Оё хидмате хирсонатар аз ин қобили тасаввур аст?!
Ёддошти Сайидюнус Истаравшанӣ
Дар муддати яку ним соли гузашта, яъне баъд аз амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” дар октябри соли гузашта то ҳамин 10 рӯз пеш, на танҳо размандагони Ҳамос ва муқовимати Фаластин ва низ пуштибонони онҳо аз Меҳвари Муқовимат (Ҷ.И.Эрон, Ҳизбуллоҳ, Ансоруллоҳ, Ҳашдушшаъбӣ ва ғайра) арсаро дар майдон барои “Исроил”-и ғосиб ва ишғолгар танг карда буданд, балки ба баракати ин ҳаракат, озодагони тамоми дунё аз Омрико ва Урупо бигир то Устролиё низ тақрибан ҳамарӯза алайҳи саҳюнистҳо ва Омрико ва куллан нерӯҳои шарр, тазоҳурот ва роҳпаймоиҳо баргузор ва чеҳраи хуношоми саҳюнистҳо ва ҳомиёни қулдураш дар дунё сиёҳ шуда буд.
Аммо бо ҳаракати нобихрадонаи чандто терурист ва гирд омада аз ақсо нуқоти гетӣ – аз уйғуру чечену ӯзбаку тоҷику ғайраву золик – имрӯз Ғазза куллан ба фаромӯшӣ супурда шуд. Бале, дигар аҳаде дар олам барои фаластиниён садо баланд намекунад. Дигар мазлумияти ин мардум ва қаҳтие, ки имрӯз дар ин борика ҳоким аст, ба гӯши аҳаде аз ҷаҳониён намерасад, ин қазия куллан ба фаромӯшӣ супурда шуд.
Ва аз ҳама дардноктар, навори Ғазза низ тибқи тавофуқе, ки байни Ҳамос ва Фатҳ ба миёнҷигарии Миср (ва дар воқеъ дар натиҷаи фишори режими Миср) ҳосил шуд, ба Ташкилоти худгардони Фаластин ба риёсати Маҳмуд Аббос, ки зарфи яку ним сол дамаш дарун буд вогузор мегардад.
Ин аст хидмате, ки ин теруристҳои аблаҳ ва пуштибонҳои онҳо ва аз ҳама муҳим, Урдуғон ба режими кӯдаккуши “Исроил” анҷом доданд.
Оё шумо химате “хирсонатар” аз ин дар дунё суроғ доред?!
Албатта, Урудғон ва аз пушташ Омрико ва “Исроил” ва бо камоли таассуф кишварҳори урупоӣ, барои иҷрои ин барномаи шайтонии худ, теруристҳои аблаҳ ва ҳомиёни онҳоро ҳатто дар миёни тоҷикони худамон, ки мебинед, истифода карданд ва фардо дур хоҳанд рехт. (Инро ба чашмонатон хоҳед дид!)
Ин ҷамоат ҳатто агар бар фарз бар Димишқ низ тасаллут ёбанд, терурист мемонанд ва ин хиёнате, ки ҳамроҳ бо ҳомиёнашон муртакиб шуданд, дар таърих мемонад ва ҳаргиз ин хиёнат фаромӯш нахоҳад шуд.
Қаламонлайн