Модар – муҳимтарин муаллими фарзандон

Модар муҳимтарин муаллими фарзандон

Сабки зиндагӣ

Рушду пешрафт дар ҷомеа ҳадафи ҳар кадоми мост. Модӯст дорем ҳам худамон ва ҳам фарзандонамон дар ҷомеа ба пешрафтҳои хубе бирасанд. Зеро зиндагии мо дар иртибот бо инсонҳои дигар маъно пайдо мекунад, ба иборати дигар, зиндагии мо дар ҷомеа маънои худро пйдо мекунад. Бинобар ин мо дар зиндагиамон ниёзманди он ҳастем, ки бо афроди дигар робитаи саҳеҳ барқарор намоем.

Аз ҳамин ҷост, ки замоне ки кӯдакони мо низ рӯзе аз назари ҷисмӣ бузург шуданд, ногузир бояд вориди ҷомеа шаванд ва бо ҷомеа ва одамони атрофашон сару кор дошта бошанд ва бо онон иртибот барқарор кунанд. Онҳо барои ин кор, эҳтиёҷ ба маҳоратҳои иҷтимоии қавӣ доранд.

Мутаассифона бисёре аз падару модарон маҷол ва фурсатеро ба кӯдакони худ намедиҳанд, то онҳо маҷоли инро дошта бошанд, ки афкор ва эҳсосоти худро нишон диҳанд. Баъзе хонаводаҳоеро мешиносем, ки дар муҳити оила, ба фарзандони хурдсоли худ маҷоли сухан гуфтану изҳори назарро намедиҳанд. То кӯдак мехоҳад сухане бигӯяд, мегӯянд, ту сокит бош! Касе аз ту напурсидааст! Чаро ба гапи калонҳо ҳамроҳ мешавӣ?!

Мутаасифона ин мушкил имрӯза дар бисёре аз хонаводаҳо мушоҳида мешавад. Падару модарҳо ба андозае даргири масоил ва мушкилоти рӯзмарраи зиндагиашон ҳастанд, ки дигар фурсате барои фарзандонашон боқӣ намемонад.

Бинобар ин, бештари вақтҳо, падару модарҳо интизор доранд, ки кӯдаконашон сокит бошанд ва таслими хостаҳои онон шаванд. Гоҳе ин хостаҳои падару модарон то синни бистсолагии фарзанд идома меёбад ва замоне ки фарзанд бистсола шуд ва маҷбур ба вуруд ба ҷомеа гардид, интизор дорем, ки ӯ битавонад дар ҷомеа, дар байни ҳамкоронаш, ё дар донишгоҳ байни ҳамдарсонаш битавонад бароҳатӣ фикрашро баён кунад ва бо онҳо иртиботи солиму дуруст барқарор кунад. Маълум аст, ки ин номумкин аст.

Ёдам ҳаст, яке аз дӯстон нақл мекарданд, ки ҳамкори ҷавоне доштем, ки ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ бо ҳам нишастем. Рӯи дастархон меваҳоро гузоштам ва аз ӯ хостам, меваҳоро пӯст биканад ва пок кунад. Ҷавон гуфт: Мебахшед, Усто, ман наметавонам. Чунки модарам ҳамеша бароям меваҳоро пӯст меканданд… – Баъд бо табассуми хиҷолатомез гуфт: Охир модарам хеле меҳрубонанд ва метарсиданд, ки ман бо корд дастамро захмӣ мекунам, барои ҳамин намегузоштанд, ба корд ва васоили дигар даст бизанам.

Ҳамин нагузоштанҳо ва маҳдуд карданҳои мо падару модарон, ки гоҳе ба сабаби меҳрубонӣ ва гоҳе ба далели беҳавсалагиамон пеш меояд, боис мешавад, ки дар оянда фарзандонамон натавонад аз ӯҳдаи содатарин корҳо барояд ва натавонад дар ҷомеа бо атрофиёнаш иртиботи дурусте барқарор намояд ва дар натиҷа, маълум аст, ки муваффақият ҳамроҳаш нахоҳад буд.

Пас, роҳи ҳал чист? Эҳтимолан муассиртарин роҳи ин аст, ки мо ба унвони падару модар, саъй кунем бештар барои фарзандонамон вақт бигузорем.

Ёдамон бошад, кӯдакон бисёре аз рафторҳоро аз аввалин муаллимашон – яъне падару модар, тақлид мекунанд. Бинобар ин, вуҷуди як иртиботи самимӣ бо онҳо, беҳтарин навъи омӯзиши маҳоратҳои иҷтимоӣ ба ин гулҳои навшукуфтаи зиндагӣ хоҳад буд. Масалан модар замоне ки либоси кӯдаки хурдсолашро мепӯшонад, бояд ба ӯ фаҳмонад, ки чӣ коре анҷом диҳад, либосро чӣ гуна бипӯшад. Манзур аз ин кор ин аст, ки падару модар то ҷое, ки имконаш ҳаст, бо ҳар баҳонае бо фарзандашон сӯҳбат кунанд.

Роҳи дигар ин аст, ки ҳамон тавре ки бо ӯ сӯҳбат мекунем, ба суханонаш ҳам бодиққат гӯш кунем. Яке аз муҳимтарин фоидаи ин кор ин аст, ки ба чигунагии ҳолоти равонии ӯ пай мебарем. Ва агар кӯдаки мо аз масъалае нигаронӣ дошта бошад, ин мушкил дар гуфтаҳои ӯ ошкор хоҳад шуд. Ва аз ин роҳ, шумо аз масоиле, ки заҳени кӯдакро ба худ машғул дошааст ва ӯро нигарон ё нороҳат мекунад, сари вақт огоҳ мешавед.

Агар ҳам вақти гӯш додан ба суханонашро надоштем. Ҳадди ақал ба ӯ қавл диҳем, ки дар фурсати муносиб ба суханонаш гӯш медиҳем ва албатта қавламонро низ фаромӯш накунем.

Инҷо мавзӯи муҳим ин аст, ки ба суханони кӯдакамон нахандем, магар ин ки худи ӯ бихандад ва сухани хандадоре гуфта бошад. Фақат манзури мо ин аст, ки тамасхур ва истеҳзо дар рафтори мо мушоҳида нашавад.

Нуктаи дигар ин аст, ки коре кунем, фарзандамон бо ҳамсинну солҳояш ва бо калонсолон иртибот барқарор кунад ва бо онон таомул дошта бошад. Ба ӯ иҷозат диҳем, бо дӯстонаш бозӣ кунад.

Умед аст, бо таваҷҷӯҳ ба ин нукот ва бо вақт гузоштан барои кӯдакони ширину дӯстдоштанӣ – ин гулҳои боғи зингдагӣ, талош хоҳем намуд, то шахсияти бовиқори фарзандони азизамонро ҳарчи бештар тақвият намоем.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Haaretz: Артиши Исроил дар 7-октябр фармон дод, ки ҳамаи асирон исроилӣ кушта шаванд
Эҳтимоли оташбас ва табодули асирон бо Ҳамос

Матолиби пурбоздид