Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон.
Ситоиш Худойро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
Худое, ки бахшандаву меҳрубон аст.
Молику подшоҳи рӯзи ҷасост.
Парвардигоро, танҳо Туро мепарастем ва аз Ту ёрӣ меҷӯем.
Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо.
Роҳи онон, ки неъмат додаӣ, на роҳи касоне, ки бар онон хашм гирифтаӣ ва на гумроҳон.
(Сураи муборакаи Фотиҳа)