Садои ожири хатар дар шаҳри исроилии Илот
Исроил муддаии раҳгирии мушак шуд
Ахбори байналмилал
Манобеи хабарӣ баъд аз зуҳри имрӯз (чаҳоршанбе, 6 декабр) аз ба садо даромадани ожирҳои хатар дар шаҳри саҳюнистнишини Илот дар ҷануби Фаластини ишғолӣ хабар доданд.
Ба гузориши Ирно ба нақл аз расонаҳои саҳюнистӣ, ожирҳои хатар дар шаҳри бандарии Илот дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ ба садо даромадааст.
Дар ҳамин росто, артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ожирҳои хатар илова бар Илот, дар Асқалон ва шаҳракҳои муҷовири навори Ғазза низ ба садо даромадааст.
Радиои артиши режими саҳюнистӣ низ аз эҳтимоли ҳамлаи мушакӣ ва ё паҳподӣ аз мабдаъи Яман ба Илот хабар додааст.
Артиши режими саҳюнистӣ дар ин бора муддаии раҳгирии як мушаки “Замин ба замин”-и партобшуда ба Илот аз баҳри Сурх шудааст.
Қаламонлайн