Пешрафт ва тағйир

Пешрафт ва тағйир

Мактаби андеша

Сайидюнус Истаравшанӣ

Ин воқеият, ки одамҳо ва балки ҳамаи мавҷудот – аз кучактарини онҳо гирифта то бузургтаринашон мисли наҳангҳо – буданро бар набудан, вуҷудро бар адам, ҳаёт ва зинда буданро бар нестӣ тарҷеҳ медиҳанд, чӣ тавҷеҳе дорад?

Ин ки як ҳайвон мисли як ҳашара масалан – инсон ҷойи худ – мехоҳад бошад ва несту нобуд нашавад, ин воқеият чӣ гуна тавҷеҳ мешавад?

Донишмандон дар ин хусус чӣ гуфтаанд?

Чӣ гуна ин воқеиятро тавҷеҳ карда ва мекунанд?

Ва ба сухани дигар, чаро мо ва ҳамаи мавҷудот, тавре ҳастем, ки мехоҳем бошем, мехоҳем мавҷуд бошем?

Тавҷеҳ, ки арз мекунам, чистӣ нест, ин ки масалан сабабаш чист, ин нест, балки чароии он аст? Чаро мо чунинем?

Фарқи “чароӣ” бо “чистӣ”

Гоҳе пурсиши мо аз “чистӣ”-и як масъала аст ва гоҳе аз “чароӣ”. Агар як масъала бароямон ноошно ва маҷҳул бошад, мепурсем, он чист? Масалан, агар муаллим сари синф дар мактаб бигӯяд: “Ёхтаҳо тавассути як донишманди англисӣ ба номи Роберт Ҳук дар соли 1665 кашф шудаанд” ва мафҳуми “ёхта” бароямон ноошно ва маҷҳул бошад, аввал аз муаллим мепурсем, “ёхта” худаш чист? Хӯрданӣ аст? Пӯшиданӣ аст? Хулоса, ин чиз худаш чист, то бидонем аз ҷониби ин донишманд кашф шуда будааст? Ва муаллим посух диҳад, ки ёхта “воҳиди хурдтарини сохт, вазифа ва пайдоиши организмҳои зинда мебошад…” ва изофа кунад, ки ба русӣ ба он “клетка” мегӯянд ва ба тоҷикӣ ҳуҷайра низ ба он гуфта мешавад. Дар инҷо ин мафҳум барои мо равшан мешавад. Инро мегӯянд чистӣ. Ин чист, яъне суол аз моҳияти он чиз.

Аммо гоҳе пурсиши мо аз “чароӣ” аст. Ва он вақте аст, ки чистии як чиз бароямон комилан равшан аст, вале иллаташ бароямон маҷҳул аст. Масалан, (фарз кунед) муаллим мегӯяд: “Инсон вақте гурусна мешавад, мехӯрад”. Дар инҷо чистии масъала бароямон равшан аст. Медонем, ки инсон яъне кӣ, гурусна шудан яъне чӣ, хӯрдан чист. Инҳоро медонем ва ниёз нест касе чистии гурусна шуданро бароямон тавзеҳ диҳад ва ё амали хӯрданро баён кунад, инҳо комилан бароямон равшан ҳастанд, вале (ба фарз) намедонем чаро инсон вақте гурусна мешавад, мехӯрад? Иллат ва сабаби он ки одам эҳсоси гуруснагӣ кунад, мехӯрад, бароямон норавшан аст. Ва муаллим бигӯяд: “Сабаби он ин аст, ки ёхтаҳо (ҳуҷайраҳо)-и бадани инсон ниёз ба энержӣ пайдо мекунанд ва ғизое, ки одам мехӯрад, ин таъмини онҳост” ва ё ба гунае дигар тавзеҳ медиҳад. Хулоса, сабаби гурусна шудани инсонҳоро баён мекунад.

* * *

Як аз масоиле, ки ниёз ба тавзеҳ дорад ин масъала аст, ки оё бо пешрафт ва кашфиёти ҷадид донистаҳои инсон низ лузуман тағйир мекунад? Масалан, дар қадимулайём инсон фикр мекард, замин марказ аст ва хуршеду моҳ дар гирди он мечарханд. Батламюс (Птоломей), донишманди Юнони Бостон, ҳамин назарро дошт ва инсонҳо фарзияи ӯро дуруст медонистанд. Баъдҳо маълум шуд, на, ин назар дуруст нест, замин ва моҳ ва боқии сайёраҳои манзумаи шамсӣ дар гирди хуршед мечарханд, замин марказ набудааст.

Ин масъала боис шудааст ин гумон эҷод шавад, ки ҳар чи алъон мо инсонҳо дуруст ва мутобиқ бо воқеъ меангорем, чи басо воқеият чунин набошад. Оё ин дуруст аст?

Ҷавоб: Дар порае маворид ин дуруст аст, вале на дар ҳамаи маворид. Чӣ хел?

Мо аввал бояд масоил ва донистаҳои инсонро аз ҳам ҷудо кунем. Масалан, ин масъала, ки “замин атрофи хуршед мечархад” бо ин масъала, ки “инсон илмдӯст аст”, бо вуҷуди он ки ҳар ду илм ҳастанд, вале бо ҳам фарқ доранд. Зеро маншаи аввалӣ масалан таҷриба ва озмоиш аст, аммо маншаи дуввумӣ озмоиш нест, балки як амри виҷдонӣ аст, яъне чизе аст, ки ҳар инсоне, модоме ки инсон аст, онро ба вузуҳ ва равшанӣ дар худ меёбад. Виҷдон яъне ёфтан.

Дар донистаҳое, ки маншаи онҳо масалан озмоиш ва таҷриба бошад, масъала бале аз ҳамин қарор аст, яъне донистаҳо ва маълумоти мо тобеъи далел аст. Агар Коперник бо роҳҳои илмӣ собит кунад, ки замин дар атрофи хуршед мечархад, на баръакс, илми мо, донистаи мо, маълумоти мо низ тағйир мекунад ва бояд тағйир кунад. Аммо дар донистае, ки маншаи он “виҷдон” аст (яъне ҳамаи инсонҳо онро ба вузуҳ биёбанд ва байни инсонҳо аз назари замон ва ё макон дар ин ёфтан фарқе набошад), ин дигар тағйирпазир нест.

Яъне агар фардо кашфиёти ҷадид барои инсон даст диҳад ва замоне бирасад, ки бештари маҷҳулот барояш кашф шавад ва масалан пояш ба ҳамаи сайёраҳо ва ситораҳо бирасад (бар фарз) ва ё илм барои ӯ хеле чизҳои навро кашф намояд, бо ин ҳама аммо ин дониста, ки “инсон илмдӯст аст”, “инсон мехоҳад бидонад”, “инсон огоҳихоҳ аст” ҳаргиз тағйир намекунад. Инсон модоме ки инсон аст, чӣ дар гузашта ва чӣ алъон ва чӣ дар оянда, ин ёфта собит аст, тағйирпазир нест, магар ин ки инсон дигар инсон набошад. Бале, агар инсон инсон набошад, чи басо ӯ дигар “огоҳихоҳ” набошад.

Ва ё як мисоли дигар. Одам адолатхоҳ аст. Инсон модоме ки инсон аст, ӯ чунин аст, чӣ дар гузашта ва дар ғор мезиста масалан, чӣ дар қуруни вусто, чӣ дар имрӯз. Ва бо тағйири шароит, ин вежагӣ дар ӯ тағйир пайдо накарда. Ин ки Афлотун ва баъдҳо Берунӣ “Мадинаи фозила”-ро менависанд, далелаш қабл аз ҳар чизе, адолатхоҳии инсон аст.

Хуб, оё ин вежагӣ тағйирпазир аст? На.

Албатта, баъзе аз донистаҳои мо, ки виҷдонӣ нестанд, балки мисли дастаи аввал ҳастанд низ бо тағйири шароит, тағйир намекунанд, мисли ин масъала, ки “2×2=4” аст. Одам модоме, ки одам аст, чунин фикр мекарда, чӣ дар даруни ғорҳо ва чӣ дар қуруни вусто ва чӣ имрӯз.

Хуб, он масъала, ки “инсон зинда будан, зинда мондан ва хулоса буданро бар набудан тарҷеҳ медиҳад” ин як масъалаи виҷдонӣ аст, ки қарор нест бо тағйири шароит ва кашфиёти ҷадид масалан тағйир кунад.

Сайидюнус Истаравшанӣ

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Луқмон ва мақоми ҳикмат
Тарҷумаи манзуми сураи Фалақ

Матолиби пурбоздид