Оё инқилобе шабеҳи Эрон дар Арманистон дар ҳоли шаклгирист?
Ёддоште аз Грант Микаилян, пажӯҳишгари Институти Қафқоз дар Ирвон (Ереван) барои Фарорӯ
Fararu
Далели он ки Баграт Галстанян (усқуфи аъзами калисои котулик) ба унвони шахсияти мазҳабӣ раҳбарии ҷунбиши эътирозии Арманистонро дар даст гирифта бад-он хотир аст, ки намояндагони опозисиюн дар мавориди зиёд аз ноябри 2020 ба ин сӯ, шикаст хӯрдааст. Дастури кори аслии кишвар аз поизи (тирамоҳи) 2020, муноқишаи заминӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, амният ва масъалаи Ортсох (Қарабоғи Кӯҳистонӣ) аст.
Акнун Боку хостори дар ихтиёр гирифтани контроли манотиқе дар минтақаи Товуши Арманистон аст ва усқуфи аъзам Галстанян, ки усқуфи Товуш аст низ алайҳи ин хоста мавзеъгирӣ кардааст. Далели дигар он аст, ки ӯ коризмо ва иқтидори шахсии бисёр бештаре дар муқоиса бо сиёсатмадорони Арманистон дорад. Дар мавриди демукросии Арманистон, мутаассифона ин кишвар ҳаргиз ҳатто ба он сатҳе наздик нашуда, ки “демукросии коркардӣ” номида шавад. Акнун маҳдудиятҳои фаровоне дар Арманистон бар сари роҳи фаъолияти расонаҳо вуҷуд дорад. Даҳҳо зиндонии сиёсӣ дар боздошт ба сар мебаранд ва чорчӯби Қонуни асосӣ дар ниҳоят ба нафъи ҳизби ҳоким аст.
Он чи ба иштибоҳ қаламдод мешавад, он аст, ки ин иддао матраҳ шуда, ки ҷунбиши эътирозии ахир таҳти контроли ниҳоди калисо қарор дорад, дар ҳоле, ки ин воқеият надорад, ин ҷунбиш тахти раҳбарии шахси Галстанян аст ва на як ниҳоди мазҳабӣ. Калисо ҳимояте аз Галстанян нишон дода, аммо ҳаргиз ба таври мустақим дар қазия дахолате надоштааст.
Алорағми корзори расонаии зидди калисо, ки акнун аз сӯйи давлат дар ҷараён аст, калисо бештарин мизони таъйидро дар миёни афкори умумии Арманистон дар муқоиса бо соири ниҳодҳо дорад. Ҳудуди 65 дарсади арманиён аз калисо ҳимоят мекунанд. Дар ин миён аммо ақаллияте аз арманиён аз навъе динсолорӣ (теукросӣ)-и масеҳӣ дар Арманистон ҳимоят мекунанд, ки байни 8 то 15 дарсади ҷомеаро ташкил медиҳанд. Дар натиҷа, Галстанян низ талош мекунад, дар ростои барномаҳои умдатан сиёсӣ ва на мазҳабӣ ҳаракат кунад. Бо ин вуҷуд, то миёнаҳои даҳаи 2000, пеш аз густариши интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳувияти мазҳабӣ бар ҳувияти миллӣ дар Арманистон мусаллат буд. Бинобар ин, дастикам дар миёни насли қадимӣ ва куҳансол раҳбарии Галстанян метавонад як дороии изофӣ барои ҷунбиши эътирозии таҳти раҳбарии ӯ бошад.
Давлати феълии Арманистон робитаи хубе бо калисо надорад. Давлат, дарсҳои таърихи калисои арманиро аз муҳтавои низоми омӯзишӣ ҳазф карда ва калисо бахши умдаи имтиёзоти худро аз даст додааст ва Пошиниён аз гурӯҳҳои мазҳабии кучаке, ки дар Арманистон ба унвони фирқа талаққӣ мешаванд, ҳимоят мекунад.
Сӯҳбатҳои Галстанян он гуна, ки ман бардошт мекунам, дар муқоиса бо сиёсатмадорон нисбатан мӯътадил аст ва аносири носиюнолистии тунду тезро дар он надидаам. Агарчӣ барномаи марзии ӯ ба таври куллӣ метавонад ба унвони як барномаи ҷиноҳи рост талаққӣ шавад, аммо дар ҳоли ҳозир чунин нест, зеро аҳзоби опозисиюн бо меъёрҳо ва гароишҳои мухталиф ҳудуди 15 то 25 дарсад аз ҳимоятро бо худ доранд. Бар асоси назарсанҷиҳо, ҷунбиши таҳт раҳбарии Галстанян ҳудуди 53 дарсади ҳимоятро дар ихтиёр дорад ва ҳудуди 25 то 30 дарсади ҳимоят аз давлати Пошиниён дар афкори умумӣ вуҷуд дорад. Бо ин вуҷуд, 88 дарсад аз арманиён бо тағйири марз мухолиф ҳастанд ва бақия ё билотаклиф буда ва ё мувофиқи тағйироти марзӣ мебошанд.
Дар ҳоли ҳозир Галстанян дар ҳоли баргузории силсилаҷаласоте бо мутахассисони риштаҳои мухталиф аст ва онон ба ӯ дар танзими барномаҳояш кӯмак мекунанд. Бинобар ин, ин мавзӯъ метавонад талоше барои эҷоди як стратегияи дар ҳоли ҳаракат бошад.
Шояд дар зоҳир шабоҳатҳое миёни Галстанян ва Оятуллоҳ Хумайнӣ – бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон вуҷуд дошта бошад, аммо тафовутҳое низ миёни онон вуҷуд дорад. Оятуллоҳ Хумайнӣ раҳбари мазҳабӣ барои муддати замони тӯлонӣ буд, ки идеологияи ҳукумати диниро теориза карда буд ва солҳо алайҳи режими Паҳлавӣ мубориза карда буд. Дар Арманистон аммо чунин дастури коре вуҷуд надорад. Бо ин вуҷуд, бархе аз фарохонҳо дар миёни умуми мардум барои мушорикати фаъоли калисо вуҷуд дорад. Бархе аз шабоҳатҳо низ вуҷуд дорад. Ғарбӣ шудани сареъ мушобеҳи давраи Паҳлавӣ акнун дар Арманистон низ дида мешавад, ки боиси асабонияти ақшори суннатитари ҷомеа шудааст. Дар канори он, аммо аз даст додани сарзаминҳо тавассути Арманистон ва вогузории он ба Боку, хашми зиёдеро дар Арманистон барангехтааст.
Дар ин миён, як тафовути қобили таваҷҷӯҳ низ бавежа дар заминаи ҷамъият вуҷуд дорад. Оятуллоҳ Хумайнӣ тавонист ҳимояти ҷомеаи рустоиро, ки ҳудуди 50 дарсади ҷамъиятро ташкил медоданд ва ҳамчунин ҳимояти ҷамъияти шаҳрнишинро, ки рустоиёни тозавориди шаҳришуда буданд касб кунанд. Ҳамчунин дар замони инқилоби 1979, ҷамъияти Эрон бисёр ҷавон буд. Дар муқобил, Арманистон аз соли 1959 дорои ҷамъияти аксаран шаҳрнишин аст ва ҷомеаи пир маҳсуб мешавад. Бинобар ин, дастикам аз назари ҷамъиятӣ, энержии эътирозӣ дар Ирвон (Ереван) имрӯз чанд баробар камтар аз энержии эътирозии Теҳрони 45 сол пеш аст.
Дар ҳоли ҳозир, Галстанян аксарияти ҳимоятро дар манотиқи марзӣ монанди Товуш ва Сивник ва ҳамчунин дар миёни паноҳҷӯёни Ортсох (Қарабоғи Куҳистонӣ) ва бавежа дар миёни табақаи мутавассити Ирвон (Ереван) ба даст овардааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки табақаи мутавассит дар Арманистон аз назари теъдод кам аст, ин амр эътирози Ереванро маҳдуд мекунад, зеро табақаи пойиндаст камокон аз Пошиниён ҳимоят мекунад.
Дар мавриди таъсири кишварҳои хориҷӣ бар таҳаввулоти ҷории Арманистон, ба гумонам Русия мехоҳад аз кашида шудани пояш ба ҷунбиши эътирозии ахир худдорӣ варзад, зеро дар сурати муваффақияти ҷунбиши эътирозӣ, Русия бояд Бокуро, ки мехоҳад шитоби бештаре бигирад ва иқдоми низомӣ анҷом диҳад, аз идомаи кор мунсариф кунад. Бо ин вуҷуд, бархе аз расонаҳои рус аз ҷумла расонаҳои давлатӣ, аз ҷунбиши эътирозӣ ҳимоят мекунанд.
Бинобар ин, Галстанян аз ҳеч кишвари хориҷие ҳимоят накарда, магар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва чандин бор ин корро анҷом додааст.
Акнун эътирозот дар Арманистон ва Гурҷистон ҳамзамон шудаанд, аммо тафовути қобили таваҷҷӯҳе миёни он ду таҳаввул вуҷуд дорад. Дахолати хориҷӣ дар таҳаввулоти Гурҷистон ошкор аст, дар ҳоле, ки рӯйдодҳои ҷории Арманистон бештар ҷанбаи маҳаллӣ ва дохилӣ доранд. Бо ин вуҷуд, агар ба тасвире калон нигоҳ кунем, чӣ хоста ва чӣ нохоста, ҳамаи бозигарони минтақаӣ ба илова опозисион дар Арманистон, ба даргириҳои геопулитикӣ кашида мешаванд ва дар сурати пирӯзии ҷунбиши эътирозӣ, хатари бузургтаре вуҷуд хоҳад дошт.
Дар мавриди нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, ман бовар дорам артиш ба ҷойи ҳимоят аз Пошиниён, аз Галстанян ҳимоят хоҳад кард, аммо баъид аст, ки мустақиман вориди амал шавад. Дар иваз, артиш дар сурати пирӯзии Галстанян дар як набарди сиёсӣ аз ӯ ҳимоят хоҳад кард. Ман гумон мекунам артиш бетарафии сиёсиро дар сурати дархости Пошиниён аз он ниҳод барои саркӯби эътирозоти эҳтимолии оянда дар Арманистон риоят хоҳад кард.
Дар мавриди чашмандози сиёсии Арманистон, ман эҳтимоли вуқӯи инқилобро намебинам, аммо дар баландмуддат ҳимоят аз давлати Пошиниён коҳиш хоҳад ёфт. Аксарияти арманиён акнун мунтақиди давлат ҳастанд. Бо ин вуҷуд, дар миёнмуддат ва баландмуддат агар қудрати хориҷие дар фарояндҳои дохилии Арманистон ба нафъи опозисиюн вориди амал шавад, эҳтимоли вуқӯи инқилоб вуҷуд хоҳад дошт. Акнун аммо алорағми он ки ниҳодҳои ғарбӣ аз давлати Гурҷистон интиқод мекунанд, давлати Арманистонро мавриди интиқод қарор намедиҳанд.
Fararu
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: