Моҳи меҳмонии Худо
Дар бахшҳое аз Хутбаи Шаъбонияи Паёмбари Акрам(с) дар фазилати моҳи мубораки рамазон, омадааст:
Эй мардум! Ҳар кӣ аз шумо рӯзадори мӯъминеро дар ин моҳ ифторӣ диҳад, назди Худо подоши озод кардани банда ва омурзиши гуноҳони гузаштаашро хоҳад дошт. (Бархе аз асҳоб гуфтанд: Ё Расулаллоҳ! Ҳамаи мо тавони анҷом додани онро надорем. Ҳазрат фармуд: Бо ифтор додани рӯзадорон, аз оташи ҷаҳаннам бипарҳезед, агарчи нисфи донаи хурмо ва ё як ҷуръа об бошад).
Эй мардум! Ҳар кас ахлоқи худро дар ин моҳ некӯ кунад, аз сирот, осон бигузарад, он рӯз, ки қадамҳо бар он билағзад. Ҳар кас дар ин моҳ корҳои ғуломон ва мустахдимони худро сабук гардонад, Худо дар қиёмат ҳисоби ӯро осон кунад. Ҳар кас дар ин моҳ аз озор расондани мардум худдорӣ кунад, Ҳақ Таоло рӯзи қиёмат хашми худро аз ӯ боздорад.
Ҳар кас дар ин моҳ ятими бепадареро гиромӣ дорад, Худо ӯро дар қиёмат азиз гардонад.
Ҳар кас дар ин моҳ силаи раҳм кунад ва бо хешовандони худ рафтуомад намояд, Худо ӯро дар қиёмат ба раҳмати худ восил гардонад ва ҳар кас дар ин моҳ робитаашро бо хешони худ қатъ кунад, Худованд дар қиёмат раҳмати худро аз ӯ дареғ намояд.
Ҳар кас дар ин моҳ намози нафл ва мустаҳаббӣ бихонад, Худованд ӯро аз оташи дӯзах бираҳонад ва касе, ки намози фарз ба ҷо оварад, Худованд савоби ҳафтод намози фарз дар моҳҳои дигарро ба ӯ ато кунад.
Ҳар кас дар ин моҳ бисёр бар ман (яъне бар вуҷуди гиромии ҳазрати Расул(с)) салавот фиристад, Худованд каффаи сабуки аъмоли ӯро сангин гардонад. Ва ҳар кас, ки дар ин моҳ як ояти Қуръонро тиловат кунад, савоби касеро дорад, ки дар моҳҳои дигар Қуръонро хатм карда бошад.
Эй мардум! Дарҳои биҳишт дар ин моҳ кушода аст, аз Парвардигори худ бихоҳед, ки онҳоро бар рӯи шумо набандад. Дарҳои дӯзах дар ин моҳ баста аст, аз Худо бихоҳед, ки онҳоро бар рӯи шумо накушояд. Шайтонҳо дар ин моҳ дар занҷир баста шудаанд, аз Худо бихоҳед, ки онҳоро бар шумо мусаллат нагардонад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн