Насиҳате аз Мавлоно барои ҳокимон
Мактаби инсоният
Мавлоно дар дафтари чаҳоруми Маснавӣ он ҷо, ки сухан аз Мӯсо ва Фиръавн ба миён меоварад, дар лобалои ин достон, ба муносибат, ҳокимонро мавриди хитоб қарор медиҳад ва мегӯяд:
Мардуми шарқу ғарби олам, ҳокимоне монанди туро бисёр дидаанд; ҳокимоне, ки оқибат мардум сар аз танашон ҷудо кардаанд. Яъне ҳокимон набояд фиреби давлату ҳишмати зоҳирии худро бихӯранд, ки гардиши рӯзгор бисёре аз ононро залилу бадбахт кардааст. Асосан, машриқу мағриби олам субот надоранд, ки касеро пойдору собит нигаҳ доранд.
Эй ҳоким! Ту ба он менозӣ, ки мардум аз тарси муҷозоти ту ва ё зиндон шудан, чанд рӯзе туро чоплусӣ ва тамаллуқ мекунанд. Бидон, ки мардум дар баробари ҳар касе, ки таъзиму курниш кунанд, руҳу ҷони ӯро лабрез аз заҳр мекунанд. Ва ин заҳр ҳамон ғуруру такаббур аст, ки шахсияти одамиро табоҳ месозад.
Машриқу мағриб чу ту бас дидаанд,
Ки сари эшон зи тан бибридаанд.
Машриқу мағриб, ки набвад барқарор,
Чун кунанд охир касеро пойдор?
Ту бад-он фахр оварӣ, к-аз тарсу банд
Чоплусат гашт мардум рӯзи чанд.
Ҳар киро мардум суҷуде мекунанд,
Заҳр андар ҷони ӯ меогананд.
Чунки баргардад аз ӯ он соҷидаш,
Донад ӯ, к-он заҳр буду мӯбидаш.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
qalamonline.net
Қаламонлайн













