Нақду таҳлили худкомагӣ
(Die Analyse der Tyrannis)
Номи китобест, аз донишманди равоншиноси олмонӣ Манес Шпербер (Manès Sperber)
Ин равоншиноси олмонӣ ин китобро дар синни 32-солагӣ ва дар даҳаи 30 мелодӣ, ҳанӯз пеш аз он ки Ҳитлер ҷаҳонро ба коми ҷанги ҷаҳонии дуввум бикашонад, навиштааст. Ҷолиб аст, ки ӯ дар китоби худ аз рӯи таҳлили равонии рафтори диктотурҳо пешбинӣ кардааст, ки касе мисли Ҳитлер саранҷом худкушӣ хоҳад кард.
Ин китоб ба забони форсӣ ду тарҷума дорад, яке таҳти унвони “Нақду таҳлили ҷабборият”, ки тавассути оқои Карими Қасим тарҷума шуда ва дар соли 1984 интишороти Дамованд онро чоп карда ва ба иллати истиқболи зиёд аз китоб, дар ҳамон сол ин китоб се бор чоп шуда аст. Ва дигар таҳти унвони ” Баррассии равоншинохтии худкомагӣ ” ки тавассути Дукур Алӣ Соҳибӣ дар соли 2005 чоп шудааст.
Манес Шпербер дар ин китоб бо таҳлили равоншинохтӣ аз шахсият ва рафтори худкомагон нишон медиҳад, ки худкомагон худ ба худ худкома намешаванд, балки онҳо натиҷаи рафтори тӯдаи мардуме ҳастанд, ки хулқу хӯйи худкомагӣ бахше аз вуҷуди онҳост. Барои он ки худкомагӣ ҳамеша аз ҷомеъа аз байн равад, бояд руҳияи худкомагии тӯдаи мардум аз байн бурда шавад.
Муаллиф нишон медиҳад, ки чи гуна шахсияти равонии як диктотур дар тӯли замон ба тадриҷ дигаргун мешавад ва ӯро аз зиндагии маъмулӣ маҳрум мекунад. Ба гунае ки шахси диктотур кам – кам дучори содисм ( дигарозорӣ ) ва дар мароҳили баъдӣ дучори мозухисм ( худозорӣ ) мешавад.
Дар воқеъ аз назари Шпербер худкомагон бемороне ҳастанд, ки бемориашон дар ҳайоҳуи тӯдаи мардум ҳам аз назари худашон ва ҳам назари дигарон махфӣ мемонад ва ба ҳамин иллат фурсати дармон низ аз онҳо ситонда мешавад.
Манес Шпербер бо тақсимбандии тарс ба чанд навъ, нишон медиҳад, ки худкомагон дучори ” тарси таҳоҷумӣ – агрессивный страх ” ҳастанд ва дар воқеъ бахши бузурге аз рафтори онҳо аз ин навъ тарс ношӣ мешавад. Муаллиф мӯътақид аст, ки одати душмантарошӣ аз сӯи худкомагон натиҷаи тарси амиқе аст, ки дар вуҷуди онҳо нуҳуфта аст. Ӯ аз қавли Афлотун менависад: ” ҳар кас метавонад шоистаи сифати шуҷоъат бошад, ба ғайт аз афроди худкома “. Баъд худаш бо таҳлили равоншинохтӣ нишон медиҳад, ки ин сухани Афлотун чи қадр дақиқ аст. Нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат худкомагӣ ҳолате аст, ки ҷойгузини ҳолати фиқдони шуҷоат мешавад. Ба иборати дигар, афроде ки аз фазилати шуҷоат маҳрум ҳастанд, ҳар гоҳ фурсате пайдо кунанд аз рӯи тарс гирифтори разилати худкомагӣ мегарданд. Ва ин рафтор дар ҳамаи зинаҳои қудрат, аз поинтарини он мисли падар, муаллим ва пулис гирифта ва то зинаҳои болотари қудрат, мисли мудири мактаб, раиси идора, фармондеҳи низомӣ то раиси ҳукумат, намоён мешавад.
Аммо вақте тӯдаи мардум гирифтори ин хулқу хӯйи нописанд бошанд, аз раҳбарони худ як ҳокиме мутлақ ва диктотуре ба тамоми маъно месозанд.
Шпербер нишон медиҳад, ки чи гуна тарс дар тӯли замон ба нафрат табдил мешавад ва он гоҳ тӯдаи мардум барои ирзои ҳисси нафраташон аз як идда, худкомаеро ёрӣ мекунанд, то он иддаро нобуд кунад. Вале ҷолиб ин ҷост, ки баъд ду бора замоне мерасад, ки ин тӯдаи мардум ба иллати нафрат аз ҳамин худкома, ӯро бо кӯмаки худкомае дигар ба чӯбаи дор мекашанд.
Шпербер ҳамчунин тавзеҳ медиҳад, ки чи гуна худкомагон бо сода нишон додани масоили печидаи зиндагӣ, роҳи ҳалҳои оммаписанд, вале гайри қобили иҷро ироа медиҳанд, аммо ҳаргиз нигарони иҷро нашудани он роҳи ҳалҳо нестанд. Зеро одат кардаанд, ки вақте роҳи ҳаллашон ба натиҷа нарасад, ба осонӣ ин нокомии худро ба гардани дигарон ва душманони фарзӣ биандозанд. Ва баъд ҳам нокомиҳои худро ба фурсате табдил медиҳанд, то нишон диҳанд ки душманони онҳо чи қадр бадхоҳанд ва намегузоранд, то онҳо вазифаи худро анҷом дода ва ба аҳдофашон бирасанд.
Бо ин ки таҳлилҳои Манес Шпербер куллӣ буда ва ба шахсияти сиёсии хоссе ихтисос надорад, аммо бархе мисолҳояшро аз рафторҳои диктотурҳои замонааш Ҳитлер ва Истолин меоварад. Бо ин ҳол зебоии таҳлилҳои ӯ ба ин аст, ки вақте номи Ҳитлер ва Истолинро аз китоб ҳазф намоем ва номи диктотурҳои дигарро ба ҷои он бигзорем, мебинем чи қадр таҳлили тозае аст, гӯё Шпербер онро ҳамин дирӯз ва барои таҳлили рафтори диктотурҳои ин замон навиштааст…
Қаламонлайн