Торихро кӣ месозад?
Торих аз дидгоҳи собиҳназарон
Торих як мошини худкор ва беронанда нест ва ба танҳоӣ истиқлол надорад, балки торих ҳамон хоҳад шуд, ки мо мехоҳем.
Жан Пол Сартр
***
Дар тамоми ҳавзаҳое, ки зиндагии маънавии башарият дар он ҷараён дорад, даврони торихие, ки сарнавишти мо дар он қарор дорад, даврае аз иттифоқоти шигифтангез аст.
Эдмунд Ҳуссерл
***
Тамоми торих иборат аст аз ҷанги ду сарбоз, ки якдигарро намешиносанд, барои ду нафар, ки ҳамдигарро мешиносанд ва бо ҳам намеҷанганд.
Абраҳам Линколн
***
Пешгирӣ аз такрори торих кори беҳуда аст, зеро шахсияти одамӣ таврест, ки иҷтиноб аз такрорро ғайримумкин месозад.
Марк Твен
***
Ҳар касе метавонад торихсоз бошад, аммо фақат як марди бузург метавонад онро рақам занад.
Оскар Уайлд
***
Ҷонварон бут намепарастанд, зургӯву қулдур наметарошанд ва ба касофаткориҳои худашон намеболанд, барои ҳамин торих надоранд!
Содиқи Ҳидоят
***
Осиё ҳеч вақт ба равишҳои Ғарб мутамаддин нахоҳад шуд, Осиё бисёр бузург ва бисёр қадимист.
Редярд Киплинг
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: