Сайид Муҳаммади Хотамӣ: “Ба дуктур Пизишкиён раъй хоҳам дод”

Сайид Муҳаммади Хотамӣ: “Ба дуктур Пизишкиён раъй хоҳам дод”

Ахбори байналмилал

Jamaran

Дуктур Масъуди Пизишкиён, номзади риёсати ҷумҳурии Эрон, асри имрӯз бо Сайид Муҳаммади Хотамӣ, раиси давлати ислоҳот дидор кард.

Ба гузориши Ҷаморон, дар ин дидор, раиси давлати ислоҳот, бо тақдир аз соддазистӣ, покдастӣ, мардумгароӣ, шуҷоат ва пойбандии дуктур Пизишкиён ба мавозини ахлоқӣ, изҳори умедворӣ кард, то ҷомеаи хостори таҳаввул ва ислоҳ рӯйкардҳо ва равияҳои ҳоким; барномаҳо, авлавиятҳо ва гурӯҳи ҳамкорони эшонро дар ҷиҳати хостаҳои худ бибинад ва эътимоди ҷомеа ба давлат ва интихобот баргардад.

Сайид Муҳаммади Хотамӣ гуфт: “Ҳамон гуна, ки пеш аз таъйиди салоҳияти номзадҳо гуфтаам, худро мутаъаҳҳид ба ҳимоят аз номзадҳои ҷабҳаи ислоҳот медонам.”

Вай афзуд: “Ҳол бо ибрози таъассуф аз радди номуваҷҷаҳи бисёре аз номзадҳои шоиста, эълом мекунам, ки ба унвони як шаҳрванд толиби хайру салоҳи миллат ва ислоҳи умур, ба дуктур Пизишкиён раъй хоҳам дод.”

Jamaran

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

1 шаҳид ва 14 захмӣ дар ҳамлаи Исроил ба сохтмони маскунӣ дар ҷануби Лубнон
ТУРАН И ИРАН

Матолиби пурбоздид