Музеи Садриддин Айнӣ дар Бухоро бозсозӣ мешавад
Ахбори фарҳангӣ
Бар асоси гузоришоти расида ба бахши хабарӣ, пешбинӣ мешавад, соли оянда ба ибтикори раиси вилояти Бухоро, музеи бунёдгузори адабиёти навини Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, дар зодгоҳаш – рустои Соктареи, ноҳияи Гиждувони Узбекистон бозсозӣ мешавад.
Ин матлаб дар дидори Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ва Сӯҳроб Бобокалонов, мудири минтақавии Идораи гардишгарӣ ва мероси фарҳангии минтақаи Бухоро матраҳ шудааст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн