ, бар хилофи эътилофи ахир, Омрико ва Ангилис ва Исроил, ҳузури худро дар эътилоф расман эълом накарда буданд, вале дар эътилофи ахир ошкоро ва бепарда вориди корзор шудаанд. Ҳузури алании онҳо дар эътилофи ҷадид ҷабҳаи тозае пеш рӯи Яман гушудааст ва аз ин рӯй муқовамати Яман эълом кард, тамоми манофеъи Омрико ва Ангилис ба аҳдофи машрӯъи мо табдил шудааст.

2) Омрико ва Англис дар муқоиса бо эътилофи қаблӣ аҳдофи тозае барои ҳамла ба Яман дар ихтиёр надоранд, вале манофеъи фаровон ва пуршумори онҳо дар минтақа метавонад аҳдофи роҳбурдии хасоратофарин ва шиканандае барои ҳамалоти мушакӣ, паҳподӣ, нуфузӣ ва ғайраи нерӯҳои муқовамати Яман бошад. Ба унвони намуна, новгони панҷуми дарёии Омрико дар савоҳили Баҳрайн мустақар аст. Фосилаи ҳавоии Яман то маҳалли истиқрори ин новгон, камтар аз 1400 километр аст.

Ин новгон ба осонӣ метавонад яке аз аҳдофи мушакҳои болистик ва паҳподҳои инфиҷории муқовамати Яман бошад. Гуфтанист, ки фосилаи ҳавоии бандари тиҷории Илот дар ҷануби Фаластини ишғолӣ то Яман наздик ба 2000 километр аст. Шаҳри бандарии Илот баъд аз ҷанги Ғазза, мавриди ҳамлаи мушакии муқовамати Яман қарор гирифтааст ва имрӯза ба гӯшае табдил шуда ва сокинони саҳюнисти он ин шаҳрро тарк кардаанд.

Бо муқоисаи фосилаи 2 ҳазор километрии бандари Илот бо Яман, ҳамла ба новгони панҷуми дарёии Омрико дар савоҳили Баҳрайн, ки дар фосилаи ҳавоии камтар аз 1400 километрии Яман қарор дорад, ба осонӣ имконпазир аст. То кунун муқовамати Яман ба киштиҳои ҳомили сӯхт ва коло барои режими саҳюнистӣ ҳамла мекард, вале аз ин пас тамоми киштиҳо ва шиноварҳои вобаста ба Омрико, Ангилис ва соири кишварҳои узви эътилофи ахир сарфи назар аз маҳмулае, ки ҳамл мекунанд низ ба аҳдофи машрӯи муқовамати Яман табдил шудаанд. Дирӯз Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви дафтари сиёсии Санъо таъкид кард, ки “Омрико ва Англис бо ин ҳамла, худашонро аз ҳаракат дар баҳри Сурх ва Бобулмандиб маҳрум карданд”.

3) Нукоти фавқ аз диду нигоҳи бисёре аз расонаҳо ва соҳибназарони ғарбӣ низ пинҳон намондааст, ки аз он миён ба нақли чанд намуна басанда мекунем.

– Дэниел Д. Патрис, таҳлилгари маъруфи Chicago Tribune менависад: “Давлати Бойден бо ҳамла ба аҳдофи Ҳусиҳо дар Яман, худзанӣ кардааст… Ҳар чӣ Иёлоти Муттаҳида истифодаи бештаре аз гузинаи зӯр кунад, эҳтимоли бештаре вуҷуд дорад, ки Ҳусиҳо бо ҳамалоти густурдае посух диҳанд…”

– Як мақоми низомии Омрико, ки намехоҳад номаш фош шавад, ба рӯзномаи Wall Street Journal гуфтааст: “Наметавонем Яманро шикаст бидиҳем… Пеш аз ин ҳам нотавонӣ дар муқобила бо Ансоруллоҳро таҷриба кардаем”.

– Рӯзномаи New York Times ба шароити бӯҳронии Омрико ишора карда ва бо ибрози нигаронӣ аз густариши ҷанг менависад: “Ин ҳамалот, боздоранда нест ва бими он меравад ҳамалот ба Яман боиси идомаи даргирӣ байни нерӯҳои яманӣ ва нерӯи дарёии Омрико шавад”.

– Сойти хабарии Daily Mail таъкид мекунад, ки: “Ғарб ҳазинаи сангине хоҳад дод”.

– Хабаргузории омрикоии Bloomberg ҳамлаи Омрико ва Англис ба Яманро “қимори бузург” номида ва менависад: “Муқобала бо Санъо ва боздоштани он аз ҳамла ба киштиҳо, кори осоне нест…”

4) Бархе аз таҳлилгарони ғарбӣ мӯътақиданд, ки ҳамалоти Омрико ва Англис ба Яман, бо ҳадафи таҳтушшуъо қарор додани натиҷаи Додгоҳи Лоҳа (Гаага) сурат пазируфтааст. Бо ин тавзеҳ, ки асноди ҳокӣ аз ҷиноёти ҷангии Исроил ба ин додгоҳи байналмилалӣ, ки аз сӯйи кишвари Офриқои ҷанубӣ ироа шудааст, ба андозае гӯёст, ки маҳкумияти режими саҳюнистӣ дар он қатъӣ хоҳад буд ва Омрико ва муттаҳидони урупоияш бо ҳамла ба Яман дар пайи онанд, ки ин маҳкумиятро дар афкори умумии ҷаҳониён таҳтушшуои ҳамлаи ёдшуда қарор бидиҳанд.

Ин дидгоҳ агарчӣ баъид нест, ки бахше аз воқеиятро дар худ дошта бошад, вале бо бисёре аз шавоҳид ва қароини дигар ҳамхонӣ надорад, чаро ки расвоии режими кӯдаккуши Исроил ба гунае ҳайратангез дар сатҳи густурдае аз афкори умумии ҷаҳониён роҳ ёфтааст, то он ҷо, ки ҳамарӯза илова бар ҷаҳони ислом, дар Омрико ва бисёре аз кишварҳои урупоӣ шоҳиди тазоҳуроти чандсад ҳазор нафара ва баъзан миллионӣ ба дифоъ аз мардуми мазлуми Ғазза ва алайҳи ҷиноёти ваҳшиёнаи Исроил ва давлатҳои ғарбӣ ҳомии ин режим ҳастем.

Бадеҳӣ аст, ки натиҷаи Додгоҳи Гаага ҳар чи бошад, наметавонад тӯфони хашми мардуми ҷаҳон аз Исроил ва ҳомиёнаш, ба вежа Омрико ва Ангилисро таҳтушшуъо қарор диҳад.

5) Ҳамалоти пай дар пай ва беамони Яман ба бандари Илот, (ки бар асоси як хабари мувассақ, дар ояндае на чандон дур манотиқ ва шаҳрҳои дигаре аз Фаластини ишғолиро ҳам шомил мешавад) ва низ ҳамла ба киштиҳои ҳомили коло ва сӯхт барои режими саҳюнистӣ, ношӣ ва бархоста аз руҳияи инсондӯстонаи исломӣ ва хашми муқаддаси мардуми фидокор ва эсоргари Яман дар дифоъ аз мардуми мазлуми Ғазза аст. Ҳамалоти дирӯзи Омрико ва Ангилис ба Яман, ки дар ҳимоят аз ҷиноёт ва наслкушии саҳюнистҳо сурат пазируфт, на фақат камтарин осебе ба руҳияи инқилобӣ ва руҳи баланди мардуми Яман ворид накардааст, балки тамоми шавоҳиди маҳсус ва малмус ҳикоят аз он доранд, ки мардуми салаҳшӯр ва ғаюри Яманро барои идомаи роҳе, ки дар пеш гирифта буданд мусаммамтар кардааст.

Дирӯз, соатҳое пас аз ҳамлаи Омрико ва Ангилис ба Яман, мардуми инқилобӣ ва худоҷӯйи ин кишвар бо ҳузури ҳамосӣ ва чандмиллионии худ (фақат) дар Санъо, хостори идомаи набард бо кишварҳои ғарбӣ ва ибрӣ ва арабии ҳомии режими саҳюнистӣ шуданд…”

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бедҳо ғазал гуфтанд
Муқовамати Ироқ дар интиқом аз ҳамлаи Омрико ва Англис ба Яман, ба Исроил ҳуҷум кард

Матолиби пурбоздид