Номи забони мо – мардумони Фароруд дар куҳантарин манобеи торихӣ
Таърих
Муҳаммад ибни Аҳмад Шамсуддини Мақдисӣ (дар бархе маохиз: Муқаддасӣ) (945-991 мелодӣ). Ӯ китобе дорад таҳти унвони ”Аҳсан-ут-тақосим фӣ маърифат-ил-ақолим”, ки дар робитаи ҷуғрофиё ва тавзеҳ роҷеъ ба сарзаминҳои гуногун навиштааст. Китоби ӯ дар мавриди шаҳрҳои исломӣ аз кишвари Испониё то Фароруд буда ва дорои иттилооти ҷуғрофиёии фаровонест.
Ба гуфтаи Мақдисӣ, ӯ талоши зиёд ва мусофиратҳои мутааддиде барои офаридани китоб анҷом додааст.
Дар ин китоб, он ҷо, ки дар бораи Фароруд менависад, мегӯяд:
واعلم ان اكثر بلدان الاعاجم موضوعة على اسم من انشاها وبناها نذكر ذلك في موضعه ان شاء الله تعالى وكلام اهل هذه الاقاليم الثمانية بالعجمية الا ان منها درية ومنها منغلقة وجميعها تسمى الفارسية
“Бидон, ки бештари шаҳрҳои аъоҷим (аҷамҳо) ба номи афроде, ки онро поярезӣ кардаанд номгузорӣ шудааст, дар маҳалли худаш иншоаллоҳ ҳар якеро тавзеҳ хоҳем дод. Ва забони ин иқлимҳои ҳаштгона аҷамӣ аст, магар бархеро дарӣ хонанд ва бархеро печида, аммо ҳамаи онҳо як ном дорад, ки “форсӣ” номида мешавад…” (Аҳсан-ут-тақосим фӣ маърифат-ил-ақолим, 1/219, Аш-шомила).
Ҳвмунин дар ҷое аз ҳамин китоб он ҷо, ки дар бораи мардуми Фароруд менависад, мегӯяд:
وليس في اقاليم الأعاجم أفصح من لسانهم وكثيراً ما يمزجون فارسيتهم بالعربية ويقولون اين كتاب وصلا كن وأين كار قطعا كن، وأحسن ما تراهم يتكلمون بالفارسية
“Дар иқлимҳои аъоҷим (аҷамҳо), фасеҳтар (ширинтар ва расотар) аз забони онҳо вуҷуд надорад, ва бисёр вақт “форсии худро” бо арабӣ меомезанд, (масалан) мегӯянд: “Ин китоб васла кун”, “Ва ин кор қатъан кун”. Ва албатта некӯтар он замоне аст, ки ба “форсӣ” сухан мегӯянд…” (Аҳсан-ут-тақосим фӣ маърифат-ил-ақолим, 1/154, Аш-шомила).
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн