Роҳпаймоиҳо дар Яман дар ҳимоят аз Ғазза

Роҳпаймоиҳо дар Яман дар ҳимоят аз Ғазза

Роҳпаймоиҳои густарда дар Яман дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза

Ахбори байналмилал

Alalam

Мардуми Яман бо баргузории роҳпаймоииҳои густурда дар устонҳои Саъда ва Рима дар шимол ва ғарби Яман, бар ваҳдати роҳ ва сарнавишти миллатҳои Яман ва Фаластин таъкид карданд.

Ба гузориши Алъолам, дар баёнияи роҳпаймоииҳои густурда дар устонҳои Саъда ва Рима дар шимол ва ғарби Яман омадааст: “Мо бар ваҳдати роҳ ва сарнавишти миллати Яман ва Фаластин таъкид мекунем. Мо дар тамоми сутуҳ ба ҳимоят аз Ғазза ва мардуми Фаластин то таҳаққуқи пирӯзӣ идома хоҳем дод ва мавзеъи сукуткунандагон дар баробари таҷовузгарии режими ишғолгари Исроилро маҳкум мекунем.”

Дар баёнияи роҳпаймоии Саъда бар таҳрими иқтисодии колоҳои омрикоӣ ва исроилӣ ва ширкатҳои ҳомии онҳо, таъкид шудааст.

Роҳпаймоикунандагон шиорҳое алайҳи Омрико ва режими саҳюнистӣ сар доданд ва бар ҳимоят аз мардуми мазлум ва бедифоъи Фаластин таъкид карданд.

Дар идомаи ин баёния омадааст: “Амалиёти ҷиҳодии нерӯҳои мусаллаҳи Яман, ҷунбишҳои Ҷиҳод ва муқовамат дар Фаластин, Лубнон ва Ироқро таҳсин мекунем. Ҳамалоти Омрико ва Ангилис ба Яман, нақзи ҳокимияти Санъо аст ва ин иқдомот бидуни муҷозот нахоҳад монд.”

Alalam

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳ ба таъсисоти ҷосусии Исроил
Ҳамнишинӣ бо хонавода

Матолиби пурбоздид