Муҳаммад (с) кист?
Маърифат
Паёмбари бузурги Ислом ҳазрати Муҳаммад (с), ҳам пайғомбари илоҳист ва ҳам муаллими ахлоқ, ҳам табиби қалбҳост ва ҳам муршиди ақлҳо, ҳам ба охират таваҷҷӯҳ дорад ва ҳам ба ҷомеа меандешад.
Иҷоза бидиҳед, намунаҳое аз ривоётро ёдовар бишавам, то андаке аз ҷомеияти шахсияти он пешвои олимақом барои азизон рух ҳувайдо кунад:
— Мефармуд: “Беҳтарини шумо хушрафтортарини шумо бо хонаводаи хеш аст ва ман хушрафтортарини шумо бо онҳоям. Ҷуз каримон занонро такрим намекунанд ва ҷуз инсонҳои паст ба занон иҳонат наменамоянд.” (Мухтасари Таърихи Димишқ, 7/50);
— Мефармуд: “Комилтарини мӯъминон аз назари имон, хушахлоқтарини онҳост.” (Туҳафул-уқул, 47);
— Мефармуд: “Дар бахшиш миёни фарзандони духтар ва писар баробариро риоят кунед. Агар мехостам якеро бар дигарӣ бартарӣ диҳам, духтарон буданд.” (Ҷомеус-сағир, 2/282);
— Мефармуд: “Ҳамоно барои комил кардани арзишҳои ахлоқӣ фиристода шудаам.” (Ҷомеус-сағир);
— Мефармуд: “Ҳамоно барои таълим ва ёддиҳӣ фиристода шудаам.” (Мунятул-мурид, 10);
— Мефармуд: “Аз зулм кардан бипарҳезед, ки дар рӯзи қиёмат сабаби зулумот ва торикиҳо мешавад.” (Кофӣ, 2/332);
— Мефармуд: “Ҳаққи мусофир бар ҳамсафарон ин аст, ки агар бемор шуд, се рӯзро ба хотири ӯ таваққуф дошта бошанд.” (Кофӣ, 2/670);
— Мефармуд: “Мудоро кардан бо мардум, ниме аз имон аст, ва мулойимат ва рифқ бо онон, ниме аз хушии зиндагӣ мебошад.” (Кофӣ, 2/117).
Яке аз матолиби муҳим дар баёнот ва низ сираи он паёмбари олимақом, масъалаи мудоро кардан бо мардум аст, ки дар ривояти ахир ба он ишора шудааст.
Дар ривояти дигаре аз он ҳазрат (с) мехонем: “Худоям маро ба мудоро кардан бо мардум фармон дода ҳамон тавр ки ба анҷоми воҷибот маъмур сохтааст.” (Ҳамон манбаъ).
Ин ривоят далолат бар вуҷуби мудоро кардан бо мардум дорад. Нақли достоне аз таърихи Ислом дар ин ҷо муфид аст:
Марде аъробӣ (бодиянишин) вориди Мадина шуд ва яксара ба масҷид омад, то аз Паёмбар (с) кӯмаки молӣ бигирад. Ҳангоме ки ворид шуд, Паёмбар (с) дар миёни асҳобашон нишаста буданд. Ӯ ҳоҷаташро баён кард ва Паёмбар (с) ҳам чизе ба ӯ доданд, вале он мард қонеъ нашуд ва онро кам шумурд. Ва илова бар он, ба Паёмбари Худо (с) беадабӣ кард. Асҳоб ва ёрон сахт хашмгин шуданд ва чизе намонда буд, ки ба ӯ озор бирасонанд. Аммо Паёмбари Худо (с) монеъ шуданд. Расули Худо (с) сипас ин марди бодиянишинро ба хонаи худ бурданд ва миқдоре дигар ба ӯ кӯмак карданд. Он мард изҳори ризоят ва ташаккур кард.
Ҳазрат фармуданд: ту дирӯз сухани баде бар забон рондӣ, ки сабаби хашми ёрони ман шуд ва ман метарсам онон ба ту газанде бирасонанд. Оё мумкин аст ҳамин ташаккури имрӯзро дар ҳузури онон ҳам анҷом диҳӣ, то хашми онҳо нисбат ба ту аз байн биравад?
Ӯ қабул кард ва ин кор дар миёни мардум ба хубӣ анҷом шуд.
Сипас Паёмбар (с) ба ёронашон фармуданд: агар дирӯз ман шуморо озод гузошта будам, ҳатман ин бечора дар ҳоли куфр ва бутпарастӣ ба дасти шумо кушта шуда буд, вале ман худам бо нармӣ ва мулойимат ӯро ором ва ҳидоят кардам. (Ба нақл аз китоби Достони Ростони шаҳид Мутаҳҳарӣ)
Аз ин маворид дар таърихи Ислом фаровон аст. Мардуме, ки ба мову шумо муроҷеа мекунанд, дар хеле аз маворид мумкин аст ба иллати мушкилоти зиёде, ки доранд ва ё тарбияти носаҳеҳе, ки пайдо кардаанд, бархӯрди муносибе бо мо надошта бошанд, аммо касе ки Паёмбар (с)-ро улгу ва муқтадои худ қарор додааст, бо пеша кардани мудоро ва ҳавсала, бо мардумон – ҳар кӣ набошад, чӣ кофир ё мусалмон — бархӯрди шоиста менамояд.
Худои Мутаъол ба ҳамаи мо тавфиқи пайравӣ аз Паёмбари азизамон (с) марҳамат фармояд!
Сайидюнуси Истаравшанӣ