Сегафредо

Адаб

Сегафредо

Салими Аюбзод

“Ман бароят дар меҳмонхона ҷой гирифтам, мегӯяд духтари аммаам Меҳрӣ ва дар ҳоле ки чашмонаш дӯхта ба роҳанду бо дасти чап ҳамоно моҳирона фармони мошинро идора мекунад, бо дасти рост аз паҳлӯи шишаи об, рӯзнома, ду халтачаи салафанӣ ва рӯймолчаи ғиҷимшудаи рӯи курсии пеш варақеро гирифта, сӯям меёзонад”.

Қоғазро мегирам ва бо як нигоҳ мебинам, ки ин тасдиқномаи меҳмонсарои Кросс Чаринг аст. Ба рӯи чанд сатри он ранги сабзи рӯшан давондаанд, аммо ин ранг ҳуруфро на хиратар, балки рӯшантар кардааст. Оре, ин нишонаи меҳмонсаро ва шумораи манзилест, ки ман бояд дар он зиндагӣ кунам. Ҳуҷрае ба номи ман банд шудааст ва пулаш бояд дар рӯзи дуюми зист супурда шавад.

“Ман бароят дар меҳмонхона ҷой гирифтам.” Ин танҳо чизест ки акнун тайи қариб чиҳил дақиқаи роҳ, аз фурудгоҳ ба самти шаҳр, аммадухтарам Меҳрӣ ба ман мегӯяд. Пас ӯ барои ман дар меҳмонхона ҷой банд кардааст. Шунида будам, ки ҳавлӣ ва хонаи сеошёна дорад. Аммо ҳоло дигар аниқ аст, ки намехоҳад маро ба хонаш барад. Шояд ба ин ҳақ ҳам дорад ва албатта, ман меҳмони азизи ӯ нестам. Аслан аз ибтидо, вақте модарам гуфт, чун ба Лондон меравам, бояд Меҳриро бинам, дилам фишор хӯрдаву сарам гарон гашта буд, ки ин дидор чӣ гуна сурат хоҳад гирифт.

Табъан, пас аз он чизе ки миёни ману ӯ гузашт, ҳарчанд ин ҳама сол пеш, интизори хушнудии Меҳрӣ набудам, аммо намедонистам, боздиди мо ба ин сардӣ рӯй хоҳад дод.

Дар ду тарафи роҳ ҷангали қадимӣ ба сукути пирона ва бемаънӣ фурӯ рафтааст. Осмон пурабр, роҳ холӣ, ҳаво нимторик. Сиёҳии даруни ҷангал дар дили ман ларзаи сиёҳи изтиробро афзун мекунад. Хомӯшии миёни ӯву ман маро мефишорад. Ман шиканҷаи ин сукутро дар китфу дӯшам эҳсос мекунам.

Пас ҳеҷ гуфтание ва ё шунидание дар миён нест. Беҳтар буд ин мулоқоти ғамангез умуман иттифоқ намеафтод. Аммадухтари аврупоишудаи ман, касе ки кам монда буд, номзади ман шавад, яъне қариб ҳамсари ояндаам, аввалин ҷисми занонае, ки гоҳе тасодуфан, гоҳе қасдона, дастони ноозмудаи ман ба он расида буданд, ҳоло ҳарфе бароям надорад ва намехоҳад чизе барояш бигӯям.

Шояд дар таърихи ҷаҳонии саёҳат чунин иттифоқ наафтодааст, ки пешвозгиранда меҳмонро бо сардии баробар бо Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ вохӯрда бошад. Агар ин тур аз сари ман боби хунук рехтанӣ буд, чаро ба фурудгоҳ омад? Чаро хабар надод, ки маро пешвоз гирифта наметавонад, зеро чашми диданамро надорад ва бе чашм, маълум ки маро дар фурудгоҳи серодам ёфта намешавад.

“Салом, боратро бояд аз поён бигирем.” Ин “истиқбол”- и буд аз ман, ки бар асараш лаҳзаҳое бо дастони ду сӯ ёзида, канори боз, чашмони дурахшон, аммо ҳайратзада, абрӯвони болорафта ва даҳани инҷ дар ҷоям шах шудам. На метавонистам қадаме пеш бардорам ва на гоме ба ақиб гузорам. Як ҷопонӣ ва ё чиноӣ бо ин ки ба ман бархӯрд ва садҳо бор бо нитаъзим узр мепурсид, маро ба худ овард.

Меҳрӣ кӯшиш мекард, ба ман нигоҳ накунад. Ин сӯву он сӯ тоб мехӯрд ва баъд бо ишораи даст самти ҳаракатро нишон дода, худ пеш гузашту ба ҳамон сӯ рафт. Ман аз карда пушаймон ва ҳайрон будам, ки бо вуҷуди пешбинии чунин ҳолат розӣ шудам, модарам ба ӯ занг занад ва аз сафари ман хабар диҳад.

Он ҳама муддате, ки интизори ҷомадони кӯҳнаи ман дар зербинои фурудгоҳ паҳлу ба паҳлу истодем ҳарфе аз ӯ барнаёмад. Вале ман ҳанӯз намедонистам, ки тамоми роҳ низ Меҳрӣ сукут ихтиёр мекунад. Ба назарам метофт, ки ин фақат шарму шигифтии мулоқоти аввал баъд аз ҳафт сол аст ва ба зудӣ хоҳад гузашт.

Борро гирифтем, ба истодгоҳи мошинҳо рафтем ва Меҳрӣ ҳамон сукути ғашовари баробар бо ин бешазорони торикро дар мошин, миёни нишастгоҳи пеш ва ақиб ҷой кард ва акнун хомӯш аз хилоли хомӯшии бузургтар равонем. Бе садо, бе ҳарф ва танҳо бо ғурриши якмароми мошин…

Ин ҳолати такондиҳанда маро нагузоштааст, ба рӯи Меҳрӣ бо диққати зиёдтар нигоҳ кунам. Вале ҳанӯз дар фурудгоҳ ба он андешидам, ки Меҳрӣ хеле дигаргун шудааст. Аз он Меҳрии ҳафт сол пеш танҳо чашмони барроқаш ба назарам ошно намуд.

Аммо зери чашмонаш ожангҳо мисли алафҳои гирди чашма ҳалқа задаанд, лунҷҳояш дарун афтодаанд. Монанди тӯби кафидаи футбол, ки рӯяш ангушт гузошта бошӣ.

Мӯйҳои як замон марғуладор ва саркаши Меҳрӣ акнун ҳамвор ва рост буданд. Ёдам ҳаст, модарам мегуфт, мӯйи Меҳри ҷамолак он сӯ истад, ҳатто бофтанро қабул надорад.

Ҳам симо ва ҳам сарулибосаш ҷиддинамо шудаанд, худаш дамдузд. Шояд танҳо барои ман дамдузд аст ва дар пеши дигарон ҳамоно шӯху хандон боқӣ монда бошад. Наход ин ҳамон духтари чобук ва гапнодарост, ки аз сари девори қалъачаи кӯҳнаи деҳаи мо худро сарозер ба рӯдхона партофта буд? Наход ин ҷавонзани ҷиготгирифта ҳамонест, ки аз шаҳтут биниву ҷабинашро сурх ва аз сиёҳии дег рухсору манаҳашро табаҳ карда, паси дари таомхона пинҳон шуда буд, то “Воҳ!” гуфта холаи Мастурамоҳро ба истилоҳ “талхакаф” кунад. Холаи Мастурамоҳ бо ҳамаи тани чоқ ва вазни зиёдаш дар остонаи таомхона дароз афтида буд ва чанд зани дигар даҳанҳо пур аз ханда обзану ҳушёргари ӯ шуда буданд.

Бо ёд кардани ин ҳодиса ва зуҳури манзара дар пеши чашмонам, ман бесадо хандидам ва ҳис кардам, ки Меҳрӣ мисли ин ки ба чизе пай бурда бошад, аз оинаи пасбин ба ман нигоҳе партофт.

Наход ин ҳамон Меҳриест, ки пинҳонӣ дар манту танга гузошта буду апаи Гулрӯ онро газид ва қариб аз дандон мемонд? Агар ҳоло ба ягон кас гӯӣ, ки ҳамон балочаи аспсаворак аст, мутлақо бовар намекунад. Агар апаи Гулрӯ ҳамроҳи ман ба Лондон меомаду Меҳрибонуро ба ин ҳол медид, ҳатман мегуфт, “ё Баҳоваддин, ин Меҳрии мо нест, каси дигарест дар лиқоби Меҳрӣ!” Яъне “дар ниқоби Меҳрӣ”.

– Апаи Гулрӯ бароят мағзу донакшӯрак фиристод, — оҳиста, беҷуръатона садо баланд мекунам. Ҳарфҳо монанди донакшӯрак гулӯямро мехарошанд ва ҳангоме ки аз даҳонам берун мешаванд, ба ҳавои фишурда бархӯрда, хурд мегарданд. Садоям ғаши худамро меорад. Мисли ин ки як бемори дами марг аз зери фишори тангнафасӣ гап мезада бошад.

Чашм аз оинаи пасбин намеканам, то шояд дар он чашмам ба чашми Меҳрӣ афтад, аммо вай бе он ки ба ман ё ба оина нигарад, як калима посух медиҳад:

– Ташаккур.

Аҷаб ташаккуре, ки “а”-и аввал дар он нест. “Тшаккур”. Мисли писханд. На. Заҳрханд. Ва ё сардханд. Зеро аз лаҳни ин вожа шамоли сарде ба рӯям мерасад.

На, агар ин ҳамон Меҳрии мо мебуд, ҳоло бояд “оваҳ!” мегуфт, қаҳқоҳу ҷарангдор механдид, чашмҳояш аз хотираҳои рангин барқ мезад, бо лабони пур аз ханда арғуштравиҳои апаи Гулрӯро ёд мекард. Ҳамон остин алвонҷдоданҳои ӯро. Аз остинҳои паҳну дарози апаи Гулрӯ ёд мекард, ки гоҳ-гоҳ аз дарунашон монанди ҷодуи чашмбандҳо барои амну Меҳрӣ себи сурх ё аноре берун меомад.

Ин вай нест. Рост мегӯянд, ки Аврупо одамро хушк ва беҳис мегардонад.

– Беҳис мегӯӣ? – Садои Меҳрӣ ба гӯшам мерасаду мефаҳмам, ки ҷумлаи охирро на худ ба худ, балки шунаво ба забон овардаам. Ё шояд монанди он рӯзҳои пеш Меҳрӣ бе ягон ҳарф низ андешаи маро фаҳмида бошад. Вай бо як ҳаракати тунд чамбараки фармонро мегардонад ва мошинро дар канори роҳ нигоҳ медорад. Аз шасти рафтораш ман фикр мекунам, ҳоло поин шуда, аз ин тараф меояд ва дари мошинро кушода, маро ба берун меронад. Аммо вай мошинро нигоҳ медорад ва худ низ аз ҳаракат мемонад. Чанд сония ҳамнафасона сукут меварзем. На. Ҳар кас бо савти хоси худ нафас мекашем ва мо ҳарду намехоҳем, андаруни як оҳанг бошем. Пас аз фосилае баргашта ба ман менигарад ва оҳиста, бе ягон сози ғазаб мегӯяд:

– Ҳайрон нашав, ки чаро туро ба хона намебарам. Шавҳарам дар сафар аст ва ту медонӣ, ки ҳеҷ меҳмоне наметавонад, бе хонаи бемард ворид шавад.

Мебинам, ки чашмонаш ғайриоддиянд ва як даста мӯйи хурмоияш рӯйи чашми росташ хамидааст, аммо ин гӯё ба вай халал намерасонад ва вай гӯё инро намебинад. Боз ба ман менигарад ва дар ҳоле ки дили ман ба чашмони ӯ месӯзад, мегӯяд:

– Се рӯз пас, вақте ки ӯ баргашт, марҳамат, ман туро аз меҳмонсаро ба хонаам мекӯчонам, вале дар бораи “ҳиссиёт” шарқиҳо бояд аваал гиребони худашонро бӯй кунанд ва биандешанд, ки чаро эҳсосоти онҳо ин қадар нопойдор ва вайронгар аст.

Идома дорад…

Салим Аюбзод

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нома
Ба чӣ меандешам?

Матолиби пурбоздид