Омрико як эрониро ба унвони фармондеҳи гурӯҳи зарбатӣ дар минтақаи Ховари Миёна мансуб кард
Ахбори байналмилал
Тибқи эъломи CENTCOM (Фармондеҳии марказии Омрико дар Ховари Миёна)
Кайвони Ҳакимзода, дарёдор (адмирал)-и эронӣ-омрикоӣ, ба фармондеҳии новгурӯҳи зарбат дар минтақаи CENTCOM мансуб шудааст.
Дарёдор Кайвон Ҳакимзода аз сӯйи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар Ховари Миёна (CENTCOM) ба унвони фармондеҳи новгурӯҳи зарбати нерӯи дарёӣ мансуб шуд.
Кайвон Ҳакимзодаи 56-сола ва яке аз афсарони аршади нерӯи дарёии Омрико аст. Ӯ мутаваллиди соли 1968 дар Тегзос аз як падари эронӣ ва модари омрикоӣ аст. Ҳакимзода даврони кӯдакии худро дар Эрон гузаронда ва пас аз пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, дар 11-солагӣ ҳамроҳ бо хонавода ба Омрико муҳоҷират кардааст.
Ӯ дар даврони фаъолияти ҳирфаии худ дар нерӯи дарёии Омрико собиқаи фармондеҳии нови ҳавопаймобари USS Harry Truman-ро дорад, ки ба ёди Ҳарри Трумэн, 33-умин раиси ҷумҳури Омрико, ки аз 1945 то 1953 риёсати ҷумҳурии ин кишварро бар ӯҳда дошт, номгузорӣ шудааст.
Alalam
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: