Рӯҷӯъ
Дилнавиштаҳои адабӣ
Мехоҳам болу пар барораму парвоз карда то назди абрҳои ғам биравам.
Гӯям: Баҳори нозанин омада, талу теппаҳои сабзпироҳанро намебинӣ?
Намебинӣ, ки олам гулпӯшу гулбасар шуда, мардум ба киштукор бо умед сар кардаанд.
Эй абри ғамгин чаро борони ғуссаро мефиристӣ, оё ту душмани табиатӣ?
Намешавад резаборони баҳориро бифиристӣ, ки баъди каме рехтан ба машом бӯйи замину хок, атри гулу сабзаву баргро расонад. Атрофро фаро гирад.
Он абраки ғамгин суханҳои маро гӯш мекунад ва мегӯяд:
– Интизор бош, ман бояд маслиҳат кунам.
Ва ман интизори ӯ аз Худовандам мепурсам:
– Парвардигори ман нурҳои ҷонбахшатро арзон барчош кун, ки мисли пештар офтоби тобонат нурафрӯзӣ кунад, ба лаби одамон ханда эҳдо кунад, ба хотири фардои некат чашм аз хоб бикшоянд ва ҳеҷ беморӣ дар рӯйи дунё дигар набошад, ба подоши табассуми беғаши фарзандон, бозгашти мусофирон, чеҳраи сурху сари болои модарон, бо ормони рӯзҳои фирӯз, саодату васли ошиқон, танҳо умед ба ту, такя ба ту хоҳам кард…
Маҳрафзои Азиз
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн