Накӯ доштани хирадмандон

Накӯ доштани хирадмандон

Аз дидгоҳи Саъдӣ, хирадмандон мояи ҷамоли мулк ҳастанд, пас подшоҳон дар идораи умури мамлакат бояд аз ин гуна афрод бештар баҳра гиранд, чунон ки мефармояд:

“Мулк аз хирадмандон ҷамол гирад ва дин аз парҳезгорон камол ёбад. Подшоҳон ба сӯҳбати хирадмандон аз он мӯҳтоҷтаранд, ки хирадмандон ба қурбати подшоҳон.”

Пандам агар бишнавӣ эй подшоҳ!

Дар ҳама олам беҳ аз ин панд нест.

Ҷуз ба хирадманд мафармо амал,

Гарчи амал кори хирадманд нест.

(Гулистон, боби 8, с.172)

Ҳамчунин аз суханони Бузургмеҳр ба Анӯшервон дар боби ҳукумат иборат аст аз: машварат бо уламо дар ҳодисоти умур, эҳтироми уламо ва ашроф ва муздурон (коргузорон) ва сардорон ва дабирон ва бандагон, ҳар як ба қадри маротибашон, муроқибати қуззот (қозиҳо) ва тафтиши кори уммол (коргарон) ба иқтизои адолат ва подоши дурусткор ва кайфари бадкор, муроқибати зиндониён, ки рӯзҳо дар корашон бингарӣ ва аз вазъи бадкор мутмаин шавӣ ва бегуноҳро раҳо кунӣ, ҳусни таъдиби раоёи (раиятҳои) муҷрим ва иҷрои муҷозотҳо ва муроқибати вазирон ва бандагон ва таъвизи онҳо, ки нодуруст ё нотавонанд ва…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамкориҳо дар бахши роҳи оҳан бо Кореяи Ҷанубӣ
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Арабистон дар заминаи иқтисодӣ ва гардишгарӣ

Матолиби пурбоздид