Расонаи исроилӣ: “7-октябр сабаби афзоиши таваҷҷӯҳи омрикоииҳо ба ислом шудааст”

Расонаи исроилӣ: “7-октябр сабаби афзоиши таваҷҷӯҳи омрикоииҳо ба ислом шудааст”
Ба навиштаи як рӯзномаи исроилӣ, ҳаводиси 7-уми октябр ва дар пайи он, куштори фаластиниҳо, сабаби таваҷҷӯҳ беш аз пеши ҷавонони омрикоӣ ба ислом ва Қуръон шудааст.
Дар ҳафтаҳои гузашта, гузоришҳои мутаъаддиде аз таваҷҷӯҳи ҷавонони омрикоӣ ба Қуръон ва қироати он дар расонаҳо мунташир шуд. Бисёре аз видеоҳои кӯтоҳ дар шабакаи иҷтимоии Tik Tok даст ба даст шуд, ки нишон медод духтарони ҷавон аз хондани Қуръон ва ошноӣ бо бархе мафоҳими он ҳаяҷонзада ҳастанд.
Рӯзномаи исроилии Едиот Аҳронот дар сойти худ гузорише дар ин хусус мунташир кард ва навишт: “Ҷавонони омрикоӣ ба дунболи маъно ҳастанд ва ба далоиле онро мушаххасан дар ислом меёбанд”.
Ин рӯзнома менависад: “Ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 дар зоҳир ба манзилаи зарбаи корӣ ба мусалмонон дар Омрико буд ва дар натиҷаи он падидаи исломҳаросӣ ривоҷ ёфт ва зиндагии онон сахт шуд, аммо дар айни ҳол, як падидаи дигар ҳам шакл гирифт. Кунҷковӣ ва эҳтимом ба ислом дар миёни омрикоиҳо, аз дигар динҳо бештар… ва Қуръон яке аз пурфурӯштарини китобҳо шуд”.
Элад Бен Довуд, коршиноси умури исломӣ дар Омрико, ба Едиот Аҳронот гуфт: “Ба баёне дигар, иттифоқоти 11 сентябр ба манзилаи бузургтарин таблиғ барои ислом дар ҷаҳон шуд, дар натиҷа сабаби густариши он дар ҳама ҷойи ҷаҳон шуд. Андешамандон ва мубаллиғони исломӣ хеле талош карданд, то дар муқобили ҳаҷмаҳо ба ислом, тавзеҳ диҳанд, ки ислом дини сулҳ аст… Баъдтар, ки шабакаҳои иҷтимоӣ падид омад, онҳо шаҳрвандонро ба сӯйи ислом даъват ва ба муаррифии ислом дар ҷомеаи омрикоӣ пардохтанд”.
Едиот Аҳронот ба иттифоқе ҷадид дар ҳафтаҳои гузашта ишора кард ва навишт: “Шабакаи иҷтимоии Tik Tok ахиран пур шуд аз видеои ҷавонони омрикоӣ, ки бояд бигӯем бештарашон духтарон ва занони ҷавон буданд, ки аз хондани Қуръон ҳаяҷонзада ва аз муҳтавои он шигифтзада шуда буданд”.
Он чи ин равандро ташдид карда, кушта шудани мардум дар Ғазза низ ҳаст. Едиот Аҳронот дар ин хусус навишт: “Ҷанги Исроил дар Ғазза дар пайи иттифоқоти 7-уми октябр ва тасовире аз ранҷи мардуми навори Ғазза, ангезаи зиёде ба омрикоиҳо дод, то ба Қуръон ва ислом таваҷҷӯҳ кунанд. Ин бор он қишр яъне насли Z мухотаби Қуръон қарор гирифтанд; касоне, ки дар Қуръон ва навиштаҳои муртабит бо он, маорифе нисбат ба ҷаҳон ёфтанд ва тасмим гирифтанд рӯ а он оваранд”.
Ин рӯзномаи исроилӣ афзуд: “Меган Райс, фаъоли иҷтимоии машҳури омрикоӣ, як моҳ пеш, ки дар видеое шигифтии худ аз мизони истиқомати мардуми Ғаззаро иброз карда сипас ба дигарон тавсия карда буд, ки барои донистани рози ин пойдорӣ, Қуръон бихонанд ва дар ниҳоят тайи ҳафтаҳои ахир худаш ислом овард ва ҳиҷоб ба сар гирифт, танҳо омили ин масъала нест. Райс бахше аз касоне аст, ки ба суръат миёни насли Z маъруф шудаанд. Насли Z дар Қуръон ва ислом маъоние ёфта, ки онҳо ба арзишҳои он имон доранд мисли арзишҳои озодӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ ва муқовамат дар баробари ҷаҳони зӯргӯ ва баҳраҷӯ ва абзоре муассир барои ба чолиш кашидани ниҳодҳо ва наслҳои собиқ”.
Едиот Аҳронот дар идома ба чароии ин гароиш дар Омрико пардохт ва навишт: “Хеле осон нест, ки бифаҳмем рози ин шефтагии насли Z ба Қуръон чист, он ҳам аз диди мо исроилиҳо. Тафсирҳои мубҳаме аз масъала мешавад ва бархе ҷавонони Tik Tok аз тавсияҳое дар Қуръон дар хусуси “иттисолли қалбӣ” сӯҳбат микунанд ё бархе дигар мегӯянд, Қуръон ба мардон дастур дода, ки ҳазинаи ҳамсаронашонро бипардозанд ва нафақа бидиҳанд ё агар марде наметавонад бо ҳамаи ҳамсаронаш ба мусовот ва адл рафтор кунад, ба як ҳамсар басанда кунад. Бархе дигар гуфтаанд, дар Қуръон як гармӣ, тасомуҳ ва ҳамдардӣ ҳис кардаанд, ки дар муҳити сахтгиронаи масеҳӣ, ки дар он рушд кардаанд, набудааст”.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пойгоҳи Омрико дар Сурия ҳадафи ҳамла қарор гирифт
Макрон: Нобудии Ҳамос имконпазир нест

Матолиби пурбоздид