Паёми вазири хориҷаи Эрон дар остонаи даври чаҳоруми музокирот
Твитти Ироқчӣ дар остонаи даври чаҳоруми музокироти Эрон-Омрико
Ахбори байналмилал
Вазири умури хориҷаи Эрон – Сайид Аббоси Ироқчӣ, дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт:
“Ҳимоят аз наслкушии Натонёҳу дар Ғазза аз тариқи ирсоли силоҳҳои маргбор ва ҷангталабӣ ба намояндагӣ аз Натонёҳу дар Яман, ҳеч дастоварде барои мардуми Омрико надоштааст.
Натонёҳу бо вақоҳат талош мекунад, ба Тромп дикта кунад, ки дар диплумосии худ бо Эрон чӣ коре метавонад анҷом диҳад ва чӣ коре наметавонад. Ҷаҳон ҳамчунин фаҳмида, ки Натонёҳу чӣ гуна мустақиман дар давлати Иёлоти Муттаҳида дахолат мекунад, то онро ба фоҷеаи дигаре дар минтақаи мо бикашонад.
Натонёҳу тими шикастхӯрдаи Бойденро фиреб дод, то 23 миллиард доллар аз пули молиётдиҳандагони омрикоиро ба ӯ бидиҳанд. Ин маблағ, дар баробари ҳазинаи ҳар ҳаракати иштибоҳӣ, ки бихоҳанд алайҳи Эрон анҷом диҳанд, рақаме ба шумор намеравад.
Агар ҳадафи ғоӣ он тавр, ки Тромп боз ҳам гуфт бошад, яъне “танҳо чизе, ки онҳо наметавонанд дошта бошанд, силоҳ ҳастаӣ аст”, тавофуқи қобили дастёбӣ аст, аммо танҳо як роҳ барои таҳаққуқи он вуҷуд дорад: диплумосӣ, бар мабнои эҳтиром ва манофеъи мутақобил.
Ақаллияти “Натонёҳу-аввал” дар Омрико, ки аз диплумосӣ ваҳшат доранд, акнун барномаи воқеии худро ифшо кардаанд. Ҷаҳон бояд таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки авлавияти воқеии онон чист.”
x.com
Қаламонлайн