Сайидҳасан Насруллоҳ: “Душман медонад, ки бояд аз замин, дарё ва осмон мунтазири мо бошад”
Ахбори байналмилал
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар маросими ёдбуди шаҳид Толиб Самӣ Абдуллоҳ, аз фармондеҳони Ҳизбуллоҳ, гуфт: “Агар ҷанг ба Лубнон таҳмил шавад, муқовамат бидуни зобита, қоъида ва маҳдудият хоҳад ҷангид.”
Ба гузориши хабаргузории Алъаҳд, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар маросими ёдбуди шаҳид Толиб Самӣ Абдуллоҳ, аз фармондеҳони фақиди Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта дар ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба шаҳраки Ҷӯё дар ҷануби Лубнон ба шаҳодат расид, ба хонаводаи шуҳадои имрӯз ва ҳафтаҳои гузаштаи муқовамати исломӣ табрик ва таслият гуфт ва аз даргоҳи Худованди Мутаъол хост, ки ин шуҳадоро қарини раҳмати восеъаи илоҳӣ қарор диҳад.
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: “Ҷабҳаи пуштибонии Лубнон, ба амалиёти худ идома медиҳад ва ҳамроҳ бо ҷонфишонӣ, ба душман талафоти молӣ, ҷонӣ, руҳӣ ва равонӣ ворид мекунад. Аз равшантарин далоили қудрати таъсири ҷабҳаи Лубнон фарёде аст, ки аз фармондеҳони душман ва шаҳракнишинон мешунавем. Агар рухдодҳои ҷануби Лубнон бетаъсир буд, оҳу фарёдҳои ононро намешунидем.”
Насруллоҳ идома дод: “Аз оғози набард дар ҷабҳаи Лубнон барои пуштибонӣ аз Ғазза, мошини расонаии густардае рӯйи пинҳон кардан ва кучакнамоии дастовардҳо ва ҷонфишониҳои ҷабҳаи ҷанубӣ ва ҷабҳаҳои пештибонӣ кор кардааст.”
Вай афзуд: “Бар асоси изҳороти фармондеҳони душман, ҷабҳаи Лубнон беш аз 100 ҳазор низомии душман ва чандин лашкари онро машғули худ кардааст. Агар ин ҷабҳа набуд, нерӯҳои кофӣ барои шикасти Ғазза фароҳам мешуд. Ҷабҳаи Лубнон нерӯҳои душманро, ки бахше аз онҳо нерӯҳои вежа ҳастанд, аз мушорикат дар ҳамла ба Ғазза боздошт, зеро душман аз вуруди муқовамат ба Ҷалил бим дорад; мавзӯъе, ки дар сурати густариши даргирӣ матраҳ аст.”
Ишғолгарон талафоти худро дар ҷабҳаи шимол пинҳон мекунанд
Насруллоҳ идома дод: “Ишғолгарон талафоти худро дар ҷабҳаи шимол пинҳон мекунанд, то бо фишори бештар рӯ ба рӯ нашаванд. Ҷабҳаи Лубнон дар канори фарсоиши душман, даҳҳо ҳазор шаҳракнишинро кӯчонд ва зиёнҳои иқтисодӣ ва гардишгариро ба душман ворид кард ва ҳатто барои нахустин бор камарбанди амниятӣ дар шимоли Фаластин эҷод шуд. Чеҳраи низомӣ, амниятӣ ва боздорандагии душман аз ҳам фурӯ пошида ва артиши он шикастхӯрда, аз ҳам пошида, хаста ва муталошӣ ба назар мерасад.”
Шикасти роҳбурдӣ барои 2 новгон дарёии бузурги ҷаҳон
Вай афзуд: “Пас аз 8 моҳ ҷанг, душман аз шикасти Омрико ва Ангилис дар муқобила бо размандагони муқовими Яман ва ҳимоят аз киштиҳои озими режими саҳюнистӣ сухан мегӯяд. Ин як шикасти роҳбурдӣ барои ду новгони дарёии бузурги ҷаҳон аст.”
Насруллоҳ гуфт: “Душмани саҳюнист ба далели адами тавоноӣ дар рӯёрӯӣ бо ҷабҳаҳои мутаъаддид, Омрико ва Ангилисро ба ҷабҳаи Яман фиристод; ҷабҳае, ки шикасти Вошингтун ва Ландан дар таваққуфи амалиёти он ва нотавонии душман дар муқобила бо онро ҳувайдо сохт.”
Набарди афсонаӣ дар Ғазза дар ҷараён аст
Вай афзуд: “Набарди афсонаӣ дар Ғазза дар ҷараён аст ва душман бо талафот мувоҷеҳ шудааст. Бо вуҷуд бомбборон ва ҳузури чандин лашкари артиши душман дар Ғазза, душман натавониста ба набарди Рафаҳи муҳосирашуда поён диҳад ва дар баробари пойдории муқовамат шикаст хӯрдааст.”
Насруллоҳ гуфт: “Душман иддаъо мекунад, ки 20 гурдони Ҳамосро аз байн бурдааст ва рӯйи нобудии 4 гурдони Рафаҳ кор мекунад; ин иддаъо дурӯғе аст, ки сустии душманро нишон медиҳад; душмане, ки барои ироаи пирӯзии хаёлӣ ба шаҳракнишинонаш леҳ-леҳ мезанад.”
Вай афзуд: “Артиши душман (аз бахшҳое аз Ғазза) хориҷ шуд ва гуфт, ки муқовамати Фаластин тавоноии худро дар тамоми нуқоти навори Ғаззаро бозёфтааст; ин мавзӯъ ривояти Натонёҳуро нақши бар об кард.”
Душман то абад наметавонад омори куштаҳои худро кетмон кунад
Насруллоҳ гуфт: “Режими душман бо талафоти сангини инсонӣ ва роҳбурдӣ рӯ ба рӯ шуда ва дар ниҳояти амр нахоҳад тавонист, ки ин мавзӯъро пинҳон кунад. Бар асоси омори расмӣ, 8636 нафар (аз саҳюнистҳо) дучори маълулият шудаанд, бинобар ин шумори куштаҳо ва захмиҳо чӣ қадр аст?”
Вай афзуд: “Ман бо Ҳоҷӣ Абӯтолиб пеш аз шаҳодаташ дидор кардам, ӯ бо ҷузъиёт вазъияти мавозеъе хатти муқаддамро, ки ҷузъиёти зиёдеро аз онҳо дар ихтиёр дорем, барои ман шарҳ дод. Душман ин мавзӯъро медонад ва онҳоро тахлия кардааст, аммо на ба таври комил. Зеро аз ҳар гуна тасаллут бар онҳо бим дорад.”
Насруллоҳ гуфт: “Ҳамла ба мавозеъ (-и душман) ба кушта ва захмӣ шудани низомиёни душман меанҷомад ва ин мавзӯъ онҳоро маҷбур ба пахш шудан дар атрофи ин мавозеъ ночор кардааст; мавзӯъе, ки ба маънои ҷамъоварии иттилооти ҷадид аст ва муқовамат тавоноии гирдоварии ин иттилоотро дошт. Мо ҳатто медонистем, ки маҳалли чодар куҷост.”
Душман ночор ба тахлияи пойгоҳҳояш шуд
Вай афзуд: “Душман ночор ба тахлияи пойгоҳҳояш шуд ва ба таъсиси пойгоҳҳои ҷадид дар пушти кӯҳҳо рӯй овард, аммо онҳо паҳподҳои моро дар муҳосиботи худ дар назар нагирифта буданд. Бо инояти Худо “Ҳудҳуд”-и мо бароямон иттилоот меовард ва мо бо “парандгоне, ки дар густараи осмон бол гушудаанд” онҳоро ҳадаф қарор медиҳем.”
Насруллоҳ гуфт: “Ҳеч марзе аз назари технологиҳои электроник ва фаннӣ, монанди марзҳои Лубнон ва Ғазза нест. Муқовамати Лубнон дар 4 моҳи гузашта ба кӯр кардани душман ва кӯр кардани гӯшҳои он машғул будааст. Мо метавонем ҳар замон, ки бихоҳем, пойгоҳи “Мирун”-ро ҳадаф қарор бидиҳем.”
Вай идома дод: “Мо ҳар он чиро, ки дастамон бирасад, ба намоиш нахоҳем гузошт. Мо иттилооти бисёр-бисёр зиёде дар ихтиёр дорем. Он чи ки дирӯз мунташир шуд, чанд дақиқаи гузидашуда аз Ҳифо аст, ҳол он ки паҳподи мо соатҳо парвоз кардааст.”
Мо соатҳои тӯлонӣ аз Ҳифо, атроф ва пасу пеши он тасовир дар ихтиёр дорем
Насруллоҳ гуфт: “Бархе дар режими душман гуфтанд, ки Ҳизбуллоҳ дар Ҳифо ҷосусҳое дорад ва аз тариқи онҳо ба ин тасовир даст ёфтааст, аммо онҳо ҳангоме, ки муқовамат дар оянда қисматҳои дигареро аз шаҳрҳои дуввум, севвум ва чаҳорум мунташир кунад, чӣ хоҳанд гуфт? Мо соатҳои тӯлонӣ аз Ҳифо, атроф ва пасу пеши он тасовир дар ихтиёр дорем. Муқовамат бар асоси дид ва иттилоот меҷангад.”
Вай афзуд: “Мо то кунун бо бахше аз таслеҳоти худ ҷангидаем ва таслиҳоти ҷадидеро ба даст овардаем, ки дар майдон ба намоиш хоҳад омад. Мо таслеҳоти худро тавсиъа додаем ва дар ин набард аз таслеҳоти ҷадиде истифода кардаем. Мо шумори зиёде паҳпод дар ихтиёр дорем, зеро худамон онҳоро месозем.”
Насруллоҳ идома дод: “Мо нерӯи инсонии кофӣ ва боангеза дар ихтиёр дорем ва бо бародароне рӯ ба рӯ ҳастем, ки мехоҳанд ба ҷабҳа бипайванданд, аммо мо бар асоси ниёзҳои ҷабҳа аз вуруди онон ба ҷанг ҷилавгирӣ мекунем.”
Шумори размандагони мо аз 100 ҳазор мубориз бештар аст
Вай афзуд: “Фармондеҳони ҷунбишҳои муқовамат дар минтақа бо мо тамос гирифтанд ва гуфтанд, ки мехоҳем барои шумо разманда эъзом кунем. Мо ба онҳо гуфтем, ки на танҳо размандагони кофӣ дар ихтиёр дорем, балки шумори размандагони мо дар муқоиса бо ин ҷанг зиёд ҳам аст. Шумори размандагони мо аз 100 ҳазор мубориз бештар аст ва мо дар Лубнон ҳатто дар бадтарин шароити ҷангӣ низ бештар аз ниёзи ҷабҳа разманда дорем.”
Насруллоҳ гуфт: “Пойгоҳи мардумӣ аз муҳимтарин аносири қудрати таҷрибаи муқовамат аст. Ин пойгоҳи мардумӣ, муқовим ва шикебо аст ва хонаҳо, дороӣ ва хӯрду хӯроки худро тақдим кардааст. Ин пойгоҳи мардумӣ ҳамчунон пойдор ва мояи фахру мубоҳот аст.”
Мо ба унвони муқовамат худро барои бадтарин рӯзҳо омода кардаем
Вай афзуд: “Таҳдид ба ҷанг дар 8 моҳи гузашта моро наметарсонад. Бархе афрод ин эҳтимолро ҷиддӣ баровард мекунанд. Мо ба унвони муқовамат худро барои бадтарин рӯзҳо омода кардаем. Душман медонад, ки чӣ чизе дар интизораш аст ва ба ҳамин далел боздошта шудааст. Душман медонад, ки ҳеч ҷойе дар режим аз мушакҳо ва паҳподҳои мо дар амон ва саломат нахоҳад буд. Ин ҳамалот, кӯр-кӯрона нахоҳад буд, балки мо банки аҳдофи воқеӣ ва бузург дар ихтиёр дорем ва метавонем ба ин аҳдоф даст пайдо кунем; мавзӯъе, ки пояҳои режимро ба ларза дархоҳад овард.”
Новҳои душман ҳадаф қарор хоҳад гирифт
Насруллоҳ гуфт: “Душман ҳамчунин медонад он чи дар дарёи Медитарона интизоршро мекашад, бисёр азим аст ва тамоми савоҳил, новҳо ва киштиҳои он ҳадаф қарор хоҳад гирифт.”
Агар ин набард бо мо ва дар фосилаи чанд километрӣ бошад, авзоъ чӣ гуна хоҳад буд
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба амалиёти “Ваъдаи содиқ” идома дод: “Душман медонад, ки наметавонад аз режимаш дифоъ кунад. Далели ин мавзӯъ амалиёти “Ваъдаи содиқ” аз сӯйи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки бо вуҷуди ҳимоятҳои байналмилалӣ боз ҳам мушакҳо ва паҳподҳо ба режим расиданд. Ҳоло бубинед агар ин набард бо мо ва дар фосилаи чанд километрӣ бошад, авзоъ чӣ гуна хоҳад буд.”
Ҳамла ба Лубнон паёмадҳои минтақаӣ ба ҳамроҳ дорад
Насруллоҳ афзуд: “Душман медонад, ки бояд аз замин, дарё ва осмон мунтазири мо бошад. Агар ҷанг ба Лубнон таҳмил шавад, муқовамат бидуни зобита, қоъида ва маҳдудият хоҳад ҷангид. Душман ва сарвари омрикоиаш медонанд, ки ҳамла ба Лубнон паёмадҳои минтақаӣ дар пай хоҳад дошт.”
Ба Қибрис дар бораи боз кардани фурудгоҳҳояш ба рӯйи душман барои ҳамла ба Лубнон ҳушдор медиҳем
Вай афзуд: “Назари давлати Қибрисро ба ин мавзӯъ ҷалб мекунам, ки мо иттилооте дар ихтиёр дорем, ки артиши душман размоишҳоеро барои ҷанги Лубнон дар он ҷо баргузор мекунад ва фурудгоҳҳои Қибрис ба рӯйи ҷангандаҳои исроилӣ боз ҳастанд. Дар як калима мегӯям, ки давлати Қибрис бояд ҳушёр бошад, ки боз кардани фурудгоҳҳо ба рӯйи душман барои ҳамла ба Лубнон яъне Қибрис ҳам бахше аз ҷанг аст ва мо бо он ба унвони бахше аз ҷанг бархӯрд хоҳем кард.”
Насруллоҳ гуфт: “Ба касоне, ки моро аз ҷанг метарсонанд, мегӯям, ба бовари ман Омрико барои режими душман метарсад ва душман низ бояд битарсад, аммо мо ба ҳамбастагии худ бо Ғазза ва пуштибонӣ аз он идома хоҳем дод ва барои ҳар гуна эҳтимоле ҳозир ва омода ҳастем. Ҳеч чизе моро аз анҷоми вазифаамон бознамедорад. Роҳи ҳал содда аст; чанг алайҳи Ғазза ва сокинони онро мутаваққиф кунед.”
Ин набард чеҳра минтақаро хоҳад сохт
Вай афзуд: “Ба хонаводаҳои шуҳадо, оворагон ва пойдорон мегӯям, ки ин набард чеҳраи минтақаро хоҳад сохт ва шарофатмандонатарин ҷанг аз соли 1948 то кунун аст. Ба онон мегӯям, ки ин ҷабҳа бо гомҳои устувор ба сӯйи пирӯзи қадам бармедорад ва сарони душман бо ҳамоқати худ ба сӯйи завол ва нобудӣ ҳаракат мекунанд.”
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: