Оё даврони фалосифа поён ёфта ва дигар ниёзе ба онҳо нест?

Фарҳанг

Оё даврони фалосифа поён ёфта ва дигар ниёзе ба онҳо нест?

Оё ин сухан дуруст аст?

Ин сухан, агар таърифе нодуруст аз дониши фалсафа дар зеҳн дошта бошем, сухане носаҳеҳ нест. Зеро тасаввури бисёриҳо аз фалсафа ин аст, ки гумон мекунанд, фалсафа яъне як мушт хиёлот ва пиндорҳо, ки сохта ва бофтаи зеҳни одамӣ аст ва бо воқеи хориҷ мутобиқ нест.

Баъзеҳо аз ин ҳам фаротар рафтаанд; гумон мекунанд, фалсафа яъне печидагӯӣ ва ҳарфҳои номарбут задан, ки касе чизе аз онҳо сар дарнаёварад. Ин ки вақте касеро бибинанд, ки ҳарфҳои номафҳуме мезанад ва ба ӯ бигӯянд, фалсафа набоф ва сафсата нагӯй, ношӣ аз ҳамин тарзи тафаккур аст. Яъне фикр мекунанд, фалсафа яъне изҳори андешаҳои номарбут. Рӯйи он унвони сафсата ҳам ниҳодаанд. Сафсата яъне беҳуда гуфтан.

Албатта, тасаввури бархеҳо аз ин дониш, як каме маъқултар аст – ки ин ҳам албатта нодуруст аст – гумон мекунанд, фалсафа як силсила идея ва “бояду набоядҳо” ва ормонҳост, ки файласуф ба дунболи ёфтани роҳҳои ҷомаи амал пӯшидани онҳост. Ва ғайра аз пиндорҳо.

Агар тасаввури мо аз дониши фалсафа ҳаминҳо бошад, бале файласуфон давронашон гузашта ва ҳарфҳояшон дигар харидор надорад.

Вале фалсафа ин нест.

Дар ин ёддошт, ки саъй мекунам кӯтоҳ бошад, ба сурати бисёр мухтасар, дар бораи чистии фалсафа мегӯям ва ин ки ин дониш чист ва ба дунболи таҳқиқ ва пажӯҳиш дар чӣ умуре аст:

1) Фалсафа – ки феълан коре ба лафзи он надорам – донише аст, ки кораш баҳсу ковиш дар бораи куллитарин масъалаҳои ҷаҳони ҳастӣ аст, (яъне мавзӯи он “куллитарин масоили ҷаҳони ҳастӣ” аст) ва абзори ковиш ва баҳсаш, ақл аст.

Барои беҳтар фаҳмидани ин таъриф, ҳоло як муқоиса мекунам. Агар касе аз шумо дар бораи дониши шимӣ (химия) бипурсад ва шумо бо он ошно бошед, мегӯед: шимӣ донише аст, ки мавзӯи он, унсурҳо (элементҳо) аст ва абзори баҳсу ковиши он, таҷриба ва озмоиш дар лаборатория аст. Хуб, инро, ки мефаҳмед. Ҳоло ба ҷойи унсурҳо (элементҳо), ки мавзӯи шимӣ аст, агар “куллитарин масоили ҷаҳони ҳастӣ” ва ба ҷойи таҷриба ва озмоиш, ақл гузоред, фикр мекунам дигар бо фалсафа ошно мешавед.

2) Аммо “куллитарин масоили ҳастӣ”, масоиле ҳастанд аз ин қабил:

* оё ҷаҳони ҳастӣ фақат ҳамин аст, ки ба чашмонамон мебинем ва ҳис мекунем, ё фаротар аз он аст? Ва агар фаротар аст, он кадом аст?

* агар ҷаҳони ҳастӣ фаротар аз ин бошад, ба кадом абзор ва васила бояд дар бораи он таҳқиқ ва пажӯҳиш кард: оё ба василаи таҷриба ва озмоиш ё ба воситаи ақл?

* оё ақли инсон қодир ба таҳқиқ дар ин умур ҳаст ё нотавон ва оҷиз?

* инсон чист ва кист? Оё фақат ҳамин бадан ва ҷисм аст, ки мебинем ё на, руҳе низ дорад? Ва агар дорад, оё руҳ қобили эҳсос ва ё аз тариқи таҷриба метавон ба он даст ёфт ё на?

* ҳадаф аз офариниши инсон чист?

* саодат чист ва саодати инсон кадом аст?

– ва ғайра аз садҳо ва ҳазорон пурсиши дигар, ки фалсафа ӯҳдадори посух ба онҳост.

3) Хуб, ин ҷоҳост, ки роҳи файласуфон гуногун мешавад: як гурӯҳ аз фалосифа, дар натиҷаи ковишу баррасиҳо, ба ин натиҷа мерасанд, ки ҳастӣ, фаротар аз ин аст, ки мушоҳида мекунем ва ҷаҳони дигаре ҳаст ва офаридгоре ҳаст ва охирате ҳаст ва ғайра, мисли Суқрот, Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Иммануил Кант ва ғайра.

Аммо як дастаи дигар, натиҷаи ковиш ва баррасиҳои фалсафии онҳо ин мешавад, ки на, ҷаҳон ҳамин аст, ки ба ҳавосси худ даркаш мекунем ва ҳар чи ғайр аз он аст, қобили қабул нест ва аз ин рӯ офаридгоре нест ва охирате нест ва ғайра, мисли Фейербах, Маркс, Энгелс, Ниче ва куллан материалистҳо.

4) Он гоҳ, ҳар як аз файласуф, бо таваҷҷӯҳ ба ҷаҳонбиние, ки пайдо мекунад (яъне он чи аз андеша ва тафаккур, ки дар бораи ҷаҳони ҳастӣ ва инсон пайдо мекунад, ки яке масалан худобовар мешавад мисли Суқрот ва Ибни Сино ва яке мункири Худо мегардад, мисли Фейербах ва Ниче ва Бертран Рассел ва яке масалан дуист мешавад ғайра), ҳар як, бо таваҷҷӯҳ ба ҷаҳонбинии худ, роҳи муайянеро барои зиндагӣ тарсим ва нишон медиҳанд, то мову шумо бипаймоем. Ба унвони мисол, Ибни Сино мегӯяд, аз он ҷо, ки ҷаҳони дигаре ҳаст, Худое ҳаст ва ғайра, саодати туи инсон дар ин ё он чиз аст. Аммо касе мисли Маркс, ки ҷаҳонбинии материалистӣ дорад, роҳи комилан дигареро барои саодати инсон тарсим мекунад ва барои ману шумо ироа мекунад, то бипаймоем ва ғайра.

5) Бинобар ин, дунё ҳаргиз ва абадан аз дониши фалсафа бениёз намешавад. Асосан, гуфтани ин ки ба фалсафа дигар ниёз нест, худаш як навъ фалсафа аст ва барои ману шумо роҳ нишон медиҳад, ки чӣ гуна зиндагӣ кунем.

Имрӯза, фалсафае, ки бар ҷаҳон ҳукумат мекунад ва ба ману шумо роҳ нишон медиҳад, фалсафае аст, ки мегӯяд, дигар ниёзе ба афкор ва андешаҳои фалосифае чун Суқрот ё Ибни Сино ва ё Форобӣ ё Кант ва куллан касоне, ки худобовар буданд ва бар асоси он, роҳу равиши хоссе ба башарият ироа медоданд нест. Башар худаш роҳашро ва саодат ва шақоваташро ташхис медиҳад. Ва агар касе ҳам худобовар бошад, бошад, ишколе надорад, аммо дигар ҳаққи амру наҳй надорад, ҳар кас дар интихоби роҳи зиндагӣ озод аст; хост, бигузор издивоҷ накунад ва баччадор нашавад. Ва ё агар дилаш хост, бо ҳамҷинси худаш яъне мард бо мард ва ё зан бо зан издивоҷ кунад ва ғайра.

Ин як фалсафа аст! Фалсафаи бисёр хатарнок, ки зарару зиёнаш ҳанӯз малмус нест, вале анқариб ва дар ояндаи начандон дур ва дар дараҷаи аввал, дар худи Урупо ва Омрико ошкор хоҳад шуд. Ин ки алъон баъзе аз сиёсатмадорон (мисли Тромп ва ҳомиёнаш) дар бораи инқирози насли башарӣ дар натиҷаи ин фалсафаи ғалат ҳушдор медиҳанд, ин ҳушдорҳо комилан дуруст аст, инҳо фаҳмидаанд, ки бо чӣ бало ва мусибате мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Камоли инсон
Иосиф Сталин

Матолиби пурбоздид