Омрико гӯши шунавое барои эътирозоти зидди исроилӣ надорад

Омрико гӯши шунавое барои эътирозоти зидди исроилӣ надорад

Ахбори байналмилал

Farsnews

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Омрико гӯши шунавое барои эътирозоти зидди исроилӣ надорад”

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, дар суханронии ҳафтагии худ таъкид кард: “То замони идомаи ҷанг ва муҳосира дар Ғазза, ҳамалоти мо низ идома хоҳад ёфт; амалиётҳои низомии мо идома меёбад ва талош мекунем, то уқёнуси Ҳинд ин амалиётҳоро густариш диҳем.”

Вай афзуд: “Дар пайи амалиёти яманиҳо, убури киштиҳои омрикоӣ аз баҳри Сурх ба мизони 80 дарсад коҳиш ёфтааст ва дар ин миён ҳазинаи бимаи киштиҳои омрикоӣ, ки бихоҳанд аз баҳри Сурх бигузаранд, то 50 миллион доллар афзоиш ёфтааст.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, ба сиёсатҳои Омрико дар қиболи режими Исроил пардохт ва гуфт, ки ин кишвар таҳаммули шунидани садои мухолиф алайҳи саҳюнистҳоро надорад.

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, дар суханронии ҳафтагии худ гуфт, ки Омрико дар тамоми ҷиноёти режими ишғолгари исроилӣ алайҳи мардум Фаластин шарик аст.

Ӯ гуфт, ки саҳюнистҳо талош доранд, бо баҳона қарор додани иди яҳудиён ба Масҷидулақсо юриш бурда ва намозгузоронро мавриди зарбу шатм қарор диҳанд.

Раҳбари Ансоруллоҳ ҳамчунин бо ишора ба кашфи гӯрҳои дастаҷамъӣ дар манотиқи мухталифи Ғазза бахусус дар атрофи бемористони Аннаср дар шаҳри Хон-Юнус, гуфт: “Дар гӯрҳои дастаҷамъӣ, ки кашф шуда, мушаххас шудааст, ки душман иқдом ба мусла кардани пайкари шуҳадо ва сирқати аъзои баданашон кардааст.”

Ҳусӣ бо таъкид бар ҳамроҳии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бо ишғолгарон дар тамомии сатҳҳо, ба эътирозоти донишҷӯёни омрикоӣ ишора кард ва гуфт: “Ҳангоме, ки бархе аз мардуми Омрико ба ҷиноёти наслкушӣ эътироз мекунанд, бо қасовати тамом бо онҳо бархӯрд мешавад.”

Ӯ гуфт, ки Омрико эҳтироме ба қавонин ва қонуни асосӣ ва арзишҳое, ки ба он ифтихор мекунад ва бар асоси онҳо худро як кишвари демукротик ва дорои озодии баён ва ақида меномад, намегузорад.

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман таъкид кард, ки давлати Омрико гӯши шунавое барои эътирозоти дохилии ин кишвар ба наслкушӣ дар Ғазза надорад ва ҳатто мақомоти ин кишвар иқдом ба таҳдиди мӯътаризон бар ихроҷ аз донишгоҳ кардаанд.

Ҳусӣ афзуд: “Омрико талош мекунад, то монеи хезиши огоҳӣ, ки перомуни иттифоқоти Фаластин шурӯъ шудааст шавад, аммо ин хезиш ва огоҳӣ густариш хоҳад ёфт ва рушд хоҳад кард.”

Ӯ дар идома, суханони бархе кишварҳои урупоӣ таҳти унвони “ҳаққи мардуми Фаластин барои ташкили кишвари фаластинӣ”-ро тибқи милокҳои ғарбӣ донист.

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман ҳамчунин ба фишорҳои Омрико ба давлати Қатар дар хусуси музокироти ғайримустақими Исроил ва Ҳамос ишора кард ва гуфт, ки Вошинтун талош дорад Дуҳаро маҷбур кунад, то хостаҳои Исроилро пеш бибарад ва ба Ҳамос фишор оварад.

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ сипас ба муқовамати мардуми Ғазза бо гузашти 202 рӯз аз ҷанг пардохт ва гуфт, ки нерӯҳои муқовамат ҳамчунон шаҳракҳои атрофи Ғаззаро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ ва рокетӣ қарор медиҳанд, ки ин масъала ба вузуҳ нишон аз омода будан ва фаъол будани муҷоҳидини Ғазза дорад ва дар муқобил низ душмани исроилӣ талафот ва хисороти шадиде мутаҳаммил шудааст.

Ӯ ҳамчунин ба шароити равонии вахими низомиёни исроилӣ ишора кард ва гуфт: “Яке аз саҳюнистҳо гуфтааст, ки низомиёни исроилӣ ҳамонанди ӯрдак шикор мешаванд. Тӯлонӣ шудани ҷанг дар шароите, ки нерӯҳои муқовамат ҳамчунон побарҷо истодаанд ва дар канори ҳаҷми ҷиноёти рухдода дар Ғазза, низомиёни режими ишғолгарро ба фурӯпошии равонӣ расондааст.”

Ӯ муҳоҷирати маъкуси саҳюнистҳо аз Фаластини ишғолиро аз дигар таъсироти истодагии миллати Фаластин дар Ғазза донист ва гуфт, ки ниме аз саҳюнистҳо ба фирор аз Фаластин фикр мекунанд ва дучори “бӯҳрони вуҷудӣ” шудаанд.

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар идома, ба ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷабҳаи шимолии Фаластини ишғолӣ пардохт ва гуфт: “Амалиёти Ҳизбуллоҳ дақиқ ва ҳадафманд аст ва душманро таҳти таъсир қарор додааст, то ҷойе, ки бархе маҳофил дар Исроил аз ҳаҷми тангное, ки дар пайи ҳамалоти Ҳизбуллоҳ дар он қарор гирифтаанд, сухан мегӯянд; садҳо ҳазор нафар аз ишғолгарони ғосиб акнун бо мушкили бузурге бар сари идомаи зиндагӣ дар шимоли Фаластин мувоҷеҳ ҳастанд.”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар бахши поёнии суханони худ, ба амалиётҳои артиши Яман алайҳи киштиҳои исроилӣ ва киштиҳое, ки ба самти бандари Илот (Уммуррашрош) ҳаракат мекунанд пардохт ва гуфт, ки дар 202 рӯзи гузашта 102 киштӣ мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ таъкид кард: “То замони идомаи ҷанг ва муҳосира дар Ғазза ин ҳамалот низ идома хоҳад ёфт; амалиётҳои низомии мо идома меёбад ва талош мекунем, то уқёнуси Ҳинд ин амалиётҳоро густариш диҳем.”

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар пайи амалиёти яманиҳо, убури киштиҳои омрикоӣ аз баҳри Сурх ба мизони 80 дарсад коҳиш ёфтааст ва дар ин миён ҳазинаи бимаи киштиҳои омрикоӣ, ки бихоҳанд аз баҳри Сурх бигузаранд, дар мавоқеъе, ҳатто то 50 миллион доллар низ афзоиш ёфтааст.

Ҳусӣ таъкид кард, ки бандари Илот ба шакли комил таътил шуда ва Исроил дар воридоти коло дар тангнои шадиде қарор гирифтааст.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мавҷи истеъфои мақомоти низомии саҳюнист
Оё Туркия бо Исроил ҳамкорӣ мекунад?

Матолиби пурбоздид