Устондори ҷадиди Димишқ: “Сурияи ҷадид мушкиле бо Исроил надорад”
Ахбори байналмилал
NPR – Радиои Миллии Омрико
Моҳир Марвон, устондори ҷадиди Димишқ ва аз афроди вобаста ба Таҳрири Шом, эълом кард, ки Сурияи ҷадид бо Исроил мушкиле надорад.
Вай, дар гуфтугӯ бо Радиои Миллии Омрико (NPR), иллати ҳамалот ва иқдомоти Исроил алайҳи Сурияро табиӣ донист ва гуфт: “Тарси аввалияи Исроил қобили дарк ва табиӣ буд. Мумкин аст, ки Исроил дар он замон эҳсоси ноамнӣ карда бошад ва ба ҳамин далел иқдомоте монанди пешравӣ ва ҳамалоти ҳавоиро анҷом дод.”
Устондори Димишқ афзуд, ки Димишқ эҳсоси тарсе аз Исроил надорад ва мушкиле бо он надорад.
Вай гуфт: “Мо коре, ки амнияти Исроилро ба хатар андозад анҷом намедиҳем. Ин баргирифта аз сиёсати давлати ҷадид аст.”
Устондори Димишқ бо баёни ин ки авлавияти ҷадид ин сулҳу субот дар минтақа аст гуфт: “Мардуми Сурия сулҳталаб ҳастанд ва ба дунболи даргирӣ нестанд.”
(npr.org)
Қаламонлайн