Мусалмон шудани як кашиши барҷаста

Мусалмон шудани як кашиши барҷаста

Падар Ҳилориюн Ҳиагу (Hilarion Heagy), як кашиши барҷастаи котулик дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, мусалмон шуд ва ин тасмими худро яъне бозгашт ба исломро мисли “бозгашт ба хона” тавсиф кард.

Ҳилориюн Ҳиагу, ки пас аз мусалмон шудан номи Саид Абдуллатифро барои худ баргузид, гуфт аз дербоз роҷеъ ба дини ислом таҳқиқ мекард.

Вай мутаваллиди даҳаи 80 мелодӣ аст ва дар ҳоли ҳозир 40-сола аст, ӯ 14 сол ба унвони кашиш кор карда ва доиман аз ислом интиқод мекард.

Ин кашиши собиқ дар сафҳаи Фейсбуки худ аз мусалмон шудани худ хабар дод ва гуфт, ки шӯълаҳои ислом 20 сол пеш руҳи ӯро шӯълавар кард.

Вай афзуд: “Ман қаблан ба унвони як кашиш ҷойгоҳи волое доштам, таҳсилкарда будам, аммо эътиқодоти дарунии ман тағйир кард. Наметавон ба соддагӣ дар малаъи омм як кашиш ва роҳиб мусалмон шавад.”

Ӯ идома дод: “Ислом роҳи ҳазрати Масеҳ, роҳи ҳазрати Мӯсо ва роҳи ҳазрати Иброҳим ва он роҳи ҳазрати Муҳаммад (с) аст.”

Ин кашиши собиқ идома дод: “Дар ислом таслим на дар баробари хостаҳо, на дар баробари ҳавасҳои инсонӣ, балки ислом таслим дар баробар Худои ягона аст.”

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Манотиқи муҳоҷирпазири Русия
Нелсон Мандела – раҳбари муқовимат алайҳи опортойд

Матолиби пурбоздид