Сиёсати илоҳӣ ва исломӣ
Ислом қудрат ва сиёсатро василае барои барпоии адолат ва аз байн бурдани зулму золимон ва фасоду фаҳшо мешуморад.
Яъне арзиши қудрат замоне муайян мешавад, ки адолатро дар ҷомеа таъмин кунад ва ҳидоятгари фард ва ҷомеа ба сӯи саодат бошад.
Бинобар ин, сиёсате, ки Ислом онро ба мо меомӯзад ва тавсия мекунад, дорои сифоти зер аст:
1 – Қонун бар асоси адолати фардӣ ва иҷтимоӣ тадвин ва иҷро шавад ва қонун ва муҷриёни қонун, яъне сиёсатмадорон зомини таъмини адолат дар ҷомеа бошанд.
2 – Дар сиёсате, ки мавриди қабули Ислом аст, қонун воситаи пешгирӣ аз зулму золим ва ситамгарону ситампешагист. Яъне ситамгарӣ ва зулм ба василаи он маҳор шавад.
2 – Сиёсат василаи пешгирӣ аз фасод, фаҳшо ва каҷравиҳо бишавад.
3 – Истиқлол ва худкифоӣ дар ҷомеа таъмин гардад.
4 – Таъмини озодӣ бар асоси меъёрҳои ақлӣ анҷом бигирад.
5 – Саодатмеҳвар бошад; саодати дунявӣ ва ухравии афроди ҷомеаро таъмин кунад. (Дар назар гирифтани буъди моддӣ ва маънавии афроди ҷомеа).
6 – Сиёсате, ки мавриди қабули Ислом аст, дурӯғ, фиреб ва найранг дар он ҷое надорад.
Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо