Порае аз бозтобҳои шаҳрвандони эронии дохил ва хориҷи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба баёнияи ҷунбиши “Ватандор” дар пайи ҳодисаи теруристии Кирмон:
“Дамат гарм Ватандор! Бисёр матни зебое буд, кош ғарбгадоҳо як зарра аз шуъури шуморо доштанд, бо ин дидгоҳ мушаххасан озодихоҳед, иншоаллоҳ дар оянда нақши муҳимме дар меҳвари муқовамат дошта бошед.”
“Воқеан лаззат бурдам аз ин матни зебо бо гӯиш ва забони салиси тоҷикӣ. Дамат гарм Додоҷон!”
“Агар Эрон набошад, дунё ангуштари бенигин аст. Агар дунё равшан аст, ин равшанӣ аз нур ва фурӯғ ва чароғи Эрон аст!” Аҳсант!
“ДОЪИШ ҷуръат надорад дар Тоҷикистон фаъолият кунад, Доъишиёни Тоҷикистон дар берун аз ин кишвар фаъолият мекунанд, ба эҳтимоли яқин аз Афғонистон ба самти Эрон меоянд, мардум ва давлати Тоҷикистон худро эронӣ медонанд ва иродати хоссе ба таърих ва тамаддун ва фарҳанг ва асотири эронӣ доранд ва дар ҳифзи фарҳанги асил ва бостонии эронӣ бисёр кӯшо ва ҷиддӣ ҳастанд.”
“Мунофиқ! Чӣ қадр сӯхтӣ аз ин матни зебои адибона аз ҳамнажодҳои ориёии наҷибамон дар Тоҷикистон! ДОЪИШ дар Тоҷикистон нест, дар Омрико ва Исроил дуруст шуда… Мунофиқро ба хидмат гирифтаанд ҳайвоноти ватанфурӯши навкари Омрико. Сипоҳ мушакро аввал бояд ба даҳани шумо ғарбгадоёни мунофиқ бизанад!”
“Чӣ матни қашнаге! Худо ба доди мо ва ҳамаи мусалмонон бирасад! Аллоҳумма аҷҷил ливалийикал-фараҷ!”
“Қашанг ва бомаънӣ буд!”
“Дамат гарм! Яке аз қашангтарин таҳлилҳо ва таъорифе, ки мешуд аз Эрони бузург ва азизамон кард…”
“Чӣ қадр матни зебое! Чӣ қадр эҳсосоти зебое нисбат ба Эрони азиз!”
“Салом ҳамдарди озодагони ҷаҳон махсусан форсизабонон бар ин захми ҷонкоҳ, ба умеди ҳамбастагии ҳамаи инсоният!”
“Худтаҳқирҳо бихонанд ва балки огоҳ шаванд!”
“Агар Эрон набошад, дунё ангуштари бенигин аст. Агар дунё равшан аст, ин равшанӣ аз нур ва фурӯғ ва чароғи Эрон аст! Басе касон ва нокасон дар дунё ҳастанд, ки бо ҳасодат ба озодагон ва фарзонагони ин мамлакат менигаранд. Ҳеч кишваре дар дунё нест, ки мисли Эрон бадхоҳ дошта бошад. Терури имрӯза дар Кирмон, ҳамлаи шағолон ба қароргоҳи шерон аст…”
“Салому дуруд бар ҳамватанони тоҷикистонии мардуми Эрон! Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамагӣ ҳамватанони дар се иқлиманд, ки тавассути рӯбоҳи пир байнашон ҷудоӣ афтода.”
“Ноз қаламат.”
“Ноз қалами ин ҳамзабони тоҷикам! Бинозам ба ғайратат! Марҳабо! Дар зимн, ақоид ва рафтори як мунҳарифро набояд ба ҳисоби ҳама гузошт.”
“Дуруд ба шумо! Эрон ва Тоҷикистон канори ҳам хоҳанд буд.”
“Теруристҳои тоҷикӣ ҳам восаи шумост…”
“Теруристи эронӣ ҳам кам надоштем. Адрес: Олбонӣ (Албания)
“Аз ин ҷунбиш шинохте надорам, вале ҳақиқатро ба зебоӣ баён карда!..”
“Салом бар бародари ҳазоронсола! Саломи Эронзамин бар бародарони тоҷик!”
“Дуруди фаровон бар ин ҳамватани солҳои начандон дур!..”
“Дуруд бар шарафат!”
“Чӣ қадр зебо! Илоҳӣ шукр, ки ҳамчунин дӯстоне ҳам дорем!”
“Мутаассифона бархе намефаҳманд, ки ДОЪИШ як навъ тафаккур ва бовар ва маромнома аст…”
“Ҳоло одам мутаваҷҷеҳ мешавад чаро Раҳмон раисиҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон иҷоза намедиҳад зери 18 сол вориди масҷид бишаванд!..”
“Чӣ қадр дақиқ, зебо ва бомаърифат!”
“Офарин! Хеле зебо навишта шудааст.”
“Агар ихтилофе байни эронӣ ва афғонӣ ва тоҷик ба вуҷуд омада, кори истеъмор аст. Мо аз ҳам ҷудошуданӣ нестем!”
“Аҳсант ба ин ғайрати мусалмони боиззат!”
“Марҳабо ба ин суханони дурандеш! Ҳеч чиз наметавонад байни миллати Эрон ва Тоҷикстони ҳамзабон фосила биандозад.”
“Дуруд бар ҷунбиши “Ватандор” ва Додоҷон Атовулло ва насри зебо ва зебандаи ӯ дар бораи Эрони Исломеӣ ки дар ҳақиқат дунё бидуни Эрони Исломӣ зулмате беш нест…”
“Бисёр дилнишин ва пурмағз ва хеле баҷо ва дуруст. Офарин! Мо барои бӯсидани хоки сари қуллаҳо, чӣ сафарҳо кардаем, чӣ хатарҳо кардаем…”
“Аллоҳ ёрат Коку! Худо нигаҳдорат Коку!..”
“Дуруди Худо бар ҳамхун ва бародарон ва хоҳарони тоҷикам! Эрон, ватани ҳамаи порсизабонони дунёст. Гарчӣ ватан бо номардӣ тикка-тикка шуд ва марзҳои моро ҷудо карданд, аммо мо ба андозаи таърих бародар ва ҳамхун ҳастем. То ҷаҳон побарҷост, Эрон маъмани фарзандони худ хоҳад буд1”
“Бадхоҳон ба дунболи эҷоди душмани байни эронӣ ва тоҷикистонии ҳамзабон ҳастанд ва умедворам, ки муваффақ нашаванд!..”
“Ёдатон наравад, Тоҷикистон дар саркӯби мусалмонон дар даҳаи навади мелодӣ нақши муассире дошт, Тоҷикистон кишвари секулор ва зидди исломӣ ҳаст, мо бо тоҷикҳо коре надорем,.. Тоҷикистон шуда маъмани доъишиҳо!..”
“Дуруд бар ҳамватани фарҳангӣ ва ҳамватан ҷуғрофиёии чанде пеши мо, тоҷикистониҳои ориётабор!”
“Яке мисли Алӣ Каримӣ, ки ҳар чи дорад, аз ин миллат аст, (ӯ) бо паёми вақеҳаш намак бар захми хонаводаи шуҳадо ва миллати сӯгвор мепошад. Яке ҳам мисли ин бародари тоҷикистонӣ ва ҷунбиши “Ватандор”-и Тоҷикистон бо баёнияи зебо ва самимонаш марҳам бар захми миллати доғдида ва сӯгвор мегузорад. Зимни ташаккури самимона аз Додоҷон Атовулло ва ҷунбиши “Ватандор”-и Тоҷикистон…”
“Дамат гарм пораи тани сарзамини модариам, Афғонистон, Тоҷикистон, Курдистон, Орон (Осетия) ва Арман, Самарқанд ва Бухоро ва… пораҳои ҷудошуда аз сарзамин, фарҳанг ва забони Эрон ҳастанд. Агарчӣ мумкин аст аз ҳар як аз манотиқи фавқ иддае фиреб бихӯранд, вале ҳисоби бародарии мо ҷудост..”
“Дуруд бод ҷаноб! Чӣ қадр боэҳсос ва пурэҳсос, чӣ таъобири зебое, “нигини дунё ва ҷаҳон, бом, ғамшарикем…” чӣ қадр олӣ, ман агар ҷойи Фарҳангистон бошам, ин матнро ҷузъи осори форсӣ мегузорам…. Ин матнро дар шабакаҳо нашр бидиҳед…”
Ва ғайра…
* * *
Гуфтанист, баёнияи ҷунбиши “Ватандор” ба гузориши хабаргузории Машриқ ба шарҳи зайл аст:
“Беш аз сад кушта ва зиёда аз 200 захмӣ дар як рӯзи зимистонӣ кори дасти кист?
Солҳост, ки Омрико ва Исроил Эронро таҳдид мекунанд. Махсусан, баъди ҷанг бо Фаластин. Ду шайтон, яке кучак ва дигаре калон, орзу мекунанд, ки дар харитаи ҷаҳон, Эрон набошад. Агар бошад ҳам Эроне бошад, ки аз Вошингтун ё Телавив идора шавад, мисли аксари кишварҳои Ховари Миёна.
Агар Эрон набошад, дунё ангуштари бенигин аст.
Агар дунё равшан аст, ин равшанӣ аз нур ва фурӯғ ва чароғи Эрон аст.
Басе касон ва нокасон дар дунё ҳастанд, ки бо ҳасодат ба озодагон ва фарзонагони ин мамлакат менигаранд.
Ҳеч кишваре дар дунё нест, ки мисли Эрон бадхоҳ дошта бошад. Терури имрӯза дар Кирмон ҳамлаи шағолон ба қароргоҳи шерон аст.
Сухан гуфтан дар мавриди ин ҳамлаи ваҳшиёна сахт мушкил аст. Онҳое, ки ба ин ҷиноят даст заданд, бояд бидонанд, ки Эронро ҳеч гоҳ наметавонанд ба зону биншонанд. Эрон танҳо ба Худо саҷда мекунад.
Эроне, ки қариб ним сада аст, ки нисфи дунё таҳримаш карданд, вале Эрон як қадам ба ақиб барнагашт.
Эрон, кӯҳест, ки аз сангпартоии бадхоҳон абрӯяш хам нахӯрд. Ин кӯҳи азим ҳамеша побарҷост. Ин кӯҳи баланд номус ном дорад. Ин кӯҳи баланд иззат ном дорад. Ин кӯҳи баландро ҳеч абарқудрате наметавонад фатҳ бинамояд. Дар тамоми дунё баландтарин қуллае, ки ҳаст ва менамояд, Эрон ном дорад.
Макони шаҳидон ҷаннат бод! Ба азодорони Кирмон таслият мегӯем. Бо миллати азизи Эрон ғамшарикем. Тоҷикистон бо шумост!
Поянда бод Эрон!
Душманонат хору залил гарданд ва сангҳое, ки ба ту меандозанд, санги қабрашон бод!
Худо ёрат, Эрони танҳо!”