Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем…
Гилояҳои ғайрихасмонаи ман аз ҷаноби Кабирӣ
Пас аз ҳудуди беш аз ҳафтод сол озору азияту заҷри мардуми мазлуми Фаластин, тоза чанд солаке мешавад, ки ин мардуми заҷрдида, аз партоби санг, ба истифода аз силоҳи гарм ва ахиран ҳам ба истифода аз мушак, алайҳи режими ғосиби саҳюнистии “Исроил” даст задаанд.
Ҳамалоти Тӯфони Ақсо нишон дод, ки қудрати пӯшолии “Исроил” ва таблиғоти расонаӣ, аз нисбат додани унвони “чаҳорумин қудрати низомии ҷаҳон”, ба артиши ин режим, дурӯғе беш набудааст. Зеро ин амалиёт хеле чизҳоро ошкор сохт. Ошкор сохт, ки режими саҳюнистӣ ҳам аз назари иттилоотӣ, ҳам аз назари дифоӣ, омодагии муқовимат дар баробари ҳамалоти ҳавоии мардумони дар ҳасри минтақаи маҳрум, ҳамчун Ғаззаро надоштааст, то чӣ расад, ба ҳаракатҳои низомӣ ва иттилоотии ҷиддитар.
Албатта пас аз амалиёти муваффақи Тӯфони Ақсо, режими хунхор ва кудаккуши саҳюнистӣ ҳортар шуд ва даст ба ҷиноёти ваҳшиёна ва бисёр сангини ҷангӣ зад ва боризтарин намунаи он, ҳамла ба бемористони Ал-Маъмадонии Ғазза ва дар чанд соат ба шаҳодат расондани беш аз ҳазор нафар инсони бегуноҳ гардид.
Дар паи ин ҳамлаи ваҳшиёнаи режими “Исроил”, аз ҳамон лаҳзаҳои авввал, бештари сиёсатмадорон, ҳаракатҳои сиёсӣ ва иҷтимоии исломӣ ва ҳатто ғайриисломӣ, паёмҳои рӯшан ва кубандаи худро расонаӣ карданд ва ин иқдоми ваҳшиёна ва ҷинояти ҷангиро маҳкум намуданд. Шояд гуфта шавад, ки аз маҳкум намудану паём доданҳо чӣ суде оиди мардуми мазлум ва ҷабрдидаи Ғазза ва Фаластин мешавад?
Дар посух фақат метавон ёдоварӣ намуд, ки ин иқдом, аввалан марҳаме хоҳад буд бар дилу дидагони бозмондагони хонаводаҳои шуҳадои мазлуми ҳамлаи террористӣ ва ҷиноятмаобонаи бемористони Маъмадонӣ ва сониян рӯшан шудани мавзеи шахсиятҳо, қудратҳо, давлатҳо, ҳаракатҳои ҳизбию сиёсӣ сабаб мешавад, ки қишрҳои хомӯш ва хокистарии ҷомеаҳои инсонӣ – аз исломӣ ва ғайриисломӣ, таҳрик бишаванд ва ба ин ҳаракати мубораки инсонӣ бипайванданд.
Гузашта аз ин ки бархе ҳаракатҳо ва аҳзоби сиёсӣ табиатан пайравон, дӯстдорон, ҳомиёни пинҳону ошкор ва ниҳоят мунтақидоне доранд, ки мунтазири аксуламали расмӣ дар баробари ҳамчун рухдодҳои азим ва торихӣ ҳастанд, ки бубинанд, фалон сиёсатмадор ва фалон ҳаракат ва ҳизб чӣ мавзее дар баробари ин фоҷеаи инсонӣ аз худ буруз дод, то дар оянда дар баробари ин ҳаракат ва шахсияти маъруфи хос, муносибат ва рафтори рӯшантаре иттихоз намоянд.
Гузашта аз инҳо, ёдамон наравад, ки мафҳуми инсон будану инсоният ва арзишҳои волои инсонӣ ва башарӣ, ҳануз ҷойгоҳи худро дар ҷомеаҳо ва азҳони мардумони олам, аз даст надодааст.
Ба ҳамин хотир аст, ки бисёре аз риҷол ва ниҳодҳои соҳиби ҷойгоҳҳои вижа ва хоссу таъсиргузор, паёмҳои худро дар ҳамон сооти аввалия ба самъу назари ҷаҳониён расонданд, ки дар байни онҳо, давлатҳои ғарбию шарқӣ, диндору секулор, афроди ҳақиқию ҳуқуқӣ ва мусалмону ғайримусалмон мушоҳида мешуданд.
Ва хабари хуб дар ин рӯзҳои мусибатбор барои мусалмонон, бавижа мусалмонони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ва ҳатто кишварҳои собиқ Шӯравӣ, ки чашмашон ба даҳони руасои ҲНИТ духта шудааст, ин буд, ки билахира дирӯз паёми дерҳангоми Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон расонаӣ шуд, ки ҷои тақдиру ташакур дорад. Агар касе фикр кунад, ки ҲНИТ ва паёму маҳкумсозии он, як амри беаҳамият аст, башиддат иштибоҳ мекунад. Ман инро на аз рӯи таассуб ба ҲНИТ, (ки албатта худам ҳеч вақт расман узви ин ҳизби сиёсӣ ҳам набудам), балки ба унвони мушоҳидагари масоили сиёсӣ ва рухдодҳои иҷтимоии ҷаҳони имрӯз арз мекунам.
Ва чун ин ҳизб аз ҳамчунин ҷойгоҳе бархурдор аст ва ин ҷойгоҳ имрӯз бар касе пӯшида нест, гилоя аз руасо ва раҳбарони ин ҳаракати сиёсии исломӣ ва шахси Шумо, ҷаноби Устод Кабирӣ, ба унвони раиси ҳизб, комилан баҷо хоҳад буд; ки Шумо, ки дам аз исломӣ ва исломгаро будан мезанед, Шумо, ки ифтихоратон собиқаи дӯстӣ бо пешгомони наҳзатҳои исломии минтақа, бахусус Ҳамос ва шахсиятҳое ҳамчун Холид Машъал буд ва гузашта аз инҳо, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки як ҳаракати сиёсии исломгарост ва озодии Фаластин ҳам аз ормонҳои тамоми исломгароҳо дар тӯли ин чанд даҳсола будааст, оё беҳтар набуд, ки паёми кӯбандатар ва зудҳангомтареро содир мефармудед, ки ҳам ҷойгоҳи рафеи худро дар байни соири муслимин ва муҳимтар аз он, дар байни миллионҳо тарафдор, пайрав ва ҳомиёни ниҳону ғайриниҳони худ дар кишвари азизамон Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто берун аз қаламрави он ҳифз ва тақвият менамудед?
Дӯст надорам инро бигӯям, вале накунад, мунтазир будед, ки сардамдорони урупоӣ кай ва чӣ мавзеъгирие мекунанд, ки паёми ҷаноби Шумо мафҳуме муғоир бо он надошта бошад, ки агар ин гуна бошад, аз он ҷое, ки солҳост Шуморо мешиносам, ман бовар нахоҳам кард.
Рӯзҳо ва соатҳои аввали амалиёти қаҳҳоронаи “Тӯфони Ақсо” аз атрофиёни ҳазрати олӣ, мавзеи Шуморо пурсидам ва дар ҷавоб шунидам, ки дӯстон фармуданд, “маҷбурӣ нест, ки мавзеи эшон алон рӯшан бишавад”, шояд ҳақ бо онон аст, аммо ин ҳақ замоне собит аст, ки мухотаби мо, шахсе ба номи Устод Кабирӣ бошад, аммо агар интизор аз ҷаноби Кабирие, ки раҳбари ҳизби ҳануз ҳам бонуфуз ва пурсару садо ва муассире ба номи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст ва ҷаноби Кабирие, ки раҳбарияти ниҳоде қудратманд ва таъсиргузор ва ниҳоде, ки хоб аз чашмони бисёре аз сиёсатмадорон ва раҳбарони минтақаи Осиёи Марказӣ бурдааст, ба номи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бошад, табиист, ки ин интизор, интизори баҷо ва бамавқеъе хоҳад буд ва Шумо ба унвони сиёсатмадори коркушта, соҳибтаҷриба ва собиқадор инро аз ман беҳтару хубтар медонед.
Тоза ин баёнияи (бар хилофи интизор) начандон шадидуллаҳн, баъд аз даҳ рӯзи қатли омми мусалмонони мазлуми Ғазза ва бомбборони маҳалли амне, ҳамчун бемористон ба садо даромад, ки нишонаи камлутфии раҳбарони ҳизб ва бахусус ҳазрати олист.
Бархе аз дӯстон мегуфтанд, ки ҷаноби Устод ва ҳамроҳону атрофиёнашон дар хоки Урупо, ба унвони паноҳанда ҳузур доранд ва риояти ҷониби эҳтиёт шарт аст. Аммо бо камоли тааҷҷуб мушоҳида шуд, ки бархе шахсиятҳое, ки аз назари шароит ҳамрадифи ҳазрати олӣ ҳастанд, аз ҳамон лаҳзаҳои аввал, бидуни мулоҳизаҳои инчунинӣ, ба рӯшан сохтани мавзеи худ пардохтанд ва барои он азизон, то ҷое ки хабар дорем, мушкиле пеш наомадааст.
Умедворам, тазаккуроти дӯстонаи ин ҳақир муҷиби нохушнудии Устоди гиромӣ ва атрофиёни муҷоҳидашон қарор нагирад.
Бо салом ва эҳтиром Акрамхони Зиёдуллоҳ
Қаламонлайн