Ниёиш
Дуои рӯзи якшанбе
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Ба номи Худое, ки ҷуз фазлаш умеде надорам ва аз чизе ҷуз адлаш наметарсам ва ҷуз гуфтаи ӯ эътимод наменамоям ва ҷуз ба ресмони ӯ чанг намезанам
Эй соҳиби гузашту хушнудӣ, аз ситам ва душманӣ (-и халқ) ва аз дигаргуниҳои рӯзгор ва пай дар пай расидани андӯҳҳо ва ҳодисаҳои ногувор ва сипарӣ шудани умр ва тамом шудани муҳлат пеш аз омодагӣ ва таҳияи тӯша ба ту паноҳ мебарам.
Ва барои ончӣ салоҳу ислоҳи ман дар он аст танҳо аз ту рушд ва роҳнамоӣ меҷӯям ва барои ончӣ (маро) ба комёбӣ ва комравоӣ наздик мекунад ва ба он мерасонад аз ту кӯмак мехоҳам ва барои пӯшидани либоси офият ва давоми саломатӣ ба ту умедвор ва муштоқ ҳастам ва аз васвасаҳои шайтонҳо ба ту, эй Парвардигорам, паноҳ мебарам ва бо такя ба салтанати ту аз ҷавру зулми султонҳо дурӣ меҷӯям.
Пас (эй Худо) намозу рӯзаамро қабул кун ва фардоям ва баъд аз онро беҳтар аз ин соат ва имрӯзам бигардон ва маро дар миёни хешовандон ва қавмам азиз гардон ва маро дар бедорӣ ва хобам нигаҳдор бош чун ту Худованд беҳтарин нигаҳбон ҳастӣ ва ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ
Худоё, ман дар ин рӯз ва рӯзҳои якшанбеи дигар аз ширк варзидан ва бединӣ ба сӯи ту паноҳ мебарам ва аз он безорӣ меҷӯям ва холисона туро садо мезанам то дуоям қабул шавад ва ҳамчунон ба умеди расидан ба савобу подоши ту бар итоатат пойдорӣ мекунам
Пас бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад беҳтарин офаридаат, ки мардумро ба сӯи ҳаққонияти ту даъват кард, дуруд фирист ва маро ба иззати устуворат азиз гардон ва ба чашмат, ки ҳаргиз нахобад, нигаҳбон бош ва кору (саранҷоми) маро ба буридан аз ғайрат ва умедвор будан ба худат ва умрамро бо мағфирати худат поён деҳ чун дар ҳақиқат ту бисёр мағфираткунандаи меҳрубонӣ
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Қаламонлайн