Муқовамати Ироқ аз ҳамлаи паҳподӣ ба бандари Илот дар Исроил хабар дод
Ахбори байналмилал
farsnews
Гурӯҳи муқовамати исломии Ироқ, аз ҳамлаи паҳподӣ ба бандари Илот дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, муқовамати исломии Ироқ аз ҳамлаи паҳподӣ ба бандари Илоти режими саҳюнистӣ дар ҳимоят аз мардуми Ғазза хабар дод.
Бар асоси гузориши Алҷазира, муқовамати исломии Ироқ дар паёме гуфт: “Мо бандари Илот дар сарзаминҳои ишғолиро бо паҳпод ва дар ҳимоят аз бародарони фаластинии худ ҳадаф қарор додем.”
Гуфтанист, шабакаи мисрии “Алқоҳира ал-ахбория” рӯзи шанбе (30 декабр) бо интишори тасовири моҳвораӣ аз бандари Илот дар ҷануби Фаластини ишғолӣ хабар дод, ки ҳеч куштие дар ин бандар вуҷуд надорад.
Артиши Яман пештар дар ду баёния эълом карда буд, ки дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва нерӯҳои муқовамати ин кишвар, ба ҳеч киштии исроилӣ ва киштиҳое, ки мақсади онҳо Фаластини ишғолӣ аст, иҷозаи убур аз баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандибро нахоҳад дод.
farsnews
Қаламонлайн