Русия таҳдиде барои Қазоқистон эҷод намекунад

Русия таҳдиде барои Қазоқистон эҷод намекунад

Ахбори минтақа

Ба гузориши Рarstoday, вазири умури хориҷаи Қазоқистон бо ишора ба равобити Остона бо Маскав гуфт, аз сӯи Русия эҳсоси хатар намекунем.

Мухтор Тилавбердӣ, вазири умури хориҷаи Қазоқистон гуфт, ин кишвар иҷоза нахоҳад дод, ки аз хоки худ барои ҳеҷ гуна таҳоҷуму таҳрим истифода шавад, аммо дар ҳоли ҳозир мо ҳеҷ хатар ё таҳдиде аз сӯи Федератсияи Русия намебинем ва эҳсос намекунем.

Тилавбердӣ афзуд, Қазоқистон яке аз аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, кишварҳои ИДМ, ҳамроҳ бо соири кишварҳоест, ки бо Русия ҳаммарз ҳастанд ё дар ин минтақа қарор доранд, бинобар ин мо робита бо Маскавро ба унвони як иттиҳод медонем, ки дар чорчӯби ин сохторҳои чандҷониба амал мекунад.

Вазири хориҷаи Қазоқистон ҳамчунин таъкид кард, ки равобити дуҷониба байни Остона ва Маскав чорчӯби қонуниву муҳкаме вуҷуд дорад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амрико: Ҳаргиз иҷозат намедиҳем Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад!
Толибон ба шаҳрвандон шиноснома содир мекунад

Матолиби пурбоздид