Тромп эълом кардааст, омодааст бо Раҳбари Эрон ё Пизишкиён дидор кунад
Байналмилал
Тромп: Омодаи дидор бо раҳбари Эрон ё Пизишкиён ҳастам
Раиси ҷумҳури Омрико дар мусоҳибае гуфт, ки бовар дорад тавофуқ миёни Омрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон имкон дорад ва Вошингтун бо Теҳрон ба тавофуқ хоҳанд расид.
Ба гузориши Reuters, Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфт: “Фикр мекунам, ки бо Эрон ба тавофуқ хоҳем расид” ва афзуд, ки “ҳеч кас ба ҷуз ман наметавонист ин корро анҷом диҳад.”
Дар мусоҳибаи худ бо маҷаллаи Time ба муносибати 100-умин рӯзи оғози риёсати ҷумҳуриаш, Тромп дар посух ба ин пурсиш, ки оё барои дидор бо Масъуд Пизишкиён ё раҳбари Эрон омодагӣ ва тамоюл дорад, гуфт: “Ҳатман!”
Раисиҷумҳури Омрико ҳамчунин ин иддаъоро, ки монеъ аз иқдоми низомии Исроил алайҳи таъсисоти атомии Эрон шуда такзиб кард ва гуфт: “Ман ҷилавашонро нагирифтам, балки аз тасҳили шароит худдорӣ кардам, чун бовар дорем, метавонем тавофуқ кунем, умедворам, ки битавонем.”
Ӯ дар посух ба ин пурсиш, ки оё мумкин аст Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил пойи Омрикоро ба ҷанг бо Эрон боз кунад, гуфт: “Ҳатто агар Исроил бо Эрон вориди ҷанг шавад, Иёлоти Муттаҳида ба ин ҷанг кашида нахоҳад шуд.”
Тромп сипас тасреҳ кард, ки манзураш аз адами кашида шудан ба ҷанг, даргирии нохоста ва бидуни тамоюл аст. Ӯ гуфт: “Ба ҷанг кашида намешавем, аммо агар тавофуқ ҳосил нашавад, мумкин аст комилан муштоқона вориди ҷанг шавем ва раҳбарии гурӯҳро бар ӯҳда хоҳам дошт.”
Қаламонлайн