Тоҷикистонӣ будан як чиз аст ва тоҷик будан чизе дигар

Таҳлили хабарӣ

Тоҷикистонӣ будан як чиз аст ва тоҷик будан чизе дигар

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Масъалае, ки дар бораи он мехоҳам бинависам, масъалаи бисёр хатарноки нажодпарастӣ аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон ва дар миёни тоҷикҳо бисёр реша давонида, ҳарчанд ки аз ба кор бурдани номи нажопарастӣ парҳез мекунанд, онро миллатгароӣ медонанд, вале дар воқеъ ва дар ҳақиқат ин падидае, ки алъон миёни тоҷикҳо вуҷуд дорад, кучактарин тафовут ва фарқе бо нажодпарастӣ ва нозигарӣ надорад; ҳамон чизе, ки Ҳитлер ба он мӯътақид буд ва нозиҳо ба он шиор миллионҳо инсони бегуноҳро куштанд. Инро ҳам арз кунам, ки ин навъ миллатгароӣ, бо падидаи шуми маҳалгароӣ низ кучактарин фарқ надорад, ҳар ду дар моҳият ва ҳақиқат як ҳастанд.

Хуб, муҳимтарин нишонаи ин падида (ҳоло, исмашро ҳар чи гузоред; нажодпарастӣ, маҳалгароӣ, миллатпарастӣ ва аз ин қабил, зеро муҳим, моҳият ва ҳақиқати он аст, на унвонаш) ин аст, ки соҳибаш, ба нажод ва миллият ва қавмияти худ ранги идеулужӣ дода бошад, барои он навъе қадосат қоил бошад, онро меъёри “худӣ” ва “ғайри худӣ” бидонад, шояд худаш мутаваҷҷеҳ нест, вале дар воқеъ чунон гардида бошад.

Ин ки шумо мебинед, имрӯза бисёре аз тоҷикҳо, дар чеҳраи турк масалан, як душманро мебинанд, ӯро дидан наметавонанд, гумон мекунанд турк (ӯзбак масалан) дар садади нобудии ӯст, инҳо ҳама ношӣ аз ин тарзи тафаккур аст. Ӯ ҳатто ба таърих бо айнаки турку тоҷик нигоҳ мекунад, ӯ фикр мекунад, дар тӯли таърих, туркҳо барои нобудии тоҷикҳо (ва ё форсҳо масалан) камари ҳиммат бастаанд ва ин душманӣ то ба имрӯз идома дорад. Албатта, шояд як турк (ӯзбак, қирғиз, қазоқ, тотор ва ғайра) низ дорои якчунин биниш буда ва ба ин идеулужӣ олуда бошад, бале, аммо ин далел намешавад, ки мо низ (бо гумони ҳифзи ҳувияти худ) мисли ӯ дорои якчунин ақидаи хатарноке бошем. Асосан, пантуркизм, панэронизм, панарабизм ва ин заҳри морҳо, реша дар ҳамин тарзи тафаккури хатарнок доранд, ки умрашон 150 то 200 сол беш нест ва решаи он, Урупост.

Ҳатман хоҳед гуфт, ки баръакс, он чи ман мегӯям, навъе тасоҳул ва саҳлангорӣ аст, ки тоҷикро нобуд сохта. Ҷавоб ин аст, на ва сад албатта ки на. Ҳифзи ҳувият, ба ин ақидаи хатарнок нест. Яъне қарор нест шумо барои ҳифзи ҳувияти худ, нажодпараст ва нозӣ шавед. Зеро нажодпарастӣ ва нозигарӣ дофеъа аст, на ҷозиба. Бо ҷозиба аст, ки ҳувияти шумо, забони шумо ва фарҳанги шумо ҳифз мешавад, на бо дофеъа. Шумо бо нажодпарастӣ, дигаронро аз худ дафъ кардаед, рондаед ва ба душмани худ табдил кардаед, ки ба тадриҷ мунҷар ба нобудии худи шумо ва ҳувияти шумо хоҳад шуд.

Ҳоло мисол бизанам. Дар тӯли таърих, забони мо ва фарҳанги мо ҷозиба дошта, на дофеъа. Ва ба ҳамин хотир аст, ки ҳар ки ба мо ҳамла карда ва сарзамини моро тасарруф намуда, ӯ дар мо ҳазм шуда, на мо дар ӯ. Мақдуниҳо вақте ба мо ҳамла карданд, мардуми мо ҳаргиз мақдунӣ нашуданд, аммо мақдуниҳо ва юнониҳо дар мо ҳазм шуданд ва эронӣ гаштанд. Арабҳо вақте ба мо ҳамла карданд, мардуми мо ҳаргиз мисли қибтиҳо ва ё финиқиҳо араб нашуданд, форс монданд ва балки ин аъроб буданд, ки эронӣ гаштанд. Муғулҳо вақте ба мо ҳамла ва бар сарзамини мо тасаллут ёфтанд, мо ҳаргиз муғул нашудем, балки ин муғул буданд, ки эронӣ гаштанд ва дар фарҳангу забони мо ҳазм гардиданд ва аз ҳама муҳим, онҳо аз тарвиҷкунандагони забону фарҳанги мо дар дунё гаштанд. Хадамоте, ки темуриҳо барои забон ва фарҳанги мо хусусан дар Ҳинд аз худ нишон додаанд – ва қабл аз онҳо, ғазнавиҳо – худи мо ба он андоза заҳмат накашидаем.

Ва сирраш дар ин аст, ки забони мо ва фарҳанги ғании мо ҷозиба дорад, ба худаш ҷазб мекунад, на ин ки дафъ кунад ва бигӯяд, ту туркӣ ва бо ман душман. Ҳаргиз! Шумо бибинед, Салҷуқиҳо, ки дар сарзамини мо садҳо сол ҳукмронӣ кардаанд, онҳо турканд, аммо худашонро эронӣ медонистанд ва забонашонро форсӣ ва ба он ифтихор мекарданд. Ғазнавиҳо низ чунин буданд. Темуриҳо низ чунонки гуфтам чунин буданд. Сафавиҳо ва қоҷориҳо дар Эрон ва хонадони манғит дар Бухоро низ турк буданд, вале худро эронӣ ва забони худро форсӣ медонистанд. Оё медонед, дар байни туркҳо мо чӣ қадр шуъарои форсизабони забардасте дорем? Масалан Бедил ва ё Зебуннисо турк буданд? Аммо оё ҳеч форсизабони асилеро суроғ доред, ки ба туркӣ шеър суруда ва ба он болида бошад? Ман, ки суроғ надорам.

Хулоса, нажодгароӣ ва ин ки фалон одам, ки дар Эрон масалан раиси ҷумҳур шуда турк аст ва ин хатарнок аст, инҳо дуруст нестанд.

Дар Тоҷикистони худамон низ ба ғайр аз тоҷикҳо, туркҳо, ки ҳамон ӯзбакҳо ва қарлуқҳо ва манғитҳо ва лаққайҳо бошанд зиндагӣ мекунанд, мо набояд коре кунем, ки онҳоро бо ин гуна тафаккуроти нажодгароёнаи хатарноки худ биронем, ин кор дуруст нест.

Шумо агар дағдағаи ҳувият ва забон доред, дағдаға ва ин ҳассосиятҳои шумо аввал барои хатти форсӣ бошад, на шиорҳои пуч ва тухолии ориёӣ ва аз ин қабил чизҳо, ки мутаассифона дар 30 соли ахир ин тарзи тафаккур дар кишвари мо бисёр шуда ва реша давонида, ки оқибати хубе надорад.

Бибинед, мо лоақал аз кишварҳои урупоӣ дар ҳамин асри худ ёд бигирем. Дар Ангилис масалан Риши Суноки ҳиндӣ ба унвони нахуствазир дар ин кишвар интихоб мешавад ва ё Содиқхон шаҳрдори Ландан мегардад. Агар ба ҷойи ангилисиҳо тоҷикҳои имрӯз буданд, ба фикри шумо чӣ кор мекарданд?! Дунёро чаппа мекарданд, ки як ҳиндӣ ё покистонӣ раиси мо шуда ва Бритониё дигар тамом шудааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикматнома
Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Пизишкиён

Матолиби пурбоздид