Террори раҳбарон ва фармондеҳони Муқовимат дар ҳоли меҳмонӣ

Таҳлили хабарӣ

Террори раҳбарон ва фармондеҳони Муқовимат дар ҳоли меҳмонӣ

Роҳбурди тафриқаафканонаи душман

Тафриқа биандоз ва ҳукумат кун!

Ин роҳбурди бостонии неруҳои аҳриманӣ аст, ки бар андешаи сиёсии башар ҳамвора буда ва ҳаст ва хоҳад буд.

Замоне ин тафриқаафканӣ рӯшану ошкор ва бисёр содда буд, аммо имрӯз ба шаклҳои мухталифе пиёда мешавад.

Хусусан дар замони ҷанги рӯёрӯии мустақими ислом ва ҷоҳилият ва саҳюнизм ба равиши бисёр хатарноктар иҷро мешавад.

Сардори шаҳид генерал Сулаймониро дар Бағдод террор карданд. Шаҳид Имоди Муғния, аз фармондеҳони Ҳизбуллоҳ, дар Димишқ террор шуд. Террори Шаҳид Маҳмуд Алмабҳуҳ, аз раҳбароин Ҳамос дар Дубай анҷом гирифт. Шаҳид Муҳаммад Аззаворӣ аз фармондеҳони Ҳамос дар Тунис террор шуд. Азуддин Шайх Халил аз аъзои ҷунбиши Ҳамос дар инфиҷори худраве дар Димишқ террор шуд. Фатҳӣ Ашшақоқӣ, муассиси Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ дар Фаластин ва дабири кулли он, ҳангоми бозгашт аз сафари махфии худ, аз Либӣ дар ҷазираи Молти Итолиё террор шуд. Халил Алвазир, шахсияти дуввум дар Ҷунбиши Озодибахши Фаластин, дар Тунис террор шуд. Ғассон Канфонӣ, нависанда ва адиби саршиноси Фаластин, дар Бейрути Лубнон дар паи инфиҷори бомби дастсоз террор шуд.

Афроде аз Мусод Муҳаммад Аннаҷҷор, Камол Удвон ва Камол Носир, аъзои ҷунбиши Фатҳро дар Бейрут террор карданд.

Ва имрӯз Исмоил Ҳаниа сардори бузурги муқовимати Фаластин ва раҳбари ҷунбиши Ҳамос, дар Теҳрон дар паи террори душмани саҳюнистӣ, ба дараҷаи рафеи шаҳодат ноил шуд.

Ҳамаи ин террорҳо ҳадафманд буда, илова ба ҳазфи физикии фармондеҳон ва раҳбарони Муқовимати исломӣ, эҷоди чолиш ва таниш миёни мусалмононро дунбол мекунад ва душман умедвор аст то мусалмонон ангушти иттиҳомро ба ҳамдигар равона кунанд ва бар табли тафриқа бикӯбанд то душман роҳаттар ба аҳдофи баъдиаш бирасад.

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Рӯзи хашм”
Тоҷикистон бо ҷазои дастаҷаъмона тааҳҳудномаҳои байналмилалиро зери по кардааст

Матолиби пурбоздид