Нигоҳе ба мафҳуми ирфон ва ориф
Ирфон калимаи арабӣ ва масдар аст ба маънои “шинохт” ва ё “шиносоӣ”. “Ориф” исми фоил аст аз ҳамин масдар ба маънои “шиносанда” ва ё “ошно”. Аммо дар истилоҳ, ба равиш ва тариқаи махсусе гуфта мешавад, ки на аз роҳи фикру истидлол, балки аз роҳи шуҳуди дарунӣ ва ёфти ботинӣ ҳосил мегардад.
Тавзеҳ он ки инсон барои шинохт ва маърифати ҳақоиқи ҳастӣ умуман ва шинохт ва маърифати Худованди Мутаол хусусан, ки мабдаи ҳастибахши ҷаҳон аст, роҳҳои гуногуне дорад. Яке, роҳи ҳис аст, ба ин ки аз тариқи низомот ва ташкилоти ҷаҳон пай ба Худо барад. Масалан гардиши хуршеду моҳро мебинад, ки бо як низоми хос ва муайяне сурат мегиранд ва ҳамчунин соири мавҷудоти гетиро мушоҳида мекунад, ки ҳар яке бо як низому ташкилоти махсусе дар ҳаракатанд. Бо тафаккур ва тадаббур дар ин назму тартибҳои муайян, ба ин натиҷа мерасад, ки маҳол аст, ки ин назму тартибҳо, назмбахш ва тартибдиҳандае надошта бошанд. Ин назмдиҳанда ҳам ҷуз офаридгори ҷаҳон намебошад. Дар Қуръони Карим мехонем:
“Ҳамоно дар офариниши осмонҳо ва замин, аз паи ҳам омадани шабу рўз, киштиҳое, ки барои фоидаи башар дарёҳоҳоро тай мекунанд, обе, ки Худо аз боло фуруд меоварад ва ба василаи он замини мурдаро аз нав ҷон медиҳад ва анвои ҷондорҳоро дар рўи замин мепароканад, чархиши бодҳо ва абр, ки миёни замин ва осмон ба кор гумошта шудааст, (дар ҳамаи инҳо) нишонаҳое бар вуҷуди Худованд барои мардуме, ки тааққул ва тафаккур мекунанд вуҷуд дорад”. (Сураи Бақара, ояти 164).
Роҳи дигар, роҳи фалсафа аст, ки дар он файласуф аз тариқи бурҳонҳои мантиқӣ, ба вуҷуди Худо истидлол мекунад.
Роҳи сеюм, роҳи қалб аст. Ориф мӯътақид аст, ки агар одамӣ қалби хешро тасфия ва поксозӣ кунад, метавонад аз матолиб ва ҳақоиқи илоҳӣ, чизҳоеро дарёбад, ки ба дигар васоил дарёфтанӣ нестанд. Инсон метавонад аз тариқи ин роҳ, бо маркаби нерӯманди ишқ ба сӯи Худо парвоз намояд.
Файласуф аз роҳи ақл ва фикру истидлол мехоҳад гумшуда ва матлуби худро кашф кунад, аммо ориф мехоҳад парвоз кунад ва наздик шавад. Файласуф мехоҳад сар ба кисаи тафаккур фурӯ барад ва биандешад, аммо ориф мехоҳад бубинад. Файласуф мехоҳад бидонад, аммо ориф мехоҳад шуҳуд кунад.
Абӯалӣ ибни Сино (раҳматуллоҳи алайҳи) дар оғози намати нӯҳуми “Ишорот ва танбеҳот” дар таърифи “ориф” ва фарқ миёни ӯ бо ҳар як аз “зоҳид” ва “обид” мегӯяд:
“Он ки аз баҳрамандиҳои дунё рӯй гардондааст, “зоҳид” номида мешавад. Он ки бар анҷоми ибодот монанди намоз, рӯза ва ғайра мувозибат дорад, “обид” хонда мешавад. Он ки замири худро аз таваҷҷӯҳ ба ғайри Ҳақ боздошта ва мутаваҷҷеҳи олами қудс кардааст то нури Ҳақ ба он битобад, ба номи “ориф” шинохта мешавад. Албатта гоҳе ду ё ҳар се унвон дар як нафар ҷамъ мешавад”.
Он гоҳ дар дунболаи каломи худ дар бораи ҳадафи “ориф” мегӯяд: “Ориф Ҳақро барои Ҳақ мехоҳад, на барои чизе ғайри Ҳақ ва ҳеҷ чизро бар маърифати Ҳақ тарҷеҳ намедиҳад. Ибодаташ танҳо ба хотири ин аст, ки Ӯ шоистаи ибодат аст ва ба ин ҷиҳат аст, ки ибодат дар ҳадди зоти худ робитаи шарифест, на ба хотири тамаъ ба чизе ё тарс аз чизе”.
Идома дорад…
Қаламонлайн