Одамӣ аз хештан ғофил аст
Дарси хештаншиносӣ аз Мавлоно
Мавлоно гӯяд:
“Одамиро Ҳақ Таъоло ҳар лаҳза аз нав меофаринад ва дар ботини ӯ чизе дигар тоза-тоза мефиристад, ки аввал ба дуввум намемонад ва дуввум ба севвум, илло ӯ аз хештан ғофил аст ва худро намешиносад…”
(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.279)
* * *
Тавзеҳи матлаб ин ки асли одамӣ дар маънои ботинии ӯст, на дар сурату зоҳир, ва ботини одамӣ ҳар лаҳза бо гирифтани иттилооти ҷадид тағйир мекунад, бинобар ин одамӣ ҳар лаҳза аз нав офарида мешавад. Ин мазмун дар Маснавӣ ҳам омада:
Сурат аз бесуратӣ омад бурун,
Боз шуд, к-“инно илайҳи роҷиъун”.
Пас туро ҳар лаҳза маргу раҷъатест,
Мустафо фармуд: “Дунё соатест”.
Фикри мо тирест аз ҳу дар ҳаво,
Дар ҳаво кай пояд? Ояд то Худо.
Ҳар нафас нав мешавад дунёву мо,
Бехабар аз нав шудан андар бақо.
Умр ҳамчун ҷӯй нав-нав мерасад,
Мустамирре менамояд дар ҷасад.
Он зи тезӣ мустамиршакл омадаст,
Чун шарар, к-аш тез ҷунбонӣ ба даст.
Шохи оташро биҷунбонӣ ба соз,
Дар назар оташ намояд бас дароз.
Ин дарозимуддат аз тезии сунъ,
Менамояд суръатангезии сунъ.
***
Ин нуктаи зариф матлабест, ки мактаби фалсафии эгзистонсиёлизм (еxistentialism = экзистенциализм — яке аз мактабҳои фикрӣ ва фалсафаии ғарбӣ) қоил ба шабеҳи он (на айни он) аст, тафовуташ дар ин ки ин мактаби фалсафӣ мегӯяд: “Инсон як вуҷуди бемоҳият аст ва худ бо интихоби роҳи худ, ба худ моҳият мебахшад.” Яъне, чунин нест, ки инсон дорои моҳияти собит бошад, балки ҳар лаҳза сохта мешавад, ӯ ҳар лаҳза бо интихобҳои худ, худро шакл медиҳад.