Обрӯ
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Вазифаи фалсафа ин аст, ки иллати ашёро ҳатто оддитарини чизҳоро тавзеҳ бидиҳад. Яке аз он чизҳо обрӯ аст. Маънои обрӯ хеле равшан аст, ниёз ба таъриф надорад. Обрӯ яъне ҳамон иззат ва эҳтиром ва каромати инсон.
Чаро мо, инсонҳо барои худ каромат қоилем? Дӯст надорем каромати мо поймол шавад? Барои чӣ ҳифзи каромат ва обрӯ ба дараҷае бароямон муҳим аст, ки ҳозирем барои он ҳатто худро ба куштан бидиҳем?
Оё метавон касеро дар ин дунё пайдо кард – ҳатто моддигаротарин ва материалисттарини инсонҳоро, ки ҳастиро ҷуз модда намедонад – ки вақте байни ду чиз: ҳифзи обрӯ бо кушта шудан ва пазируфтани зиллат ва хорӣ ва беобрӯгӣ бо зинда мондан қарор бигирад, ӯ дуввумиро ихтиёр кунад? Фикр накунам, чунин инсоне пайдо шавад. Инсон, ҳар кӣ ҳаст ӯ, кушта шудан бо ҳифзи обрӯро бар зинда мондан ба хорӣ ва зиллат тарҷеҳ медиҳад.
Хуб, оё ин, тавҷеҳу тафсири моддӣ дорад? Яъне оё метавонад донишманде рӯзе пайдо шавад ва масалан бигӯяд, иллати ин ки инсонҳо барои худ каромат қоиланд ва ба ҳеч сурат ҳозир нестанд обрӯяшон бирезад, далели он ин аст, ки чун ҳифзи обрӯ “хатари нобудӣ”-ро аз домани онҳо дур месозад? Онҳо бо ҳифзи обрӯ, бақои худ ва нобуд нашудани худро ҳифз кардаанд?
Ба ӯ хоҳанд гуфт, баръакс, инсон барои ҳифзи обрӯ, ҳозир аст худашро нобуд созад ва аз байн биравад, на ин ки ҳифзи обрӯ бақои ӯро тазмин кунад.
* * *
Ҳақиқат ин ки: ёфтани посух ба ин “чаро” имконпазир нест ҷуз бо қабули ин воқеият, ки инсон, фақат ин бадан ва ҷасад, ки мебинем нест; ӯ танҳо як мавҷуди моддӣ нест. Балки ӯ ҳақиқате аст болотар аз инҳо. Асли ӯ чизе дигар аст, ки бо қарор гирифтан дар бадан, он асл фаромӯшаш шуда. Инсон, сарчашмаи худоӣ дорад. Дар ӯ, сифот ва вежагиҳои худоӣ ва илоҳӣ ҷорист ва ба қавли Мавлоно:
Мо чун чангему ту захма мезанӣ,
Зорӣ аз мо на, ту зорӣ мекунӣ.
Мо чу нойему наво дар мо зи туст,
Мо чу кӯҳему садо дар мо зи туст.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн