Паёми Дориюш…

Паёми Дориюш…

Паёми Дориюши Раҷабиён дар сафҳаи шахсиаш, дар Фейсбук

Дирӯз шабакаҳои иҷтимоъии Тоҷикистон ба далоили маълум моломоли паёмҳои шодбошу мадҳу сано ва орзуҳои нек ба раҳбари кишвар буд. Дар орзуи ъумри дароз барои ӯ ман ҳам бегумон шарикам. Рафтани ногаҳони ӯ дар шароити феълӣ метавонад фоҷеъабор бошад.
Орзумандам, ки дерзӣ бошад ва тайи солиёни ояндаи фармонравоиаш дар пайи ислоҳи лағзишҳояш дар мудирият шавад, пояҳои фурӯрехтаи мардумсолориро барпо кунад, мухолифони сиёсиашро, ки ҳеч як хатаре барояш маҳсуб намешавад, раҳо кунад, дари кишварро ба рӯи соҳибонаш – шаҳрвандони Тоҷикистон боз кунад, тамоми дороиҳои мардумро, ки хонадону атрофиёнаш ғасб кардаанд, ба соҳибони аслишон, яъне мардуми Тоҷикистон, пас диҳад, барои ҷилавгирӣ аз фирори сармояи хориҷӣ ҷилави ғорати сармоягузорони хориҷӣ дар кишварро бигирад, аз ҳукумати модомулъумр даст бикашад ва заминаи интихоботи озоду мунсифонаро фароҳам кунад.
Ин корҳоро бояд барои ояндаи Тоҷикистон ё дастикам хонадони худаш анҷом диҳад, вагарна кишвари мо баъд аз сари ӯ ба эҳтимоли зиёд ҳамсарнивишти Либӣ пас аз Қаззофию Ъироқ пас аз Саддом хоҳад шуд. Истибдоду худкомагӣ шояд барои муддате фазои гӯристонӣ (оромиш) барқарор кунад, аммо бегумон он оромиши пеш аз тӯфон хоҳад буд. Оромише пеш аз ҳариқе, ки хушку тарро бо ҳам месӯзонад.
Дар ростои истеҳкоми миллию фарҳангии тоҷикон ҳам, ки дар тӯли 32 соли ахир башиддат осеб дид, мебояст ҳарчи зудтар ба инҳисори мақомҳо ба дасти намояндагони як маҳалли кӯчак поён дод ва муҳимтар аз ҳама, барномаи бозгашт ба хатти модарӣ (порсӣ)-ро пиёда кард, ки танҳо зомини бақои тоҷикон ҳамчун як миллат аст.
Пас эй кош, то ҳаст, аз нихвату такаббур дур шавад, то дар ҷавори мардум (на танҳо ақрабои худаш) мансур шавад.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафҳаи андеша
Дар баробари ҳокимон ва соҳибқудратон чӣ рафторе дошта бошем?

Матолиби пурбоздид