Ташреҳи амалиёти «Ваъдаи содиқ» аз забони Абуубайда

Ташреҳи амалиёти «Ваъдаи содиқ» аз забони Абуубайда

Ахбори байналмилал

Сухангӯи низомии Ҳамос гуфт, ҳаҷм ва моҳияти посухи Эрон ба режими саҳюнистӣ, асосҳои ҷадидеро поярезӣ кард ва муҳосиботи режими саҳюнистиро ба ҳам рехт.

Абӯубайда, сухангӯи гурдонҳои Қассом – шохаи низомии Ҳамос, дар паёми тасвирӣ пас аз гузашти 200 рӯз аз амалиёти «Тӯфон ал-Ақсо» гуфт: «Мо умқи таъсири посухи Эрон ва шиддати ҳамалоти ин кишвар ба режими саҳюнистиро дарк мекунем.»

Вай таъкид кард, ки ҳаҷм ва моҳияти посухи Эрон ба режими саҳюнистӣ асосҳои ҷадидеро поярезӣ карда ва муҳосиботи душманро ба ҳам рехт.

Сухангӯи низомии Ҳамос дар ин паём тасреҳ кард: «Ҷаҳон ба чашми худ дид, ки режими саҳюнистӣ чӣ гуна қабл ва дар ҳин ва баъд аз амалиёти «Ваъдаи содиқ» дучори ваҳшат шуд; амалиёте, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба таҷовузи ин режим иҷро кард. Ҳаҷм ва моҳияти ин посух ба гунае буд, ки асосҳои ҷадидеро поярезӣ ва муъодилоти муҳиммеро тарсим кард ва муҳосиботи душманро ба ҳам рехт ва дидем, ки ин режим ҳомиёни худро аз ҳазорон километр он тарафтар барои дифоъи девонавор фаро хонд.»

Вай афзуд: «Вокунишҳои девонавор дар қиболи амалиёти Меҳвари Муқовамат аз ҷабҳаҳои мухталиф, гӯёи аҳаммияти амалкарди ин меҳвар аст.»

Абӯубайда ҳамчунин аз фаъолияти низомӣ ва мардумӣ бахусус дар ҷабҳаҳои Лубнон, Яман ва Ироқ дар ростои амалиёти «Тӯфон ал-Ақсо» қадрдонӣ кард.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чанд ҷумла дар бораи китоби “Нақди ақли амалӣ”
Расонаи исроилӣ: “Исроил шикаст хӯрдааст ва дар ҳоли ғарқ шудан аст”

Матолиби пурбоздид