Робитаи фитрат ва тарбият

Робитаи фитрат ва тарбият

“Ҳар ҳисси фитриро бо тарбият хеле хуб мешавад парвариш дод. Мо дар умри худамон воқеан дидаем афродеро, ки зоиқаи онҳо ин ҷур шукуфта шуда буд. Зоиқаи онҳо аз зикру ёди Худо лаззат мебурд, ки аз ҳеч ғизои матбӯъе ва аз ҳеч лаззати ҷисмӣ он қадр лаззат намебурд. Зоиқаи чунин инсоне ба гунае аст, ки аз ибодат лаззат мебарад, аз ҳидоят ва иршоди мардум лаззат мебарад, аз хиёнат кардан ба мардум танаффур дорад, аз ғайбат танаффур дорад. Агар Худо ҳам ба ӯ бигӯяд, ман туро ба хотири ғайбатҳоят азоб намекунам ва ба хотири ростгӯият подош намедиҳам, аз ин соат таклифи мо аз дӯши ту бардошта шуда, худат мухтор ва озодӣ, мехоҳӣ ғайбат бикун, мехоҳӣ ғайбат накун, боз ҳам ғайбат намекунад, чун зоиқааш расида ба ҳадде, ки аз ғайбат кардан ва тӯҳмат задан ва фаҳшо ва аз ҳар кори зиште танаффур дорад, зебоии адолатро дарк мекунад, зебоии эҳсонро дарк мекунад, зиштии фаҳшоро дарк мекунад.
Аҷиб таъбире дорад Қуръон; мегӯяд, маъруф ва мункар. Мункар яъне зишт:
إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَالْإِحْسَانِ وَإِيتَاءِ ذِي الْقُرْبَى وَيَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ وَالْبَغْيِ يَعِظُكُمْ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ
“Ҳамоно Худо фармон ба адлу эҳсон медиҳад ва ба базлу атои хешовандон амр мекунад ва аз корҳои зишт ва мункар ва зулм наҳй мекунад ва ба шумо аз рӯйи меҳрубонӣ панд медиҳад, бошад, ки мавъизаи Худоро ба ёд оваред.” (Наҳл/90))…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Фалсафаи ахлоқ)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фалсафаи ахлоқ – Х
Сипос Худовандро…

Матолиби пурбоздид