Саргузашти босмачиҳо
Бахши шонздаҳум
Таърихи муосир
(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)
Дар баробари Бойсун
Эшони Султон – раҳбари ҳаводорони амир Олимхон дар Дарвоз, бо 200 тан аз муридони худ ба ноҳияи Ҳисор, ки дар наздикии қабилаи Лоқой қарор дошт омад ва хостори мулоқот бо Анварпошшо шуд, ва Анварпошшо низ дар 15 январ бо иҷозаи афроди Лоқой ба Ҳисор рафт. Эшони Султон, бо ин ки ҳаводори амир буд, эҳтироми Анварпошшоро нигаҳ дошт ва Анварпошшо низ ба қабилаи Лоқой барнагашт; ва ба ин тартиб, асорати як моҳу нимаи ӯ поён ёфт, вале дар атрофаш ҳеч нерӯе боқӣ намонда буд. Дар 18 январ, Анварпошшо ҳамроҳи Эшони Султон барои муҳосира кардани нерӯҳои русии мустақар дар шаҳри Душанбе рафт. Нерӯҳои Эшон шомили 200 тан тоҷики дарвозӣ буд. Мустафо Шоҳқулӣ аз онҳо чунин ёд мекунад:
“Инҳо муриди шайх ва иддае муллову махдуманд, ки ба фирефтани мардум ва иртизоқ аз он роҳ хӯ гирифтаанд. Агарчи тоҷикҳо ағлаб лоғаранд, аммо инҳо ҳамагӣ фарбеҳанд. Инҳоро ба ҳеч назме наметавон даровард. Дар ҷанг ба дард намехӯранд. Кафшҳои бузурги чӯбӣ ба по доранд ва дар зерашон (рӯи зини маркабашон) лиҳофи бузурге аст ва ба қочи зинашон як қӯрӣ овезон аст. Агар ҷанг пеш ояд ва маҷбур ба фирор шаванд, ҳамаи ин чизҳо фурӯ мерезад. Кафшҳои чӯбиашон бисёр бузург ва дорои пошнаҳое баландтар аз 5 сонтиметр аст. Чун нӯки кафшҳояшон қатуру баланд аст ва дар рикоб намегунҷад, пошнаҳои кафшашонро ба рикобгир медиҳанд. Ва ба ҳамин сабаб, агар асп рам кунд ва кафшҳояшон биафтад, худашон низ бо кафшҳояшон нақши замин мешаванд. Як бор ин тоҷикҳо ба нерӯҳои русҳо, ки аз Юрчӣ ба Душанбе мерафтанд, бархӯрда ва фирор карда буданд. То як моҳ пас аз он, аҳолии Илқтой бо кафшҳои чӯбии онҳо ғизо мепухтанд ва чой дуруст мекарданд. Ба ҳамин далел, қабоили Лоқой ва Кангурт ва соири ӯзбакҳо, ҳамвора онҳоро масхара мекунанд ва ба ҳисоб намеоваранд.”
Анварпошшо, ки аз асорати афроди қабилаи Лоқой яъне туркони ҳамнажоди худ наҷот ёфта буд, бо такя ба тоҷикҳо, ин унсурҳои эронӣ, дар 16 январ ба подгони русҳо дар шаҳри Душанбе ҳамла мекунад. Ҳангоми муҳосира, фақат 13 тан аз ин 200 тоҷик туфанги русӣ доштанд ва бақия ё ба туфанги шикории қадимии чахмоқӣ муҷаҳҳаз буданд ва ё ҳеч гуна силоҳе надоштанд. Дар нахустин ҳамлаи Анварпошшо, ки дар он, иддае аз рустоиёни турку тоҷикро низ ширкат дода буд, 50 тан аз русҳо ба қатл мерасанд ва 180 қабза туфанг ва 2 мусалсал ба дасти Анварпошшо меафтад. Дар бархӯрди 20-22 январ, русҳо мутаҳаммили зойеъоти сангине мешаванд ва ақибнишинӣ мекунанд. Ман, ки дар он замон дар кӯҳҳои Самарқанд ба сар мебурдам, гузоришҳоеро, ки аз Душанбе барои русҳо ирсол мешуд, мехондам. Русҳои мустақар дар Душанбе – ба тавре ки ахиран маълум шудааст – дар баёни адами имкони муқобила бо Анварпошшо муболиға мекарданд ва иҷоза мехостанд, ки аз Душанбе ақиб биншинанд.
Дар ҳамлаи 8 феврал, русҳо 100 тан кушта доданд; ва илова бар ин, 82 нафар низ ба урдуи Анварпошшо пайвастанд. Нерӯҳои фирорӣ тӯпҳоро дар майдон раҳо карданд ва рафтанд, аммо василаи нақлияе, ки онҳоро ба урдуи Анварпошшо биёварад вуҷуд надошт. Саранҷом, русҳо дар 14 феврал Душанберо тарк карданд. Анварпошшо таъқибашон кард ва дар 45 километрии Душанбе дар маҳалле ба номи Миртуба ба онҳо расид. Муовини худ, Муҳиддинбекро ба Афғонистон фиристод. Ва ҳангоме ки ман ба атрофи Шаҳрисабз омадам ва пайғомаш додам, Халилбекро назди ман фиристод ва хабар дод, ки вазъаш мусоид аст.
Анварпошшо дар 19 феврал, дар ҷанги атрофи Сариосиё, маҷрӯҳ шуд. Чун ғаноими ҷангӣ рӯз ба рӯз бештар мешуд, афроди қабилаи Лоқой низ бо ҳифзи истиқлоли ташкилоти худ, ба Анварпошшо мулҳақ шуданд, ва Анварпошшо Пули Хокиёнро қароргоҳи худ сохт ва маъмуроне ба ҳар тараф эъзом ва вазоифе барои онҳо муқаррар кард ва худро “Амири лашкари ислом ва Бухоро” хонд.
Дар ин ҳангом, нерӯҳои зери фармонаш беш аз 250 тан буданд. Бо вуҷуди ин, ҳангоме ки Қарахон, муовини кумисери хориҷии Русия, ба тавассути фармондеҳи нерӯҳои русии мустақар дар Бойсун, номае ба Анварпошшо фиристод (дар миёнаҳои март) ва аз ӯ хост, ки даст аз ин аъмол бардорад ва ба Маскав баргардад, Анварпошшо пешниҳоди ӯро напазируфт ва толиби он шуд, ки русҳо ҳудуди Бухороро тарк гӯянд.
Ҳукумати Афғонистон фаъолиятҳои Анварпошшоро дар Бухорои шарқӣ, ки муттасил ба Афғонистон буд, бо алоқа дунбол мекард. Муҳаммад Нодирхон, вазири ҷанг (нозири ҳарбия) ва бародараш Шоҳвалихон, волии Бадахшон, дар атрофи Бухорои шарқӣ, ки қаламрави Анварпошшо буд, муроқиби авзоъ буданд. (Ҷуғрофиёи боарзише, ки Нодирхон ва Бурҳонуддини Кушкекӣ ва дигарон мунташир кардаанд ва ахиран ба номи “Аҳволи Қатаған ва Бадахшон” нашр ёфта, дар он замон гирдоварӣ шудааст.)
Ҳоҷӣ Сомӣ ва Усмон Хоҷа дар Кобул машғули гирдоварии муҷоҳидони довталаби мусалмон буданд, аслиҳа мехариданд ва ирсол мекарданд ва ҳукумати Афғонистон монеъи фаъолияташон намешуд. Дар моҳи апрел, 300 тан доваталаб, ба фармондеҳии шахсе ба номи Афзалуддинхон, аз роҳ расиданд. Ин афрод теъдоди зиёде туфанг ва миқдоре низ пул, ба унвони кӯмаки молӣ, оварда буданд. Анварпошшо Исмоил Ҳаққибекро, ки қаблан дар Кошғар ва Фарғона буд, дар рӯзҳои баргардондани шаҳри Душанбе, бо номаҳое назди Шермуҳаммад ва соири бекҳо фиристода буд. Агарчи Исмоилбек шоҳиди фаъолиятҳои шадиди таблиғотии ҳаводорони амир ва афроди кӯҳнапараст шуда буд, дар аввалҳои апрел, ҳангоме ки довталабони афғонӣ аз роҳ расиданд, Шермуҳаммад ва соири бекҳо низ “байъатнома”-ҳое барои Анварпошшо фиристоданд. Шермуҳаммадбек ҳудуди 100 тан сипоҳӣ ба фармондеҳии Қӯрбошӣ Муҳаммадрӯзӣ ва ҳадияҳое дигар фиристода буд ва ба амри Анварпошшо хутути роҳи оҳани Фарғонаро низ тахриб кард. Исмоил Ҳаққӣ аз Фарғона ба Масчо рафт ва “мир”-ҳоеро, ки дар он ноҳия буданд, ба итоати Анварпошшо даровард. Фузайл Махдум низ, бо ҳазор тан нерӯи худ, ба Пули Хокиён назди Анварпошшо омад. Ин тоҷикҳои Қаротегин ва қирғизҳои Олой, ки қаблан бо аҳолии Фарғона тамос доштанд, нисбат ба соири аҳолии Бухорои шарқӣ басиртар буданд ва назму инзиботе доштанд ва дорои навъе униформ низ буданд.
Дар ҳамин замон, аз қазоқҳо ва туркманҳои Ҷилликӯл ҳам 300 тан сипоҳӣ омаданд. Дар моҳи май, худи Иброҳими Лоқой, гӯё барои узрхоҳӣ, бо 300 нафар нерӯ назди Анварпошшо омад, аммо бе он ки дар ҷанг ширкат кунад, бозгашт ва монеъи расидани нерӯҳои кӯмакӣ шуд, ки аз Қаротегин ва Фарғона барои Анварпошшо ирсол мегардид.
Дар моҳи май, ҷамъан 7 ҳазор сипоҳӣ дар атрофи Анварпошшо буданд. Теъдоди русҳо дар Бойсун аз 1200 таҷовуз намекард. Замоне, ҳукумати Бухоро (бухороиёни ҷавон) Раҳмат Рафиқ ва Носир Махдумро дар Бойсун ба кумисерӣ баргузида буд. Дар ҳамин ноҳия, Олимҷон Оқҷурин, аз кумисерҳои Қозон, ба номи ислом ва зиёни Анварпошшо таблиғ мекард. Дар охирҳои май, Ҷабборбек, Дониёлбек, Авлиёқулибек ва Абдуррасулбек бо 1200 тан нерӯ аз Шаҳрисабз омаданд ва ба Анварпошшо мулҳақ шуданд.
Кори Анварпошшо рӯз ба рӯз равнақи бештаре меёфт. Аз аҳолии Фарғона Одилҷон, раиси собиқи Шӯрои миллии Хӯқанд, ва аз туркманҳо Худойназар ва пирамарди 70-80 солае ба номи Ҳоҷӣ Ҳакам, ки қаблан дар Кошғар ва назди Яъқуббек буд, Пошшохон, раиси қабилаи муғули Қатаған, Абдулқодир, раиси қабилаи Қарлуқи Балҷувон ва Муллониёз ҷумлагӣ назди Анварпошшо буданд. Андаке баъд, Юсуф Зиё (яъне Юсуф Толибзода, аз ҳаводорони маъруфи Иттиҳоди ислом) аз аҳолии Озарбойҷон ва Абдулҳамид Орипов, вазири ҷанги Бухоро ва дӯстонаш, ба Анварпошшо пайвастанд ва кори Анварпошшо рафта-рафта боло гирифт.
Дар ихтилофе, ки байни Давлатманд, раҳбари тоҷикҳои Балҷувон ва Туғой Сорӣ, яке аз раисони саркаши қабилаи Лоқой пеш омада буд, Анварпошшо аз Давлатманд пуштибонӣ намуд ва Юзбошӣ Ҳасанбекро эъзом ва дар арзи 11 рӯз Туғой Сории лоқойро комилан манкуб кард. Ва ба ин тартиб, як даста аз мутаъассибтарин ҳаводорони амир Олимхонро, ки зимнан тарафдори худаш низ буданд, нобуд кард. Туғой Сорӣ назди Иброҳими Лоқой гурехт. Анварпошшо тасмим дошт, ки аз мақарри худ дар Пули Хокиён ба русҳои мустақар дар Бойсун ҳамла кунад, асиру ғанимат бигирад, ӯзбакҳоро омӯзиши низомӣ диҳад, Бойсунро ба тасарруф дароварад ва сипас озими Бухорои ғарбӣ шавад, вале тамоми ин корҳо ва нақшаҳо – ба тавре ки хоҳем дид – пеш аз он ки ба дасти русҳо хунсо шавад, бо тавтиъа ва фитнангезии ҳаводорони амир Олимхон нақши бар об шуд.
Идома дорад…
Қаламонлайн