Намояндаи Ҳамос: Набарди Ғазза ояндаи режимҳои арабиро таъйин мекунад

Намояндаи Ҳамос: Набарди Ғазза ояндаи режимҳои арабиро таъйин мекунад
Ахбори байналмилал
farsnews
Як раҳбари ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин: “Набарди Ғазза ояндаи режимҳои арабиро таъйин мекунад”

Яке аз раҳбарони ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин таъкид кард, ки натиҷаи набарди Ғазза, на танҳо ояндаи Фаластин, балки ояндаи режимҳои арабиро таъйин хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммад ал-Ҳиндӣ, яке аз раҳбарони ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин таъкид кард, ки миллати Фаластин бо вуҷуди дарду ранҷҳои зиёд, дастовардҳое муҳаққақ карданд ва набарди Ғазза низ на танҳо ояндаи Фаластин, балки ояндаи режимҳои арабиро таъйин хоҳад кард.
Бо гузашти 58 рӯз аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми бедифоъи Ғазза, шумори шуҳадо ба 15523 расид, ки 6600 нафари онҳо кӯдак ва 4300 нафар низ зан ҳастанд.
Бар асоси ин гузориш, Ал-Ҳиндӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Алманор гуфт, ки омрикоиҳо ва исроилиҳо дар бораи аҳдофи марбут ба таҷовуз алайҳи Ғазза иттифоқи назар доранд ва Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрико, ба дунболи кӯтоҳ кардани муддати замони таҷовузот алайҳи Ғазза аст.
Ин узви аршади ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин тасреҳ кард, ки ба шикаст кашондани тарҳи кӯчи иҷбории фаластиниёни Ғазза, уфуқро ба рӯйи кишвари воқеӣ ва мустақилли Фаластин боз мекунад.

farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаро ғарби мутамаддин дар мавзӯи ҷанги Ғазза худро ба карӣ задааст?
Қитъае аз Субҳӣ Ҷавҳаризода

Матолиби пурбоздид