Расонаи омрикоӣ: Эрон аз хоки худ ба Исроил ҳамла мекунад

Расонаи омрикоӣ: Эрон аз хоки худ ба Исроил ҳамла мекунад

Bloomberg: Вокуниши Эрон наздик аст

Ахбори байналмилал

Сойти хабарии омрикоии Axios ба нақл аз мақомоти исроилӣ гуфтааст, ки онҳо “барои як ҳамлаи мустақими бесобиқа аз хоки Эрон бо истифода аз мушакҳои болистик, паҳподҳо ва мушакҳои круз омода мешаванд.”

Ин мақомот гуфтанд:

“Дар чунин сурате, Исроил бо ҳамлаи мустақим ба Эрон посух хоҳад дод.”

Ба дунболи ҳамлаи Исроил ба сафорати Эрон дар Димишқ ва шаҳодати 7 узви Сипоҳ, сатҳи таниш миёни Эрон ва Исроил ба шиддат боло рафт. Дар ҳамлаи Исроил ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқи Сурия, 7 узви Сипоҳ аз ҷумла 3 фармондеҳи олирутбаи нерӯи Қудси Сипоҳ ба шаҳодат расиданд. Эрон баъд аз он ваъдаи интиқом ва вокуниш додааст.

Хабаргузории омрикоии Bloomberd ҳам имрӯз ба нақл аз афроди огоҳ аз гузоришҳои иттилоотии амниятӣ хабар дод, Омрико ва муттаҳидонаш “бар ин боваранд, ки посухи Эрон ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии Теҳрон дар Димишқ наздик шудааст.”

Ин манобеъ гуфтанд, ҳамалоте, ки эҳтимолан тавассути Теҳрон ё авомили он дар минтақа анҷом мешавад “марокизи низомӣ ва давлатӣ дар Исроилро ҳадаф қарор хоҳанд дод.”

Ин манобеъ ба ин расонаи омрикоӣ таъйид карданд, ҳамлаи эҳтимолӣ “мумкин аст дар рӯзҳои оянда бо истифода аз мушакҳо ё паҳподҳое бо диққати боло анҷом шавад.”

Манобеи огоҳ ба Axios гуфтанд, мақомоти омрикоӣ ва исроилӣ дар чанд рӯзи гузашта барои омода шудан барои посухи Эрон гуфтугӯ кардаанд.

Вазири дифои Исроил ҳам ба тозагӣ бо Луидд Остин, вазири дифоъи Омрико дар бораи таҳдидоти Эрон сӯҳбат кард.

Axios ба нақл аз як мақом навишт, вазири умури истротежии Исроил, рӯзи сешанбе, дар иртибот бо Эрон бо Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Омрико тамоси телефонӣ доштааст.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Омрико гуфт, Блинкен рӯзи чаҳоршанбе бо Галант (вазири дифои Исроил) гуфтугӯ ва бар ҳимояти Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз амнияти Исроил таъкид кард. Вазири хориҷаи Омрико ҳамчунин ба сароҳат эълом кард, Вошингтун дар баробари ҳар гуна таҳдиде аз сӯйи Эрон ва авомилаш дар канори Исроил хоҳад истод.

Axios ҳамчунин ба нақл аз як мақоми баландпояи исроилӣ гуфт: “Исроил аз Омрико хост, то бо ирсоли паёмҳои ҳушдори хусусӣ ва умумӣ ба эрониҳо ва барҷаста кардани қудрати худ дар минтақа, ба маҳдуд кардани вокуниши Эрон кӯмак кунад.”

Bloomberg ба нақл аз афроди ошно бо иттилооти амниятии маҳрамона эълом кард, Омрико ва муттаҳидонаш мӯътақиданд, посухи Эрон ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии Теҳрон дар Димишқ қарибулвуқӯъ аст ва аз тариқи ҳамалоти мушакӣ ё ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, густарда анҷом хоҳад шуд.

Як мақоми исроилӣ ба Axios гуфт: “Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар рӯзҳои ахир дар бораи падофанди ҳавоӣ ва мушакии муштарак дар минтақа, қабл аз ҳамлаи эҳтимолии Эрон, ҳамоҳангӣ кардаанд.”

Bloomberg

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дархости Омрико аз вазирони хориҷаи 4 кишвар: “Бо Амирабдуллоҳиён тамос бигиред ва паёми Омрикоро мунтақил кунед”
Суханони Исмоил Ҳаниа дар бораи шаҳодати фарзандонаш

Матолиби пурбоздид