Нақди ақли амалӣ

Фарҳанг

Нақди ақли амалӣ

Чанд ҷумла дар бораи китоби “Нақди ақли амалӣ”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Муаррифии китоб

Дар масъалаи шинохт ва маърифатшиносӣ (epistemology = эпистемология), аз миёни файласуфони ғарбӣ, шояд ҳеч кас ба пойи Иммануил Кант – файласуфи шаҳири олмонӣ, ки имрӯзҳо дар 300-умин солгарди таваллудаш қарор дорем, нарасад. Вай, дар ҳар ду арсаи ақл – ҳам ақли назарӣ ва ҳам ақли амалӣ, дидгоҳҳои нобе дорад.

Феълан маҷоли шарҳу тавзеҳи ин ду вожа нест, танҳо ба ихтисор арз кунам, ки ақли инсон ду корбурд дорад: яке, идроки “ҳастҳо” ва дигар, идроки “боядҳо”. Дарккунандаи “ҳастҳо” ақли назарӣ аст ва дарккунандаи “боядҳо” ақли амалӣ аст. Кант, ҳам дар заминаи ақли назарӣ китобе дорад ба номи “Нақди ақли маҳз” ва ҳам дар заминаи ақли амалӣ таҳти унвони “Нақди ақли амалӣ”.

Кант мӯътақид аст, ки аз ақли назарӣ кори зиёде сохта нест, умда ақли амалӣ аст, ки ӯ онро виҷдон меномад. Кант мегӯяд, виҷдон ё ақли амалӣ, як силсила аҳкоми қаблӣ аст, яъне аз роҳи ҳиссу таҷриба ба дасти башар нарасида, балки ҷузъи сиришти одамӣ аст. Масалан, фармон ба ин ки рост бигӯ ва дурӯғ нагӯ, фармонест, ки қабл аз ин ки инсон таҷрибае дар бораи росту дурӯғ дошта бошад ва натиҷаи ростӣ ва дурӯғро бибинад, виҷдон ба инсон мегӯяд: рост бигӯ, дурӯғ нагӯ. Бинобар ин, дастурҳое, ки виҷдон медиҳад, ҳама дастурҳои қаблӣ ва модарзодӣ ва ба истилоҳ, фитрӣ аст, ба ҳиссу таҷрибаи инсон марбут нест.

Кант, ба хилофи дигарон, ки мегӯянд, рост бигӯ, чун агар инсон рост бигӯяд, мардум ба ӯ эътимод мекунанд, ба хилофи ин, Кант мегӯяд: виҷдони ахлоқӣ ба натоиҷ кор надорад, виҷдон ин ҳарфҳо сараш намешавад, балки фармони виҷдон (масалан “рост бигӯ”) як ҳукми мутлақ ва билошарт ва бидуни ҳеч қайде аст, рост бигӯ ҳарчанд барои ту натоиҷи зиёновар дошта бошад ва дурӯғ нагӯ ҳарчанд манофеъи зиёде барои ту дошта бошад.

Кант, барои ин ки ин иддаоро собит кунад, мегӯяд: оё ҳаргиз талхии пушаймониро чашидаед? Ҳеч кас нест, ки як кори ғайриахлоқӣ карда бошад ва баъд худаш талхии он корро начашида бошад. Одам ғайбат мекунад ва дар ҳоле, ки ғайбат мекунад гарм аст, вале вақте, ки сӯҳбат тамом мешавад ва ба ҳоли оддӣ бармегардад, худашро сарзаниш мекунад, ки чаро ин корро карда.

Инсон, дар ҳоле, ки ғайбат мекунад, лаззат мебарад, аммо ҳамин ки ин ҳолат рафъ бишавад, як ҳолати танаффур аз худаш дар худаш пайдо мешавад; эҳсос мекунад, ки аз худаш танаффур пайдо карда, дилаш мехоҳад худаш аз худаш ҷудо бишавад, худашро маломат ва сарзаниш мекунад.

Кант ин ҳолатро “азоби виҷдон” меномад. Мегӯяд, ин азоби виҷдон аз куҷост? Агар чунин фармондеҳе дар даруни инсон намебуд, инсон худаш аз кори худаш розӣ буд ва лоақал дар дарунаш нороҳатӣ надошт, аз берун нороҳатӣ дошт. Вале инсон ҳамеша аз дарунаш эҳсоси нороҳатӣ мекунад. Мегӯяд: ин амр барои он аст, ки он нерӯ як нерӯи қаблӣ аст, яъне таҷрибӣ нест.

Кант, виҷдон ва ақли амалиро мабно ва асоси эътиқод ба Худованд медонад. Ин сухан аз ӯ машҳур аст, ки:

“Ду чиз ҳамеша маро ба шигифтӣ вомедорад: яке, осмоне, ки болои сари мост, дигаре, виҷдоне, ки дар даруни мо қарор дорад.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Саъдии Шерозӣ
Муаррифии китоб

Матолиби пурбоздид