Се хабари ҳафта ва вокуниши ҷомеаи Тоҷикистон

Фарҳанг
Се хабари ҳафта ва вокуниши ҷомеаи Тоҷикистон
Дар давоми як ҳафтаи охир чанд воқеаи муҳим дар кишвари мо иттифоқ уфтод, ки вокуниши ҷомеаро ба миён овард. Яке баста шудан ё қатъи нашри ду ҳафтанома (“Фараж” ва “Самак”), ки ба рӯзноманигори маъруф Хуршеди Атовулло тааллуқ доранд. Дигар, суханони вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ин бора, ки дар мактабҳои Тоҷикистон 3848 (!!!) омӯзгор намерасад ва хабари савум он ки дар базми хонаводагӣ (шояд ҷашни арусӣ) овозхон Манижа Давлатова ҳузур ёфтаву рақсидааст.
Аммо ҷойи тааҷҷуб он аст, ки ба ду хабари аввал ки барои як ҷомеае ки аз истиқлоли он се даҳа беш нагузашта, роҳи тулониеро қарор аст тай кунад, чандон вокунише нашуд. Албатта чанд рӯзноманигор бо зикри ҷойгоҳи ду рӯзнома дар журналистикаи тоҷик ва гуфтани суханоне монанд ба хайрбодҳои рӯзи ҷаноза “ёдат ба хайр” ва “руҳат шод” дигар вокуниши ҷиддииеро ба миён наовард. Ин ҳолат аз ду чиз гувоҳӣ медиҳад: 1. Ё рӯзномаҳои зикршуда чандон мухотабу тарафдор надошта, миёни ҷомеа аз маҳбубияте бархурдор набудаанд; 2. Ва ё барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯзнома ки сад сол қабл нишоне аз забону баёну озодии як миллат буд, дигар аслан муҳим нест. Дар ҳар ду сурат ин ҳодиса ҷойи нигаронӣ дорад.
Аммо масъалаи нарасидани омӯзгор. Намедонам бо кадом ҷумлаву эҳсос ин мусибати азимро тазаккур диҳем, ки ҷомеаи хоболуди мо ба худ ояд. Хабаргузориҳо танҳо оморро зикр карданд ва як мулозиҳаи хеле дардоварро донишманди тоҷик Рустам Азизӣ дар сафҳааш коштааст, ки дар зери он бештари мардум дар шарҳҳо навиштаанд, ки “воқеиятро баён доштаӣ”. Дигар мулоҳизаи ҷиддие сурат нагирифт. Тасаввур кунед, солҳои 70-80-уми аср гузашта дар Тоҷикистони Шӯравии вобаста (ба Москав) чунин камбуде вуҷуд надош ва ё агар камбуди муаллим ҳам буд, шояд ночиз буду чашмнорас. Бо ин вуҷуд дар ибтидои солҳои 90 муҳимтарин чолиши ҷомеаи Тоҷикистон поён будани огоҳиву худшиносии ҷомеа, хусусан ҷавонон буд, ки мунҷар ба ҷанги шаҳрвандиву талафоти хунин гардид. Ҳамон солҳо дар расонаҳову миёни мардум гуфта мешуд, ки мактабҳои мо ҷавононро хуб парвариш надодаанду тарбия накардаанд, ки баъзе ҷавонон ба аъмоли нангину шармовар даст заданд. Акнун тасаввур кунед, ки мо дар шароити кунунии ҷаҳони ноорому хатарҳои минтақавиву ҷаҳонӣ ва таҳдидҳо қарор дорем, бояд бо насле ки аз мавқеъгириву ҷаҳонбинии ӯ бисёр чизҳо вобаста аст, чӣ коре метавонем кардан. Ин ҳолат ҷойи тааммул дорад! Мо ҳама дар назди фарзандони худ ва таърих масъулем!
Аммо, “зуҳури” як овозхон, ки хеле вокунишҳои ҷиддиву эҳсосиро ба миён овард. Чанде шеър суруданду ҳамин хабар дар бахшҳои форсии шабакаи маҷозӣ низ бозтоби густурда ёфт. Чӣ гуям? Шеъри Анварӣ ёдам омад, ки 900 сол қабл зиставу ин абётро суруда:
Эй хоҷа, макун то битавонӣ талаби илм,
К-андар талаби ротиби ҳаррӯза бимонӣ.
Рав масхарагӣ пеша куну мутрибӣ омӯз,
То доди худ аз кеҳтару меҳтар биситонӣ.
Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии профессор Сайфулло Муллоҷон
Қаламонлайн 
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафари Ироқчӣ ба Душанбе
Чаро Амрико ва Исроил барои идомаи ҷанги Ғазза исрор доранд?

Матолиби пурбоздид