Таълиму тарбият дар ислом-I

Таълиму тарбият дар ислом (1)
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши аввал: Баҳсҳои эродшуда дар ҷамъи дабирони таълимоти динӣ
Баҳси мо дар бораи таълиму тарбият дар ислом аст. Таълиму тарбият, баҳси сохтани афроди инсонҳост. Як мактаб, ки дорои ҳадафҳои мушаххас аст ва муқаррароти ҳамаҷонибае дорад ва ба истилоҳ системаи ҳуқуқӣ ва системаи иқтисодӣ ва системаи сиёсӣ дорад, наметавонад як системаи хосси омӯзишӣ надошта бошад. Яъне мактабе, ки мехоҳад дар мардум тарҳҳои хосси ахлоқӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро пиёда кунад, билохира инҳоро барои инсонҳо мехоҳад, аъамм аз ин ки ҳадаф фард бошад ё ҷомеа, ки ин худ масъалае аст, ки дар ҳамин ҷо бояд баҳс бишавад.
Агар ҳадаф ҷомеа бошад, билохира ин афрод ҳастанд, ки ба василаи онҳо бояд ин тарҳҳо пиёда шавад. Афрод бояд омӯзиш бибинанд ва тавре парвариш пайдо кунанд, ки ҳамин тарҳҳоро дар иҷтимоъ пиёда кунанд. Ва агар ҳадаф фард бошад низ (бадеҳӣ аст, ки омӯзишу парвариши афрод зарурӣ аст.) Дар ислом, ҳам асолати фард маҳфуз аст ва ҳам асолати иҷтимоъ, яъне фард худаш холӣ аз асолат нест. Пас билохира тарҳе ва барномае барои сохтани фард вуҷуд дорад, аъамм аз ин ки фардро бояд сохт барои тарҳҳое, ки барои иҷтимоъ ва ҷомеа аст (ва ин тарҳ ва барномаро ба унвони муқаддимаи сохтани иҷтимоъ дар назар бигирем) ё фардро бояд сохт аз ин назар, ки ҳадаф сохтани афрод аст. Ва ё аз як назари ҷамъӣ, фард бояд сохта бишавад, ҳам аз он ҷиҳат, ки бояд муқаддимае ва абзоре барои сохтани иҷтимоъ бошад ва ҳам аз назари ин ки худаш ҳадаф аст.
Ин ҷост, ки мо бояд бо усули таълиму тарбияти исломӣ ошно бишавем. Аввалан, оё ислом барои масъалаи таълим ба унвони омӯзиш додан ва огоҳӣ додан, аҳаммияте қоил аст ё на? Ва ба иборати дигар, оё ислом инояте ба парвариши ақл ва фикри инсон дорад ё чунин инояте надорад? Ин ҳамон масъалаи илм аст, ки аз қадим миёни уламо матраҳ буда; ҳам асли матлаб, ки ислом дине аст, ки ба илм даъват кардааст ва ҳам хусусиёти он, ки он илме, ки ислом ба он даъват кардааст, чӣ илме аст, ки афроде назири Ғаззолӣ, Файз ва дигарон дар ин замина баҳс кардаанд. Ва аз назари тарбият ва парвариш ҳам, ки муқаррароти ахлоқии ислом, ҳама муқаррароти парваришии инсонҳост, ки инсоне, ки ислом мехоҳад парвариш бидиҳад, инсони намунаи ислом чӣ гуна инсоне аст ва модели он инсон, чӣ гуна моделе аст? Албатта масоили дигаре ҳам дар ин ҷо ҳаст, ки марбут ба кайфияти иҷрои матлаб аст, яъне ҳадафҳо мушаххас, вале барои тарбияти инсон аз чӣ метод ва равише бояд истифода кард? Яъне то чӣ андоза мулоҳазоти равонӣ дар таълимоти исломӣ манзур шудааст? Масалан, дар таълиму тарбияти кӯдак чӣ дастурҳое расида ва дар он дастурҳо чӣ қадр воқеъбинӣ ва мулоҳазоти равонӣ риоят гардида ва дар гузашта, таълиму тарбиятҳои қадимии мо чӣ қадр мунтабиқ бо таълимоти исломӣ буда ва чӣ қадр набуда ва таълиму тарбиятҳои имрӯзи мо чӣ қадр мунтабиқ аст?
Парвариши ақл
Масъалаи аввал, ки бояд баҳс кунем, ҳамон масъалаи парвариши ақл ва фикр аст. Дар ин ҷо мо ду масъала дорем: яке, масъалаи парвариши ақл ва дигар, масъалаи илм.
Масъалаи илм ҳамон омӯзиш додан аст. “Таълим” иборат аст аз ёд додан. Аз назари таълим, мутааллим (шогирд) фақат фарогиранда аст ва мағзи ӯ ба манзилаи анборе аст, ки як силсила маълумот дар он рехта мешавад. Вале дар омӯзиш, кофӣ нест, ки ҳадаф ин бошад.
Имрӯз ҳам инро нақс мешуморанд, ки ҳадафи омӯзгор фақат ин бошад, ки як силсила маълумот, иттилоот ва формула дар мағзи мутааллим бирезад, он ҷо анбор бикунад ва зеҳни ӯ бишавад мисли ҳавзе, ки миқдоре об дар он ҷамъ шудааст. Ҳадафи муаллим бояд болотар бошад ва он ин аст, ки нерӯи фикрии мутааллимро парвариш ва истиқлол бидиҳад ва қувваи ибтикори ӯро зинда кунад, яъне кори муаллим дар воқеъ оташгира додан аст. Фарқ аст миёни танӯре, ки шумо бихоҳед оташ аз берун биёваред ва дар он бирезед, то ин танӯрро доғ кунед ва танӯре, ки дар он ҳезуму чӯб ҷамъ аст, шумо оташгира аз хориҷ меоваред, он қадр зери ин чӯбҳо ва ҳезумҳо оташ медиҳед, то худи инҳо кам-кам муштаъил бишавад ва танӯр бо ҳезуми худаш муштаъил гардад. Чунин ба назар мерасад, ки он ҷо, ки роҷеъ ба ақлу тааққул дар муқобили илму тааллум баҳс мешавад, назар ба ҳамон ҳолати рушди ақлонӣ ва истиқлоли фикрӣ аст, ки инсон қувваи истинбот дошта бошад.
Ду навъ илм
Ҷумлае доранд амирулмӯъминин (Алӣ), ки дар “Наҳҷул-балоға” аст ва ман муддатҳо пеш, зеҳнам мутаваҷҷеҳи ин матлаб шуда буд ва шавоҳиде ҳам барояш ҷамъ кардаам. Мефармоянд:
الْعِلْمُ عِلْمانِ
(Ва дар як нақли дигар: الْعَقْلُ عَقْلانِ)
عِلْمٌ مَطْبوعٌ وَعِلْمٌ مَسْموعٌ
(Ё: عَقْلٌ مَطْبوعٌ وَعَقْلٌ مَسْموعٌ)
وَلا یَنْفَعُ الْمَسْموعُ إِذا لَمْ یَكُنِ الْمَطْبوعُ
(Ҳикмати 331) Илм ду илм аст: яке, илми шунидашуда яъне фаро гирифташуда аз хориҷ ва дигар, илми матбӯъ.
Илми матбӯъ яъне он илме, ки аз табиат ва сиришти инсон сарчашма мегирад; илме, ки инсон аз дигаре ёд нагирифта ва маълум аст, ки ҳамон қувваи ибтикори шахс аст. Баъд мефармояд: ва илми масмуъ (шунидашуда) агар илми матбӯъ набошад, фоида надорад. Ва воқеан ҳам ҳамин ҷур аст. Инро дар таҷрибаҳо дарк кардаед; афроде ҳастанд, ки аслан илми матбӯъ надоранд. Маншаъи он ҳам ағлаб суи таълим ва суи тарбият аст, на ин ки истеъдодашро надоштаанд. Тарбияту таълим ҷуре набуда, ки он нерӯи матбӯъи ӯро ба ҳаракат дароварад ва парвариш бидиҳад.
Системаи омӯзишии қадим ва парвариши ақл
Ағлаб, системаи омӯзишии қадими худамон ҳамин ҷур буда. Шумо мебинед, ки афроде — ҳол ё ба иллати нақси истеъдод ва ё ба иллати нақси таълиму тарбият — нисбат ба он маълумоте, ки омӯхтаанд, дуруст ҳукми забти савт (магнитофон)-ро доранд. Китоберо дарс гирифта, хеле ҳам кор карда, хеле ҳам диққат карда, дарс ба дарс онро ҳифз карда ва навишта ва ёд гирифта. Баъд масалан мударрис шуда ва мехоҳад ҳамон дарсро бидиҳад. Он чи ки дар ин китоб ва дар ҳошияҳо ва шарҳи он буда, ҳамаро мутолеа карда ва аз устод фаро гирифтааст.
Ҳар чи шумо роҷеъ ба ин матн ва ин шарҳ ва ин ҳошия бипурсед, хуб ҷавоб медиҳад.
Як зарра, ки поятонро он тараф бигузоред, ӯ дигар ланг аст. Маълумоташ фақат ҳамин масмуъот аст ва агар матлаби дигаре дар ҷойи дигар бошад, ки ӯ бихоҳад аз ин мояҳои маълумоти худаш он ҷо натиҷагирӣ бикунад, оҷиз аст ва балки ман дидаам афродеро, ки бар зидди он чи ки ин ҷо ёд гирифтаанд, он ҷо қазоват мекунанд. Ва аз ин рӯ шумо мебинед, ки як олим мағзаш ҷоҳил аст. Олим аст, вале мағзаш мағзи ҷоҳил аст.
Олим аст, яъне хеле чизҳоро ёд гирифта, хеле иттилоот дорад, вале он ҷо, ки шумо масъалае хориҷ аз ҳудуди маълумоташ тарҳ мекунед, мебинед, ки бо як авом, сад дар сад авом, тараф ҳастед. Он ҷо, ки мерасад, як авоми мутлақ аз об дармеояд.
Ғайбгӯ ва подшоҳ
Масали маъруфе аст — албатта афсона аст — мегӯянд, ки як ғайбгӯ ва раммоле илми ғайбгӯӣ ва раммолиро ба баччааш омӯхта буд. Худаш дар дарбори подшоҳ ҳуқуқи хубе мегирифт. Ин илмро ба баччааш омӯхта буд, ки баъд аз худаш, ӯ ин мақомро идора кунад. То рӯзе, ки ӯро ба подшоҳ муаррифӣ кард. Подшоҳ хост, ки ӯро имтиҳон кунад.
Тухми мурғе дар дасташ гирифт ва ба ӯ гуфт: агар гуфтӣ, ки дар дасти ман чист? Ӯ ҳар чи ҳисоб кард, нафаҳмид, ки чист. Ибтидо гуфт: васаташ зард аст ва атрофаш сафед. Баъд як фикре кард ва гуфт: ин санги осиёе аст, ки дар васаташ ҳавич (сабзӣ) рехтаанд. Подшоҳ хеле бадаш омад ва баъд падарашро овард ва гуфт: охир, ин чӣ илме аст, ки ба ӯ омӯхтаӣ? Гуфт: илмро ман хуб омӯхтам, вале ин ақл надорад. Он ҳарфи аввалро аз рӯйи илмаш гуфт, вале ин дуввумиро (ки онро ба ин маврид татбиқ дод), аз рӯйи беақлиаш гуфт, шуъураш нарасид, ки санги осиё дар дасти инсон ҷо намегирад. Инро ақли одам бояд ҳукм бикунад.
Ин достон маъруф аст ва ман то ба ҳол аз чанд нафар шунидаам. Мегӯянд: як вақт як хориҷӣ омада буд Караҷ. Бо як деҳотӣ рӯ ба рӯ шуд. Ин деҳотӣ хеле ҷавобҳои нағзу пухтае ба ӯ медод. Ҳар суоле, ки мекард, хеле олӣ ҷавоб медод.
Баъд ӯ гуфт, ки ту инҳоро аз куҷо медони? Гуфт: “Мо чун савод надорем, фикр мекунем.“ Ин хеле ҳарфи пурмаъное аст: он ки савод дорад, маълумоташро мегӯяд, вале ман фикр мекунам. Ва фикр хеле аз савод беҳтар аст.
Ин масъала, ки бояд дар афрод ва дар ҷомеа рушди шахсияти фикрӣ ва ақлонӣ пайдо бишавад яъне қувваи таҷзия ва таҳлил дар масоил пайдо бишавад, (1) як матлаби асосӣ аст. Яъне дар ҳамин омӯзишҳо ва таълиму тарбиятҳо дар мадрасаҳо вазифаи муаллим болотар аз ин ки ба бачча ёд медиҳад ин аст, ки коре бикунад, ки қувваи таҷзия ва таҳлили ӯ қудрат бигирад, на ин ки фақат дар мағзи вай маълумот бирезад, ки агар маълумот хеле фишор биёварад, зеҳни бачча рокид мешавад.
* * *
(1) Ҳоло кор надорем, ки ислом гуфта ё нагуфта. Мо истинботамон ин аст, ки он чи ки ислом роҷеъ ба ақл мегӯяд, ҳамин матлаб аст.
Идома дорад
Таҳияи Сайидюнус Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ёдат мекунам…
Масуниятҳои “Элбасӣ” комилан лағв мегардад

Матолиби пурбоздид