Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ба изни Худо Ғазза ғалаба пайдо мекунад
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ба изни Худо Ғазза ғалаба пайдо мекунад бар режими саҳюнистӣ”
Ахбори байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имрӯз (якшанбе) бо қориён ва ҳофизони бартари ширкаткунанда дар 41-умин давра мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор кард.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор аз ҷумла гуфт: “Яқин дошта бошем, ки бо изни Худо, маҳол, мешавад мумкин; чизе, ки ба назар маҳол мерасад, мумкин мишавад ва инро яқин дошта бошед.”
Вай афзуд: “Иддаи каме метавонанд ба изни Аллоҳ бар иддаи зиёде ғалаба пайдо кунанд, яъне ба изни Аллоҳ Ғазза ғалаба пайдо мекунад бар режими саҳюнистӣ ва режими Омрико.”
Қаламонлайн